wrapper

Фарорасии Наврӯзи бостониро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муборакбод мегӯем ва дуогӯем, то аз файзи субҳониву фазли осмонӣ ободонӣ ба осониву давлат ба арзонӣ ҳамеша насибамон бошаду аз ҷавру зулмониву дарди парешонӣ ҳамвора дар амон бошем!

Ин иди бостонии аҷдодиамон ҷузъе аз суннатҳои писандидаи ориёии мо аст, ки баъд аз соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ва бо талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллати азизамон бо суннани халқиятҳои дигари ҳамзабону ҳамсояамон омезиш ёфта, ба таври расмӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳарчанд тамоми расму оинҳое, ки дар кишварҳои дигар ба муносибати Наврӯзи бостонӣ иҷро мешаванд, ба муҳити он сарзаминҳо мутобиқ шуда, аз ҳам ба зоҳир мутафовитанд, аммо бо диққати андаке ба осонӣ метавон дарёфт, ки решаи воҳиде доранд ва аз оби зулоли чашмаҳои маънавии қаламрави мо маншаъ гирифтаанд.

Ҷашне аст, ки табиат ҷон мегирад ва ҳар чизе, ки соҳибравон шуд, овозу садову лаҳну нидо нишонае аз зинда будани онро ифода мекунад. Ҳатто сармо бо лашкари барфу яхаш овози ҷонканӣ медиҳад. Ҳар шарру бадӣ низ бо охирин садои рахти сафар ҷойи худро ба лаҳни форами шаршари об медиҳад. Агар касе гӯши ризо бар гуфтугӯи табиат ниҳад, ҳатто овози садои сабзаи навазхоксарбаровардаро мешунаваду ҳаловат мебарад. Садои амвоҷи хуршеду мавҷҳои обҳои дара оҳанги якхела доранд. Ин оҳангҳо паёми бо ҳам будани табиат ва моро даъват барои ҳамроҳ шудан ба ин паёмҳо мекунанд. Ҳатто мавҷи палидиҳоро, ки ҷорӯб мерӯбад, садои покмеҳрии ӯро барои покии сирату сурат баён мекунад. Чун ҷорӯб пӯсидабаргҳои поринро рӯбучин мекунад, инсон ҳам бо лаҳни мулоиму мудоро тухми кинаву нафратро аз дилҳо мерӯбаду донаи ҳамдиливу ягонагиро ба дилҳои рафиқу рақиб бо саломи муҳаббат мекорад.

Шамолаки субҳгоҳии баҳорӣ аҷаб овози фараҳбахш дорад. Ба лаҳни дилписанде сабзаҳои навхестаро навозиш медиҳаду дар қолаби дилафсурда ҷони тоза медамад. Вақте ин насими форами субҳгоҳӣ мӯйҳои парешони навҷавонони аз ишқ ёфта огоҳиро сила медиҳад, гӯё ҳар як тори мӯяшон гӯши рашад гашта, аз садои хушоянду хушоҳанги он ёриву мадад талаб доранд.

Садои чаҳчаҳи парандагон дилҳоро масруру дидагонро пурнур мегардонад. Ҳамовозӣ бо мурғи саҳар сароғози ҳаёти наврӯзии мост. Садову овоз оғозгоҳи ҳама чизи зинда, нишоне аз эҳё и табиату қавли Шайх Саъдиро ба ёд меоварад, ки гуфта: Барнаояд зи куштагон овоз.      

Рафту омад ба хонаи ҳамдигар бо салому дуруду суруд ва парваридани ниҳоли дӯстиву муҳаббат ва дурудани решаи кину адоват ҳамовоз шудан бо ҷаҳони башарият аст ва садои инсониву қудрати осмонии моро баёнгар мебошад. Чун кинаву кудурати ҳамдигарро бахшида ба забон тасдиқ намудем, дилу димоғамон баҳорон шуда, шукуфаҳои муҳаббату якдиливу якрангӣ дар он мешукуфад ва моро барои сарбаланд зистан омода месозад. Ҳатто сангу хок аз феъли мо ранг мегиранду сифат. “Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо, Сӯи мо ояд нидоҳоро садо”, - мегӯяд Мавлонои Рум.

Наврӯз ҷашни овозу садо, лаҳну нидо аст. Биёед, ба як овоз дуо бикунем, то аз баракати наврӯзӣ ҳолу аҳволи мо ба некутарин ҳолҳо тағйир биёбаду дар ин фазои беҷангу муҳити хушранг аз саодати Истиқлолу шарофати висол ҳамтангу ҳамоҳанг бимонем.

Ва боз ҳақ Шайх Саъдирост:

Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳалаб аст.