ХОЛИҚОВ ШОДОБ ХӮҶАМҚУЛОВИЧ, докторанти (PhD) Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони саодатманди кишвари азизамон бо шукргузорӣ ва ифтихори ватандорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, забон ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош варзида истодаанд. “Ҷавонон – идомадиҳандаи мероси бузургон ва созандагони Ватан” мебошанд. Барои ҷавонон беҳтарин шароит барои таҳсил ва зиндагии осуда муҳайё буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат сазовор гашта, баҳри гул - гулшукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузоранд. Дар Паёми солонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз нақши ҷавонон, нақши бузургу назаррасашон дар муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон ва дастгирии онҳо сухан гуфта, Тоҷикистонро кишвари ҷавонон номиданд. Ҳамчунин, Пешвои ҷавонпарвари миллат дар Паём изҳор доштанд, ки: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.” Воқеан, ҳам қабули ин ду барномаи муҳим саривақтӣ буда, чун дигар иқдомоти наҷибу беназири Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва дар руҳияи ватанпарастиву меҳандӯстӣ ва худшиносию худогоҳи тарбия намудани ин қишри ояндасози миллат нақши бузург мегузорад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун қишри муҳиму тақдирсози ҷомеа, зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Тули 31-соли соҳибистиқлолӣ ҷавонон чун қишри ояндасози ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эътироф гардида, барои дастгирии ин насли ташаббускору ояндасоз даҳҳо ибтикороту корҳои беназир ба анҷом расиданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон изҳор доштанд, ки: “Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр кардаанд, ки: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.” Ҷавонони ҳар кишвар сармоя ва муҳимтарин нерӯи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерӯ ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуқтаро таъкид намуданд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд. Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад. Боиси хушнуди ва сарфарозтст, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумуди ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми ҳаррӯзаи худро мегузоранд. Имрӯзҳо ҷавонон дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият бурда, 70 фоизи аҳолии кишвари офтобии моро ташкил медиҳанд ва ҳамчун муҳаррики асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият маҳсуб меёбанд. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Имрӯз мо дар тамоми соҳаҳои фаъолияти халқ ҷавонони саодатмандро мебинем, ки бо шукургузорӣ аз фазои тинҷу амни кишвар кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватани азизамон мегузорад. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳамулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Ин бовариву эътимоди бузурги Пешвои миллат мо, ҷавононро вазифадор месозад, ки бо масъулияти баланд барои давлати хеш содиқонаву самимона хизмат намоем. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯсти тоҷик ҳар сатри суханронии Сарвари давлатро шиори рӯзмарраи хеш интихоб карда, бо омӯхтани донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъола дар ҳаёти рӯзмарраи кишвар саҳми босазои хешро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузорад. Бинобар ин, мо, ҷавонон бояд ба ин эътимоди бузурги Пешвои муаззами миллат сазовор буда, инро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки барои устувории сутунҳои барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва пос доштани арзишҳои миллии ниёгонамон масъулияти бузургеро бар зимма дорем. Аз ин хотир, бояд барои сазовор будан ба ин ҳама бовариву дастгириҳои беназири Ҳукумати кишвар содиқонаву самимона хизмат карда, муаррифгари Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ бошем. Мо ҷавонон ба Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки ҳар зарра хок, ҳар қатра об ва ҳар санги онро муқаддас дошта, барои баланд бардоштани номаш содиқона хизмат менамоем.