“Тоҷикистон, ки бо сабаби мавҷеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манифиатҳои геополитикии неруҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро думбол намояд”
Эмомалӣ Раҳмон
Бо пешрафти илму техналогия, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон ру ба беҳбудӣ мениҳад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ҷадид, ки ба самти рушд равона мегарданд ва дар ин замина истеҳсолу гардиши молу маҳсулоти гуногун, азхудкунии донишҳои наву замонавӣ, омӯзиши босуръати ҳаёт дар коинот ва дигар самтҳои пешрафт ба беҳтар гардидани зиндагӣ дар сайёра мегардад. Вале дар баробар ин олимону коршиносони ҷаҳон паёмадҳои номусоиде, ки барои ҳаёти инсон хатари ҷиддӣ эҷод хоҳанд намуд ва он ба нестшавии инсон дар руйи замин оварда мерасонанд, ҳушдор додаанд. Ин ҳам бошад аз меёр зиёд истифода бурдани захираҳои табии ё худ “омили инсонӣ” мебошад. Бо таъғирёбии иқлим ва дигар омилҳои таъсиррасони манфие, ки одамони сайёра ба таври динамикӣ ба сайёра расонида истодаанд, солш то сол захираҳи обӣ дар ҷаҳон кам гардида ба проблемаи глобалии ҷаҳонии норасоии об оварда мерасонад.
Феълан мушкилоти инсоният дар ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ба назар расида, тибқи маълумоти олимону коршиносон зиёда аз 3 миллиард сокинони сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ кашида, ин нишондод то соли 2025 ба 4 миллиард одам дар курраи замин мерасад. Мушкилоти норасоӣ ва тақсимоти нодурусти оби сайёраро тамоми кишварҳои ҷаҳон эҳсос менамоянд ва барои ҳалли он чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар ин самт ҷониби Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳли башарро ба самаранок ва ҳифзи обу пиряхҳо даъват намуд. Ин аст, ки ҳанӯз аз оғози асри XXI вобаста ба масъалаи об дар сатҳи байналмиллалӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси саривақтиву инсондӯстона намуда, эълон кардани оби тозаву ҳамкорӣ дар соҳаи об, об барои рушди устувору ҳифзи пиряхҳоро ба ҷаҳониён бо далелҳои раднопазир ва таҳлилҳои олимона пешниҳод намуда, иқдомоти Роҳбарияти олии мамлакатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси далел ва мушоҳидаҳову таҳқиқоти амиқи илмӣ аз минбари баланди созмони бонуфузи ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид садо дода, дар доираи ин пешниҳодҳо дар 20 соли охир 8 катънома қабул гардидаанд, ки ба пешгирӣ намудани мушкилоти норасоии оби тоза нигаронида шудаанд. Хушбахтона бо ин иқдоми созанда Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обӣ тавассути ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт мебинад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи захираҳои бузурги обиро бо назардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва дар асоси пояи накуҳамсоягӣ, эҳтиром ба манфиатҳои мутақобила ва дар доираи муколама ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ба роҳ монда, ҳамчун кишвари болооб ва минтақаи ташаккулёбандаи об ба ҳеҷ ваҷҳ барои таъмини кишварҳои поёноб бо оби ошомиданиву полезӣ монеа эҷод нахоҳад кард. Ҳамин тариқ ҷониби Тоҷикистон пайваста ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ ва дипломатияи об бо кишварҳои ҷаҳон ва ҳифзи обу пиряхҳо ташаббусҳои бузургро роҳандозӣ намуда, эълон гардидани “Соли 2003, соли байналмиллалии Оби тоза”, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои ҳаёт солҳои 2005-2015”, “Ҳамкориҳо дар соҳаи об 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”” ва Эълон намудани соли 2025 “Соли байналмиллалии пиряхҳо” дар ин самт мисол шуда метавонанд. Мақсад аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об ин пеш аз ҳама бақои инсон дар руйи замин ва ҳифзи солимии мавҷудоти зинда маҳсуб меёбад. Дар ин замина ҷиҳати рушди устувори тамоми соҳаҳо, ки бе ҳамкорӣ ва дипломатияи об ғайриимкон аст ба таври назаррас бояд тақвият дода шавад. Зеро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини нақши созанда дар масъалаи марбут ба об дар минтақа ва сатҳи байналмиллалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиати миллӣ ва ҳам байналмиллалӣ созгор бошад.
Маҳз Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар принсипҳои асосӣ ва ҳадафу вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар манфиатҳои миллиро боло гузошта, дипломатия дар соҳаи обро яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ марбут ба обро ба танзим медарорад.
Бояд тазаккур дод, ки тақсимоти захираҳои обӣ дар байни давлатҳо сол то сол мушкил гардида, дар ин замина муноқишаҳо низ рух дода истодаанд. Дар дигар ҳолатҳо дарёҳову кулҳо ва дигар манбаҳои об, ки дар ҳудуди кишварҳои ҷаҳон воқеъ ҳастанд ва дар тақсимоти об ҳамеша нофаҳмиҳо рух медиҳанд ба боз ҳам бадтар шудани муносибатҳо оварда расонида истодааст. Барои ҳалли масъалаи марбут ба об ва пешгирӣ намудани паёмадҳои нохуш дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Женейраи давлати Бразилия дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, суханронӣ намуда, пешниҳод доштанд, ки “Соли 2013 – ҳамчун соли дипломатияи об” эълон карда шавад. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро “Соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари дунё дастгирӣ ёфт.
Албатта ташаббус ва пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим дар асоси таҳқиқоти бисёрсола ва омӯзишу пажуҳиши илмӣ рӯи кор омада, он барои ҳифзи ҳаёти инсон нақши бориз доранд. Ҳамзамон Пешвои миллат ташаббуси панҷуми худро, дар бораи эълон намудани соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуда, он 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид ва дар ин доира ҳамасола аз соли 2025 сар карда дар миқёси олам 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” таҷлил мегардад.
Тибқи маълумот ва ҳисоби олимону коршиносон пиряхҳо 1,86 % маҷмуи обҳои замин ва ҳамзамон обҳо дар гидросфера асосан дар шакли сахтӣ (пиряхҳо ва барф) 2% - ро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки пиряхҳо 90 дар сади оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҳолати ногувори таъғирёбии иқлимро ба инобат гирифта, Президенти кишварамон тамоми кушишу ғайрати хешро баҳри ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон марбут ба обро сафарбар намуд. Муҳимияти масъаларо ба назар гирифта, аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ҳушдор дод, ки раванди обшавии босуръати пиряхҳо ва беаҳмияти зоҳир намудан нисбат ба ин проблема метавонад дар оянда даҳшатбор барои инсоният гардад. Ин аст, ки таҳқиқоти пурраи пиряхҳо ва истифодаи самараноки оби онҳо аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ бояду шояд амалӣ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об чандин ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз қабили Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов”, стратегияҳо ва барномаҳои давлативу соҳавиро таҳия ва қабул намуда, амалишавии лоҳияҳои ҷадидро бо назардошти беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва истеҳсоли “энергияи сабз”-ро бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ ва ҳарҷи маблағҳои бюҷетиву сармояи хориҷӣ ба роҳ монда дар ин раванд заминаи мусоид барои ҳамкорӣ ё дипломатияи обро бо кишварҳои ҷаҳон гузошт.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23.12.2022) бори дигар аз ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи марбут ба об, бахусус эълон кардани соли 2025 “Соли байналмиллалии пиряхҳо” ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки мутобиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад. Ин ташаббуси муҳиму таърихӣ дар доираи ҳамкориҳо ва дипломатияи об метавонад ба рушди устувори тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшад ва аз ҳама муҳим барои нигоҳ доштани ҳаёт дар руйи замин мусоидат менамояд.
НАЗИРА АМИРБЕКЗОДА - муовини сардори раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон