Институт
- Панҷшанбе, 05 Март 2026
Модар - пояи давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ахлоқи ҷомеа
Модар - пояи давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ахлоқи ҷомеа
Модар азизтарин гавҳари ҳастии инсон ва муқаддастарин неъмати рӯзгор, чашмаи меҳру шафқат ва мактаби нахустини тарбия аст. Чунон ки давлат бо қонун ва тадбири хирадмандона устувор гардад, ҷомеа низ бо тарбияи модар солим ва обод шавад. Дар оғӯши меҳрубони ӯ на танҳо кӯдак, балки инсони оянда, шаҳрванди масъул ва бунёдгари сарнавишти миллат ба камол мерасад. Пас метавон гуфт, ки модар меъмори ҳақиқии шахсият ва устоди аввалини зиндагист.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём мақоми модар баланд ва гиромӣ буд. Эҳтироми модар нишонаи камоли фарҳанг ва шарафи миллат аст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста аз ҷойгоҳи волои зану модар ёд мекунанд ва мефармоянд, ки модар чароғи хонадон ва тарбиятгари насли инсон аст. Ин суханони пурмаънӣ баёнгари онанд, ки рисолати модар танҳо ба доираи хонадон маҳдуд намешавад, балки ба тақдири ҷомеа ва сарнавишти миллат пайванд дорад.
Пешвои миллат дар мулоқотҳои худ ба муносибати Рӯзи Модар борҳо таъкид намудаанд, ки тарбияи дурусти фарзандон пояи устувории давлат аст. Агар модар фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ ба камол расонад, дар ҳақиқат барои фардои миллат хишти устувор мегузорад. Чунон ки тадбири оқилона давлатро барқарор дорад, тарбияи хирадмандонаи модар ҷомеаро солим ва пойдор месозад.
Модарро метавон ба конститутсияи зиндаи зиндагӣ ташбеҳ дод. Қонунҳои аввалини инсондӯстӣ, адолат ва эҳтиромро инсон нахуст аз ӯ меомӯзад. Пешвои миллат низ таъкид менамоянд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги ҷомеа ба дараҷаи маърифати занону модарон вобаста аст. Агар модар босавод ва хирадманд бошад, ҷомеа низ ба роҳи пешрафт хоҳад рафт. Аз ҳамин ҷост, ки дар сиёсати давлат ба баланд бардоштани мақоми занон ва дастгирии онҳо аҳамияти вижа дода мешавад.
Модар мисли парчами ваҳдат аст. Чунон ки парчам рамзи истиқлол ва сарҷамъии миллат аст, модар рамзи гармии хонадон ва ҳамбастагии оила мебошад. Агар дар оила меҳру муҳаббат ва эҳтиром ҳукмфармо гардад, ҷомеа низ устувор ва пойдор хоҳад шуд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки оилаи солим асоси ҷомеаи солим аст ва пояи ин оила модари меҳрубон ва доно мебошад.
Дар рӯзҳои сахт модар паноҳгоҳи фарзанд ва тасаллобахши дилҳо мебошад. Вақте зиндагӣ имтиҳонҳои душвор пеш меорад, сухани нарми модар мисли насими субҳ дилҳоро ором месозад. Ҳамон гуна ки Тоҷикистон бо талошҳои Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат расид, дар ҳар хонадон низ модар бо сабру таҳаммул сулҳу оромиро нигоҳ медорад ва бо меҳру муҳаббат дилҳоро ба ҳам наздик месозад.
Эҳтироми зану модар нишонаи фарҳанги баланд аст. Миллате, ки занро гиромӣ медорад, ояндаи дурахшон хоҳад дошт. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа бояд на танҳо дар гуфтор, балки дар амал ба модар эҳтиром намояд. Ғамхорӣ ба модар, итоати фарзандона ва рафтори нек беҳтарин изҳори сипос ба заҳмати ӯст.
Агар давлат барои рушди иқтисод ва фарҳанг барномаҳо тарҳрезӣ кунад, модар низ барои парвариши фарзанд ормонҳо дорад. Ӯ мехоҳад, ки фарзандаш донишманд, ватандӯст ва инсони комил гардад. Ҳар дастоварди фарзанд самараи меҳнати модар аст ва ҳар пешрафти ҷомеа натиҷаи заҳмати занону модарон мебошад.
Пас метавон гуфт, ки модар на танҳо чароғи равшанбахши хонадон, балки пояи устувори давлатдории миллӣ ва сарчашмаи поки ахлоқи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, гиромидошти зану модар барои ҳар фарди ҷомеа қарзест муқаддас ва рисолате инсонӣ. Сазовор он аст, ки ҳар кас модари худро бо эҳтирому ихлос ёд кунад, сухани пурҳикмати ӯро пос дорад ва бо рафтори нек номи ӯро сарбаланд гардонад. Зеро модар пояи давлати дилҳо ва меъмори ормони фардои миллат аст.
Дар фарҷоми сухан таманно мекунем, ки ҳамаи модарони ҷаҳон ҳамеша саломат, сарбаланд ва хушбахт бошанд. Худованд умри онҳоро дароз, қалбашонро пур аз меҳру оромӣ гардонад ва хонадонҳоро бо нури дуои онҳо равшан нигоҳ дорад. Зеро ҳар ҷо ки модар ҳаст, он ҷо баракат, муҳаббат ва умеди фардои нек ҳукмфармост.
Идатон муборак!
Садоншоев Тоҳир М. - нозири калони кадрҳои
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассал ...
- Чоршанбе, 04 Март 2026
РУНАМОИИ ЛОИҲАИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
РУНАМОИИ ЛОИҲАИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4 марти соли 2026 рунамоии лоиҳаи панҷсолаи Шуъбаи фолклор ва адабиёт таҳти унвони «Пайдоиш, таҳаввул ва ташаккули фолклор ва адабиёти кӯдакона (дар мисоли фолклор ва адабиёти Бадахшон)» баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму созандаи илмӣ ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои гуногуни давлатӣ, олимону пажӯҳишгарон ва коршиносони соҳа доир шуд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни Институт намоиши китобҳо ва осори илмии муҳаққиқони муассиса ташкил гардид. Меҳмонон пас аз тамошои намоиш аз утоқи Шурои дифоъ ва ҳамчунин аз фонди дастхатҳо, ки чанде пеш пурра таъмиру таҷдид гардидааст, боздид намуданд. Иштирокчиён бо ганҷинаи арзишманди дастхатҳои чандинсола ва дастовардҳои илмии кормандони Институт аз наздик ошно шуда, ба фаъолияти илмию таҳқиқотии муассиса баҳои баланд доданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ директори Институт, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар сухани ифтитоҳӣ ироа намуда, дар бораи аҳаммияти илмию фарҳангии лоиҳа ва нақши он дар рушди таҳқиқоти фолклоршиносӣ ва адабиёти кӯдакона изҳори назар карданд. Зикр гардид, ки омӯзиши мероси фолклорӣ ва адабии марбут ба кӯдакон на танҳо барои таҳқиқоти илмӣ, балки барои тарбияи маънавӣ ва фарҳангии насли наврас низ аҳаммияти хос дорад.
Ҳамзамон, Қаландариён Ҳоким Сафар дар суханронии худ ба ҷанбаҳои равонӣ ва маънавии тарбияи насли навраси ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати ҷаҳони имрӯз масъалаи тарбияи кӯдакону наврасон аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, парвариши насли солимандешу худшинос бояд бар пояи арзишҳо ва хусусиятҳои миллии фарҳангӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо такя ба мероси гаронбаҳои фолклорӣ ва адабии халқ, инчунин бо истифода аз равишу моделҳои нави илмӣ ва педагогӣ, усулҳои муассири тарбияи насли наврас таҳия ва дар амал татбиқ карда шаванд.
Сипас, роҳбари лоиҳа, доктори илмҳои филология В. Д. Охониёзов зимни маърузаи худ ҳадаф ва вазифаҳои асосии лоиҳаро муфассал шарҳ доданд. Ӯ таъкид намуданд, ки мақсади меҳварии ин ташаббус анҷом додани пажӯҳиши фарогири фолклор ва адабиёти кӯдакона мебошад, ки миёни кӯдакону наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷ аст. Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа, ҷамъоварӣ, таҳлил ва муаррифии чунин мавод метавонад барои таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ба муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Истифодаи ҳадафмандонаи намунаҳои беҳтарини фолклор ва адабиёти кӯдакона метавонад дар таҳкими худшиносии миллӣ, парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва рушди маънавии кӯдакону наврасон саҳми назаррас гузорад.
Дар идома роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои ҳамкор андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Пешниҳоду таъкидҳои онҳо бештар ба он равона буданд, ки татбиқи чунин лоиҳа метавонад дар тарбияи насли наврас, рушди барвақтии кӯдакон ва ғанӣ гардонидани муҳтавои маърифатии онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварад. Зикр гардид, ки истифодаи намунаҳои беҳтарини фолклор ва адабиёти кӯдакона дар муҳити таълимӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва расонаӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакону наврасон аҳаммияти калон дорад. Ҳамаи муассисаҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои зич, ҳамоҳангсозии фаъолият ва дастгирии амалии марҳилаҳои татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш байни Институт ва як қатор муассисаҳои давлатӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла, чунин шартномаҳо бо Раёсати маориф ва илми назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ, Идораи радио ва телевизиони ВМКБ, рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва Раёсати фарҳанги МИҲД-и ВМКБ баста шуданд.
Ҳамзамон, ба ин муассисаҳо аз ҷониби Институт сипосномаҳо ҳамчун нишонаи қадрдонӣ барои ҳамкориҳои пайваста ва саҳмашон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақдим гардид. Ин иқдом барои таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои таҳқиқ, муаррифӣ ва тарғиби фолклор ва адабиёти кӯдаконаи Бадахшон фароҳам месозад.
Чорабинӣ дар фазои созандаи илмӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи рушди таҳқиқоти фолклор ва адабиёти кӯдакона арзёбӣ гардид.
Муфассал ...
- Шанбе, 21 Феврал 2026
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва гиромидошти хизматҳои шоистаи забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва гиромидошти хизматҳои шоистаи забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конференсия таҳкими ҳамзистии созандаи забонҳои модарӣ ва забони давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина бахшидани он ба хотираи профессор Маҳрам Файзов рамзист. Маҳз таҳқиқоти бунёдии ин олими забардаст дар омӯзиши забонњои забонҳои шарқи эронӣ ва сохтори овозии забони тоҷикӣ заминаи илмиеро фароҳам овардааст, ки имрӯз мо ин ду мероси фарҳангиро дар пайвастагии ногусастанӣ баррасӣ мекунем. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки маҳз бо такя ба чунин дастовардҳои илмӣ забонҳои маҳаллӣ ҳамчун ганҷинаи бебаҳои таърихӣ ва забони тоҷикӣ чун меҳвари иттиҳоди ҳувияти миллӣ дар низоми давлатдории сокинони Кӯҳистони Бадахшон нақши калидӣ мебозанд. Кори конференсия дар ду бахш — пленарӣ ва мавзуӣ идома ёфт.
Бахши пленарии конференсия бо сухани ифтитоњї ва табрикотии директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардид. Доктор Каландариён Њоким Сафар зимни баромади хеш ба масъалаи ҳифзи ҳувияти забонӣ ва ҷойгоҳи забони модарӣ дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони барҷаста ва гиромидошти хотираи бузургони илм дар Институт ба як анъанаи нек ва иқдоми ҳамешагӣ табдил ёфтааст, зеро шинохти мактабҳои илмии гузашта заминаи асосии рушди илми имрӯз маҳсуб меёбад.
Дар бахши пленарии конференсия маърузаҳои зерини илмӣ шунида шуданд, ки заминаи баҳсҳои минбаъдаро фароҳам оварданд: «Забони модарӣ ва масоили мубрами забоншиносии муосир» — д.и.ф. Матробиён С.Қ.; «Ҳамзистии забонҳои маҳаллӣ дар низоми ҳувияти миллӣ» — н.и.ф. Назаршоева Ч.Р.; «Осори Маҳрам Файзов ва рушди забоншиносии миллӣ» — д.и.ф. Аламшоев М.М.; «Масъалаҳои орфоэпияи забони тоҷикӣ дар тадқиқоти М. Файзов» — д.и.ф. Офаридаев Н.; «Маҳрам Файзов – олими варзидаи забоншинос» — н.и.ф. Насрадиншоев А.
Кори конференсия дар бахши мавзуӣ идома ёфта, муҳаққиқон тариқи онлайн ва ҳузурӣ паҳлӯҳои гуногуни забоншиносии муосир ва методологияи таҳқиқро баррасӣ карданд: «Корпусные и онлайн лексикографические методы при изучении малых языков» — н.и.ф. Некушоева Ш.С.; «Научный журнал как инструмент развития и закрепления терминологии» — Ризвоншоева Н.Н.; «Табу ва эвфемизмҳо дар забони шуғнонӣ» — н.и.ф. Броимшоева М.Қ.; «Таҳлили лексикӣ-семантикии ороишоти занона дар забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ» — н.и.ф. Ғуломалиева Р.
Дар идомаи ҳамоиш қисмати хотираву ёддоштҳо сурат гирифт, ки дар он ҳамкорон ва шогирдони профессор Маҳрам Файзов аз лаҳзаҳои зиндагӣ ва фаъолияти илмии ин олими забардаст ёдоварии наҷиб карданд. Таъкид гардид, ки профессор Файзов на танҳо ҳамчун як муҳаққиқи сахткӯш ва бунёдгузори соҳаи фонетикаи таҷрибавию лаҳҷашиносӣ, балки ҳамчун инсони фурӯтан, роҳнамои ғамхори ҷавонон ва шахсияти соҳибмактаб дар хотири аҳли илму адаб боқӣ мондааст.
Бо назардошти хидматҳои шоистаи профессор Маҳрам Файзов дар рушди илми забоншиносии ватанӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ, аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳод гардид, ки барои гиромидошти номи ин олими забардаст яке аз муассисаҳои таълимӣ ё марказҳои фарҳангии ноҳияи Рӯшон ба номи ӯ гузошта шавад.
Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Пешниҳод гардид, ки робитаи забонҳои маҳаллӣ ва забони давлатӣ ҳамчун модели муваффақи ҳамзистии фарҳангӣ бештар тарғиб карда шавад. Иштирокдорон иқдоми Институтро дар мавриди арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони гузашта ва пайванди он бо масъалаҳои муосири ҳувияти миллӣ баланд арзёбӣ карданд.
Муфассал ...