wrapper

Навидҳои рӯз

Ба ифтихори 85-умин солгарди Хаёлбек Додихудоев китоби Файласуф ва замон ба нашр расид

  Ин ҷашннома ба ифтихори 85-умин солгарди ҳакими мумтоз, муҳаққиқи нуктасанҷу файласуфи маъруфи тоҷик устод Хаёлбек Додихудоев таҳияву таълиф шудааст. Дар он чанде аз мақолаҳои пурҳикмати профессор ба унвони муште аз хирвор, ҳамчунин андешаҳои донишмандону адибони шинохтаи кишвар дар бораи ҷойгоҳи илмӣ ва нақши муассири ў дар рушди илми фалсафаи тоҷик, арзиши илмӣ ва амалии таълифоти вай, меҳрномаҳои манзуму мансури ҳамкорону ҳампешагону шогирдон ва ба илова мақолаҳои илмии чеҳраҳои машҳури тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Муфассал ...

Дар Институт бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор карда шуд.

  Дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров конфронси илмӣ  вобаста ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар кори  конфронс олимон ва ходимони илмии ИИГ АМИТ вобаста ба дастовардҳои 30 солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намудаанд. 

Муфассал ...

Ба ифтихори 75-cолагии профессор Исмоил Раҳимӣ китоби "Донишманде аз водии Язғулом" аз чоп баромад

  Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.Искандаров ба ифтихори 75-умин солгарди профессор Исмоил Раҳимӣ китоби "Донишмаде аз водии Язғулом" рӯйи чоп овард.

Муфассал ...

Мизигирд ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

  Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати  боигарии забонӣ музеи  зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили  гурӯҳи забонҳои  шарқи эронӣ мебошанд,  дар Бадахшон ва соҳили болоии Зарафшон ҳифз шудаанд. Бо иқтибоси чунин суханон аз гуфтаҳои  Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон  барномаи баргузории мизи мудаввар бахшида ба рузи  байналмилалии забони модарӣ дар мавзӯи “Забони модарӣ  дар ҷомеаи муосир , рӯйкарди илмӣ” дар Институти илмҳои гуманитарии  ба номи академик Б Искандарови Академияи миллии Илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Муфассал ...