wrapper

Навидҳои рӯз

Чанд андешае оиди қазияи байнисарҳадӣ

Боз бори дигар масъалаи низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғистон аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Чаро қазияе, ки соли гузашта бо роҳи гуфтушуниди байнидавлатӣ ҳал гардида буд ва бандҳои ин гуфтушунидро тарафайн қобили қабул донистанду иҷро намуданд, боз бори дигар авҷ гирифт? Дар замоне, ки ҳар ду давлат соҳиби ҳудуди васеянду эҳтиёҷ ба он марзе, ки сабабгори нифоқу нотинҷии чанд соли охир гаштааст, дар чист? Имрӯз дар як марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ, ки тамоми дунёро фарогир аст, нашояд ба сар задани як нуқтаи ноороми дигар дар Осиё роҳ дод.

Талафоти тарафайн метавонад сабабгори хушунату нооромиҳои нав гардад ва имрӯз яке аз сабабҳои ин хушунату ҳисси бадбинии байни ду халқ метавонад шабакаи интернет гардад. Зеро дар он аз ҷониби истифодабарандагони қирғиз наворҳои зиёде ҷо дода мешаванд, ки ҳамаашон таҳлили яктарафа доранд. Чаро дар чунин маврид аз ҷониби ягон сиёсатшиноси тоҷик дар хусуси сабабу муҳтавои муноқишаи мазкур як маводи таърихан ва далелан асоснок дар шабакаи интернет пахш карда намешавад? Албатта дар саҳифаҳои ВАО-и Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ маводи зиёде дар ин хусус пайдо кардан мумкин аст, вале хуб мебуд, агар сиёсатшиносони тоҷик ин масъаларо дар сатҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва илмӣ таҳлил намуда, дар шабакаи интернет бо забони русӣ баррасӣ менамуданд, то ки истифодабарандагони васеи шабака маълумоти саҳеҳ дошта бошанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун як миллати тасарруфгару ҷангхоҳ напазирад.

Мутмаинам, ки чи қадар маводе, ки аз ҷониби сиёсатшиносони тоҷик ва шахсони бевосита бо ҷараёни ин муноқиша сару кор доштаи кишварамон бо далелу асноди амиқ пахш гардад, ҳамон қадар сабабу решаи асосии ин муноқиша зудтар аён мегардад.

Барои мо бадахшониён ин муноқиша чандкарата сангинтар аст, зеро асрҳо боз бо қирғизон дар як сарзамин ҳаёт ба сар мебарем ва хушбахтона то имрӯз чунин ҳодисаҳо байни тоҷикону қирғизони Бадахшон сар назадаанд. Умедворем, ки ёриву дӯстии мардуми тоҷику қирғиз дар сарзамини Бадахшон боз садсолаҳои дигар низ идома хоҳад дошт.

Бисёр таассуф мехӯрем, ки солҳои охир бо сар задани ин низоъҳо ҷони даҳҳо кас аз даст дода шуда истодааст, оилаҳо саргардон, иншоотҳои хусусиву давлатӣ вайрону валангор ва аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ҳамаи ин боиси баланд гаштани ҳисси бадбиниву тоқатнопазирии ду миллати ҳамҷавору ҳамсоя мегардад, ки барои аз байн бурдани он вақту замони тӯлоние лозим мегардад.

Он чанд нуқтае, ки чун шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳалли ин қазия мувофиқи маълумоту далелҳои дастрасдошта метавонем пешниҳод намуд:

  • имрӯз замоне расидааст, ки марзи 970 километраи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бештари он аниқ муайяну нишонагузорӣ нашудааст, дар чорчӯбаи қонуни давлати Тоҷикистон ва талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ муайян ва нишонагузорӣ гардида, дидбонгоҳҳои мустаҳками сарҳадӣ гузошта шаванд, хусусан минтақаҳои мисли ҷамоатҳои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аҳолиашон 62 000 одамро ташкил медиҳаду бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, зери ҳифозати доимии марзбонон қарор гирад;
  • барои мақомотҳои давлатии наздисарҳадии ҳар ду ҳудуд лозим аст, ки бо такя ба ҷомеаи шаҳрвандии худ, ки асоси давлати демократиро ташкил медиҳанд, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ анҷом диҳанд;
  • пахш намудани маводҳои далелноки таърихиву таҳлилӣ оиди ин ҳодисаҳо - сабабҳо, натиҷаҳо, дурнамои онҳо
  • дар ҳолати аниқ муайян гаштану нишонагузорӣ шудани марз дар байни ду давлат нуқтаҳои тиҷоратиро ташкил намуд, ки ба ин восита рафту омад ва интиқоли молу анвол боиси мустаҳкам гаштани алоқаҳои байни аҳолии тарафайн мегардад;
  • ташкили чорабиниҳо, идҳо ва маъракаҳои фарҳангии наздисарҳадӣ, низ яке аз воситаи барқарору мазбут сохтани алоқаи байни давлатҳои ҳамҷавор аст. ки чунин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон амалӣ карда мешаванд ва натиҷаи хуб медиҳад.

Албатта таҳаммулпазирӣ ва сабурӣ хислатҳои беҳтарине ҳастанд, ки дар давоми асрҳо тоҷиконро барои ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, вале на дар вазъияти кунунӣ! Зеро агар ин қазияи тӯлкашида имрӯз ҳалли худро наёбад, пагоҳ ҳамчун як мабдаи нооромии байни кишварҳои мо мегардад, ки ягон нафар тоҷик хоҳиши пайдо шудану реша давондани онро надорад.

 

Н. Ризвоншоева – ходими илмии ИИГ АМИТ

Муфассал ...

Шӯрои дессертатсионии ИИГ кушода шуд

  Хушхабаре барот ҳаводорону мухлисону илму адаб. Дар асоси тавсияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз 25 марти соли 2022 дар заминаи муассисаи давлатии илмии ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Шурои диссертатсионии 73.1.015.01 барои дарёфти унвони илмии номзади илм, барои гирифтани унвони доктори илм барои ихтисосҳои илмии 5.9.2. Адабиёти халқҳои ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои халқҳои мамлакатҳои хориҷӣ (забонҳои помирӣ) таъсис дода шуд. Марҳамат, дари Институти илмҳои гуманитарӣ ҳамеша ба рўйи шумо боз аст.    

Муфассал ...

Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд

  Маъмурияти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ҳамкори муҳтарам Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановнаро, ки рӯзи 27-уми октябри соли равон таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи “Манбаъҳои асотирӣ ва маросимӣ дар фолклори Бадахшон (дар мисоли архетипҳои парандагон ва ҳайвонот)” дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA-033-и назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳимоя намудаанд, муборакбод гуфта, дуогӯ ҳаст то дарҳои меҳрубонӣ ҳамеша ба рӯи дилашон кушодаву насими донишу биниш навозишгари лаҳзаҳояшон бошад. 

Муфассал ...

Мушарраф гардидани Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович ба унвони доктори илмҳои филологӣ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Руссия

  Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкори муҳтарам, донишманди хушзеҳн Абдулназаров Абдулназар Абдулқодировичро барои муваффақ шудан ба гирифтани тасдиқномаи УНВОНИ ДОКТОРӢ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия муборакбод мегӯяд. Абдулназаров А.А. 30-уми марти соли равон дар назди Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Танатологические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв.» таҳти роҳбарии доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дифоъ намудааст. 

Муфассал ...