Нуриҷаҳон Мирасановна солҳои зиёд ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи фолклори тоҷик даст зада, дар ин кори худ асосан паҳлӯҳои тадқиқнашудаи асотир доир ба ҷинсҳои ғайринсӣ дар фолклори мардуми Бадахшонро баррасӣ намуда, дар рисолаи мазкур бо роҳи қиёсӣ тасаввуроти тотемистии халқҳои гуногун, аз он ҷумла сокинони Бадахшон дар бораи олами ҳайвонот муайян шуда, ақидаҳои мифологӣ аз нуқтаи назари тасвирӣ-муқоисавӣ ва таърихию типологӣ таҳлил шудаанд. Ҳамчунин таъйин шудааст, ки устураҳо ва ривояту афсонаҳо хусусияти асотирӣ доранд ва дар маҷмӯъ баёнгари воқеии таърих, фарҳанг, фалсафаи ҳар халқ, аз ҷумла, мардуми навоҳии Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Муборак бошад!!!
Последнее изменение Сешанбе, 26 Апрел 2022