wrapper

Руйдодҳои  ҳузнангезе, ки  дар  марзи  Тоҷикистону  Қирғизистон ба амал   омаданд, на танҳо  мардуми Тоҷикистонро  ба ташвиш овардааст, балки тамоми Осиёи Миёна ва ҳатто дар СММ ва соири кишвархои дунё  низ ба таассуф  нигарони худро изҳор менамоянд. Марзбонони Қирғизистон дар ибтидо ба иғво роҳ доданд. Шояд дар байни низомиёни қирғиз  неруҳое  нуфуз намуданд, ки хоҳони  оромӣ  дар  ин минтақа набошанд. Миллатгароёни  қирғизро баъзе  доираҳои Амрико ва Ғарб  аз  тариқи  Созмонҳои ғайридавлатӣ  бо пул таъмин намуда ниятҳои ғаразноки  худро  дар минтақа  амалӣ  месозанд. Ҳадафи хоҷагони хориҷӣ маълум аст, дар Осиёи Марказӣ, ки як минтақаи ҳассос мебошад, нуфузи худро густариш диҳанд. Як навъе  тақсимоти нави  ҷаҳон  оғоз  гардидааст.

     Султахоҳони ғарбӣ намехоҳанд, ки дар минтақа   давлатҳои  мустақил бошанд! Бинобар ин иғвою дасисаҳои гуногунро бо дасти хоинони  ноогоҳи  миллати қирғиз роҳандозӣ  менамоянд. Вале  қирғизҳо бояд дарк кунанд, ки оромӣ дар минтака, хусусан дар байни марзи Тоҷикистону  Қирғизистон ба нафъи  ин мамалакат  аст. Бо нияти бади таҷовузкорона ба қаламрави Тоҷикистон назар накунанд Мардуми Тоҷикистон як порча  хоки  худро  ба ғасбгарон  намедиҳанд!

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешваи миллат, Президенти кишварамон, мухтарам Эмомалӣ  Раҳмон  барҳо  таъкид карданд, ки мушкилоти марзӣ бо кишвари ҳамсоя  бояд  бо роҳи осоишта, бо роҳи музокирот  ҳалли худро  пайдо намояд. Комиссияи Ҳукуматӣ  дар ин самт – яъне  демаркатсияи  марз бо ҷиниби Қирғизистон  корҳои муайянеро  анҷом дода,  ҳалли  мусолиматомези   мушкилот оғоз ёфта, ҳалли проблемаҳо ба роҳи осоишта  ворид гардид.

   Аммо ин дафъа ҳам аз тарафи марзбонони қиргиз  иғвое  сар  зад, ки ба талафоти  одамон  оварда расонд. Гумон меравад, ки дар ин  низои мусаллаҳона  тарафи сеюм  фаъолият  дорад, қи  манбаи онҳоро дар боло номбар  намудем.

       Ба ҳамсояи худ қирғизҳо муроҷиат  менамоем, ки аз хирад кор гиранд. Хирадмандон ҳеҷ гоҳе ба ҷангу хунрезӣ  моил  нестанд. Мушкилоти марзӣ, ки мероси гузашта аст, бо роҳи музокирот ҳал гардад. Дар ин самт ба бартариталабию  бузургсолорӣ  роҳ дода  нашавад. Ороми зарур аст, ки мушкилот ҳалли худро  пайдо намояд. Бо ақлу хирад ва таҳаммулпазирӣ  бояд мушкилоти марзиро ҳал намуд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нет!  Танҳо  аз  хирад истифода бурд. Итминони комил  дорем, ки роҳҳалли   осоиштаи  боз намудани  гиреҳҳои мухолифати  марзӣ  пайдо мешавад.

Офаридаев Н.- сарходими шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ
Назаршоева Ч. – ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ