«Ҳама ҷангҳо аз як тир оғоз мешаванд ва ин тир аввал ба синаи зан-модар мезанад» (Аз китоби «Рӯзномаи берӯз»).
Бале, таи се рӯзи охир, ки бо фитнаву найранги душманони бехирад дӯстии ду миллати ба ҳам қарини тоҷику қирғиз, ки таи қарнҳои зиёд бо ҳам бародарона ба сар бурданд, дар марз вайрон гаштааст. Ин нобасомонӣ боиси рехтани ашки хунини ҳазорон модарони ин миллатҳо гаштааст. Имрӯз на танҳо модароне, ки писаронаш дар ин низоъ шаҳид шуданд, мотамзадаанду хун мегирянд, балки тамоми модарони дунё хун мегирянд. Муҳим он нест, ки у фарзанди тоҷик ё қирғиз аст, балки муҳим он аст, ки модар бе писар, зан бешавҳар, духтар бе падару бародар нашавад. Магар имрӯз зан-модар барои ҷавонони таи ин се рӯзи охир қурбонгашта ашк намерезанд?. Магар муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллати ба ҳам наздик, ки тӯли қарнҳо вуҷуд дошт, ягон бадӣ дошт?. Магар ин низоъ боиси хонавайронии оилаҳо намешавад, ки дар ҳар як хонадони тоҷик намояндаи қирғиз ва баръакс дар хонаводаи қирғиз аз аҳли тоҷик аст?. Магар Асмоахони шаш сола, Имронҷони панҷ сола ё худ тифли дар батни модар буда, дар ин низоъ гунаҳкор буданд, ки аз ҳазор гулашон як гул нашукуфта шаҳид шуданд?. Магар ин тифлакони маъсум ҳаққи зистан надоштанд?. Магар он ҷавонон, ки дар хизмат қарор доранд, ҳаққи шаҳид шудан доштанд?. Магар модари тоҷику қирғиз инро мехоҳанд?. Ҳаргиз неву…не. Ин ҳама нишонаи оқибати ҷанг аст?. Пас бародарҳамсояҳои қирғиз биёетон хулоса барорем, бо ҷангу низоъ ягон масъала ҳалли худро ба хубӣ намеёбаду нобасомӣ ва нооромӣ ҷуз маргро ба инсоният намеорад, ки оқибати он пушаймонӣ аст, зеро таърих инро чандин бор исбот кард. Хоҳишмандам, ки кулли занони тоҷику қирғиз аз як сар гиребон бароварда, ин низоъро маҳкум намоем, то ки сафи Асмоаҷону Имронҷон ва тифлакони ба дунё чашмнакушодаву ҷавонони ғуррамарг ҳазорон нагардад.
Н. Қурбонхонова, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.