wrapper

 

Солҳои навадуми асри гузашта дар таърихи давлатсозии кишвари мо давраи тақдирсоз буданд. Аз он љо, ки фазои идеологӣ холӣ буд, бисёре аз нерӯҳои мухолиф ошкоро барои ба даст овардани қудрат мубориза мебурданд. Яке аз сарчашмаҳое, ки бӯҳрони сиёсии он рўзҳоро таъмин мекард, маҳз андешаи бунёдгароёни исломӣ буд. Сарвари давлат ҳанӯз соли 1993, замоне ки исломиён дар Тоҷикистон соҳиби қудрат буданд, амалҳои зишту ноҷавонмардона ва ғояҳои бегонапарастонаи онҳоро ошкор ва сахт маҳкум карда буданд. Роҳбари мамлакат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карда буданд, ки “рӯҳониёни мутаассиб андешаи мардумро ба куллӣ хира сохтанд ва аз ин рӯ, бисёр одамон барои аз қатор намондан кӯркӯрона ба ҳаракатҳои муллоҳои мутаассиб тақлид мекарданд. Доҳиёни демократҳои исломӣ даҳҳо ҳазор одамонро ба оташи ҷанги ҳамватанӣ партофта тайёр буданд, ки ба хотири истиқрори давлати исломӣ охирин тоҷикро ҳам аз он тарафу ҳам аз ин тараф қурбонӣ созанд” (19 марти соли 1993). Пешвои дурандеши миллати тоҷик хуб дарк мекарданд, ки исломгароёни ифротгаро, ки зери шиорҳои мавҳуму хаёлии Ҳизби наҳзати исломӣ пинҳон шуда, тафаккури ғайри миллиро талқин менамуданд, дер ё зуд монеаи раванди инкишофи ҷомеаи навини мо хоҳанд гашт ва ҷамъиятро ба карахтию рукуду бозмондагӣ оварда мерасонанд. Ҳамандешони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тамоми фаъолиятҳои чандинсолаи худ бо такя ба таассубу хурофот мардуми зудбовари тоҷики аз қайди шӯравиён баромадаро ба доми фиреби худ медароварданд ва ба ин васила фазои ягонаи исониро маҳдуд месохтанд. Хушбахтона, ин ҳизб, ки зидди ормонҳои давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буд, дар Тоҷикистони азизи мо мамнӯъ эълон гардид ва саркардагони он ё фирор карданд ё дар назди қонун ҷавоб доданд.  Баъд аз ҳаматараф санҷида шудани фаъолияташ он ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил шуда, дигар кишварҳо низ дар қаламрави худ онро мамнуъ эълон карданд. Боиси хушнудист, ки яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон – Федератсияи Россия, ки бо Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо ҳамкориҳо дорад, фаъолияти хатарзову бесамари ин ташкилотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф намуда фаъолияти онро дар қаламрави худ мамнуъ эълон намуд.

Бояд тазаккур намуд, ки Ислом як биниш ва ҷаҳонбинии такомулёфта аст ва дигар дар чаҳорчӯбаи гурӯҳ ва ё ҳизб онро ғунҷонидан ва роҳу равиши имрӯзаро бо меъёрҳои он муайян кардану мардумро ҳидоят намудан берун аз ақлу хирад аст. Ба илова, ҳар касе агар ҳам афкори исломиро аслиҳа барои расидан ба мақосиди сиёсӣ ихтиёр кардааст, дар боғи вуҷудаш андешаҳои миллӣ гул накардаанд ва баҳра ҳам намедиҳанд. Масъалаҳои исломӣ аз як ҷиҳат иртибот ба гузашта доранд ва аз ҷиҳати дигар дар ташвиқи фарҳангу суннатҳои арабӣ саҳиманд. Пас, агар мо имрӯзу фардои худро фаҳмишу биниши дирӯзӣ, ки он ҳам биниши бегонагон аст, нияти сохтан кунем, хиште аз бинои миллатро каҷ ниҳодаем.

Барои аз таъсири шадиди исломӣ-арабӣ раҳонидани мардум пеш аз ҳама тамоми аҳзобе, ки барномаи онҳо даъват ба иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон мекунад ва аз миллати мусулмон ҳимоя мекунад, бояд шадидан маҳкум шаванд, зеро барои онҳо миллат, андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ, ояндабинии миллӣ ва манофеи миллӣ бегонаанд.      

 

Қаландариён Ҳоким, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, д.и.фил.