wrapper

Ҷаҳони имрӯзаро бархӯрдҳои сиёсӣ, манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ  фаро гирифта, вазъияти сиёсиро давлатҳои абарқудрат дар даст доранд. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди худогоҳ ва бонангу номуси меҳанро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омода бошанд.

Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон нимаи дувуми моҳи сентябри соли 2022 ба амал омад ва сабабгори марги одамони бегуноҳ гардид, боиси нигаронии аҳли зиё гардид. Вазъи имрузаи Ворух инсонро ба ҷаҳони андеша ворид месозад, ки чаро миёни қирғизу тоҷик бадбинӣ, кинаву адоват ба вуҷуд омад?. Тоҷику қирғиз, ки солиёни дароз бо ҳам хешу табор, дӯсту бародар буданд, имрӯз якдигарро таънаву маломат ва таҳқир мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин хусус овозаҳои беасос, наворҳои бардуруғи ангезандаи хусумат паҳн шуда истодаанд, ки миллати тоҷикро бо ҳар роҳу восита муттаҳам карда истодаанд. Фаромӯш набояд кард, ки оқибати ҷанг марги ҳазорҳо мардуми осоишта ва бадбахтиву қашшоқӣ аст.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар таърихи чандинҳазорсолаи хеш ба ягон кишвар ҳуҷум накардааст, вале дар ҳимоя намудани хоки муқаддаси аҷдодиаш содиқ аст. Пешгузаштагони мо хоки ватанро муқаддас дониста, ҳангоми сафар кардан ба кишвари дигар муште аз онро бо худ мегирифтанд, ки нишон ва бӯйе аз меҳан буд.

Миллати бофарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори оромии кишвар бидуни ҷангу хунрезӣ, тарафдори ваҳдату иттиҳод ва якпорчагии давлати соҳибистиқлол мебошад. Итминон дорем, ки муноқишаҳои марзӣ бо ақлу заковат ва хиради азалӣ, инчунин дониши мукаммали сиёсӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.  

 

 

 

 

Ш. Азорабекова - ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи  академик Б.И. Искандарови АМИТ