wrapper

30.09.2022

 Дар  Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Андешаҳои таҳаммулпазирӣ ва ваҳдатгароӣ дар шеъри Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, С. Азорабеков бо маърузаи «Робитаҳои маънавии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо Ҷалолиддини Балхӣ», номзади илмҳои педагогӣ Ш. Саидиброҳимов «Ҳамбастагии ақидаҳои педагогии А.Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ», ходими илмии шуъбаи фолклор ва адбиёти Бадахшон, Қ. Охониёзов бо маърузаи «Ҷойгоҳи «алиф» дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрантони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.