Институт
- Панҷшанбе, 10 Ноябр 2022
НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХ
НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХ
Аҳамияти сиёсии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидасанов Юсуф
Азорабекова Ширингул
Яке аз масъалаҳои муҳими илми муосир – ин муайян намудани нақши шахсиятҳои таърихӣ дар пешрафти ҷомеа мебошад. Пешрафти ҳодисаҳои ҷомеа аз омилҳои гуногун вобастагӣ доранд ва ба ақидаи баъзе олимон шахси алоҳида наметавонад тамоми ин равандҳоро таҳти назорати худ қарор диҳад. Шахсият метавонад бо ҳаракатҳо ё беҳаракатии худ, бевосита ё бавосита, дар давоми зиндагии худ дар пешрафти ҷомеа нақши намоён дошта бошад. Шахсияти таърихиро олими маъруфи юнонӣ Арасту ақли солими ҷомеа номида буд, ки адолатро таъмин мекунад. Арасту ҳокимро ақли солим номид, ки шаҳрвандонро дар роҳи итоат кардан ба қонун ҳидоят мекунад. Мутафаккири рус Л.Н.Толстой шахсиятҳои таърихиро «ғуломони таърих» номид, ки бо иродаи Илоҳӣ таърихро месозанд. Аз рӯи афкори вай «чи қадар шахсият дар системаи идоракунӣ мавқеи баланд дошта бошад, ҳамон қадар рафтор ва ногузир будани сиёсати вай пешгуишаванда мебошад». [8,67] Файласуфи асри ХIХ Раппопорт (1899: 47) навишта буд, ки «шахсият ин сабаб ва маҳсули раванди таърих аст», ки роҳи ҳалли масъаларо пайдо мекунад. [6,86] Мутафакири рус Г. В. Плеханов (1856–1918) дар асари худ «Оиди нақши шахсият дар таърих» фалсафаи Гегелро идома дода, изҳор мекунад, ки шахсият метавонад ба раванди таърих таъсир расонад. Ба ақидаи вай шароити мусоид метавонад дар лаҳзаи зарурӣ шахсиятеро пайдо намояд, ки роҳбарии равандҳоро ба зимма мегирад.
Дар масири нақши шахсият, мебоист феномени Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмонро ҳамчун шахсияти таърихӣ бояд ёдрас шуд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари давлат интихоб гардид. Ин Иҷлосия яке аз давраҳои душвори мамлакати моро дар бар гирифта, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. [2,56] Дар ин давра сохторҳои давлатӣ бо таъсири муқовимати гурӯҳҳои силоҳдор фалаҷ гардида, ба ҷумҳурӣ ба маблағи тахминан 300 млрд. рубл зарари моддӣ расонида шуд.[9,170] Инчунин 80% нерӯи саноатии мамлакат аз кор бозмонд, ҳаҷми даромади миллӣ дар соли 1992 дар муқоиса ба соли 1991 31 % кам гардид.[4,90]
Интихоби Пешвои миллатро дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии ҶТ ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ таҳлил намуда, Меҳмон Бахтӣ менависад: «Чаро намояндагони мардум маҳз ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таваққуф карданд?». Баъди гузоштани савол муаллиф чунин ҷавоб медиҳад: «Аввал ин, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, зеро вай балки кайҳо боз бо суханрониҳои фасеҳу мантиқасоси хеш андар миёни намояндагони мардум шуҳрати хосаро касб намуд. Лаҳни фасоҳатбори суханварӣ ва мантиқи баёнаш таъсири пурҷозиба дошта, дар лаҳзаҳои басо шадид тариқи саҳеҳияти қонунро ба ҳамкасбон иброз медошт ва ба ин васила мардумро ҳушдор медод, ки зиракона кору пайкор намуда бошанд».[3,14] 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва аввалин иқдоми сарвари тоҷикон ин овардани сулҳ барои Тоҷикистон эълон гардид: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Аз он давра инҷониб бо сарварии Пешвои миллат барномаҳои бузурги дорои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд, ки аз истеъдоди азими идоракунии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Дар он давраи душвор бисёриҳо аз роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов, ки нав ба вазифаи Раиси Шурои олӣ интихоб шуд, умед надоштанд, вале Пешвои миллат зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ баргардонида, ба миллати тоҷик сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард.[5,19] Таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки маҳз ирода, дониш ва ҷасорату мардонагии вай дар лаҳзаҳои душвортарини инкишоф ба кабул гардидани карорҳои таъриҳӣ ва ҳаллу фасл гардидани проблемаҳои халқу миллат меовард. [7,78] Пешвои миллат бо тамоми гуруҳҳои иҷтимоии ҷомеа баробар ҳамкорӣ мекунад ва мардум ӯро ҳамчун Президенти халқи оддӣ, Президенти аҳли илм, Президенти кишоварзон нишон қабул мекунад. Ин падидаҳо донишҳои бисёртарафаи Пешвои миллатро дар самти роҳбарии давлат таҷассум мекунанд, ки тавонист бо тамоми табақаҳои аҳолӣ муттаҳид шуда барномаҳои давлатиро амалӣ намояд. Маҳз бо илҳом ва таасуроти шахсияти Пешвои миллат, халқ дар сохтмонҳои азим ба монанди сохтмони неругоҳи обӣ барқии Роғун ва дигар иншоотҳои азим корнамоиҳо нишон медиҳад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалии Рахмон ғамхорӣ дар ҳаққи фақирон, ятимон ва мардуми камбизоатро мақсади асосии фаъолияти худ пеша намуда, стратегияи сохторҳои давлатиро низ ба ҳамин самт равона месозад. Чунин қонунҳо ва карорҳои Ҳукумат ба монанди «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таксими замин байни мардум, кумаки доимӣ ба мактаб интернатҳо ва дигар чорабиниҳо аз чунин хислати Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.
Дар хулосаи ҳамин мақола қайд кардан зарур аст, ки «роҳбарӣ падидаи иҷтимоӣ аст. Барои расидан ба он бисёриҳо мекӯшанд. Аммо ноил гаштан ба натиҷаҳои барои миллат ва давлат созгор кори саҳл нест. Таҷрибаи зиндагӣ аст, ки дурустии назария максади инсонро тавассути кудрати тайғир додани вазъи мамлакат, бунёди давлати мутамарказ ва дар сатҳи умумимиллӣ, минтакавӣ ва байналмилалӣ комгор будани сиёсати таҳрезишуда ва эълоншуда исбот мекунад.[1,5] Бинобар ҳамин, мо гуфта метавонем, ки аҳамияти асосии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба арсаи сиёсӣ овардани шахсияти таърихӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мамлакатро аз буҳронҳои азими иқтисодӣ ва сиёсӣ берун карда роҳи инкишофи босамари онро дар давоми истиқлолият муайян намуд.
АДАБИЁТ
- Аристотель: давлат ва сиёсат.- // С.Ятимов, Чумхурият, 1 августи соли 2019.- С.5
- Акрамӣ З. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих / З. Акрамӣ. – Душанбе, 2017.- 56 с.
- Восеъ К. Сиёсати давлат ва ваыдати миллӣ.- Душанбе,-2010.-с.14
- Ганджакова М.Г. Политическая история Таджикистана 90-х годов ХХ века: дис. … канд. ист. наук: 07.00.02 / М.Г. Ганджакова. – Душанбе, 2015/-170 c.
- Ғафуров А.М. Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол.- С.19.
- Раппопорт, Х. 1899. Философия истории в ее главнейших течениях. СПб. С.86
- Таърих зеҳни миллат // маҷмуи мақолаҳо, Хоруғ, 2018, С.78
- Толстой, Л. Н. (или любое другое издание). Война и мир: в 4 т. Т. 3. М.: Просвещение. 1987
- Холмуродова М.Б. Таърихи раванди миллии тоҷикон дар ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1991-2001) .-диссертатасия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D020300 – Таърих.-Кӯлоб – 2020.- 170 с.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 14 Октябр 2022
ҶАШНИ МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ.
Ҷашни Меҳргонро ҷашни зироаткорон мешуморанд. Замоне ки зироаткорон ҳосили худро пурра ҷамъовари менамуданд ин ҷашнро барпо мекарданд. Вале агар ба таърихи пайдоиши он дақиқтар назар андозем, ин ҷашн қадимтар аз падид омадани шуғли зироаткорӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад. Аз замони басо куҳан сарчашма гирифтани ин ҷашнро мо дар мисоли маълумотҳои ниҳоят ҷолиби олими маъруфи асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ дида мебароем. Ин донишманди закӣ дар асари безаволи худ «Осор – ул - боқия» таърихи пайдоиш ва сабаби аз номи «Меҳр» (Офтоб) гирифтани номи ин идро чунин ба қалам додааст: «Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд ин аст, ки ин рӯзро «Мергон» гӯянд (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Яъне тибқи тасаввурот дар он рӯзе, ки офтоб барои аҳли олам пайдо шудааст аз ҳамон рӯз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон аст.
Мувофиқи ақидаи дигар мардум ин моҳро аз он сабаб «меҳр» номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ мекарданд. Ва тафсири ин ид дӯстии мардум аст. Дар ин ид мардум ба ҳамдигар меваю ғалла инъом менамуданд. Ин ид барои тамоми омма хос буд.
А. Берунӣ таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргонро бевосита бо офтоб алоқаманд карда ва чунин далел меорад. «Далел бар ин гуфтор он аст, ки тибқи оини Сосониён дар ин рӯз тоҷеро ба сар мегузоштанд, ки дар он сурати офтоб буд, ки офтоб бо дучархаи худ дар дар осмон ҳаракат карда истодааст (А. Берунӣ,1990.– с.242). Мувофиқи тасаввуроти ориёиҳои қадим Офтоб, ки барои онҳо нахустин Худо буд, ҳар рӯз субҳдам аз манзили худ баромада ба дучархаи тиллои худ савор шуда ҳаракат мекунад ва аз нури худ ба олам гармию равшанӣ медиҳад. Ба хотири нур, гармию равшании офтоб нахустин ориёиҳо офтобро мавриди парастиш қарор доданд. Аз ин рӯ ҷашни Меҳргонро шояд замони пеш дар шакли дигар, аввал меҳрпарастон қайд мекарданд. Вале ба таври расмӣ замоне, ки дар миёни қавмҳои эронинажод тақвими шамсӣ қабул ва ҷорӣ шуд аз ҳамон давра ин ҷашнро қайд кардан гирифтанд. Тибқи тақвими шамсии ирониёни қадим моҳи ҳафтуми онҳо Меҳр (Офтоб) ном дошт ва рӯзи 16- уми ин моҳ «Меҳрҷон» ном дошт. Чуноне, ки А. Берунӣ нигоштааст. «Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242).
Пас аз инҷо бармеояд, вақте ки дар рӯзи 16-ум рӯзу моҳ бо як ном «Меҳргону Меҳрҷон» якҷоҳ мешуданд, халқҳои эронитабор ҷашни Меҳргонро барпо мекарданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин идро меҳрпарастон дар замони худ дар як рӯз қайд кардаанд, ки баъдтар ирониёни қадим он рӯзро дар тақвими худ дар рӯзи16-ум ҷой додаанд.
Дар тақвими шамсии ирониёни қадим боз як рӯзи дигар «Рӯзи бисту якуми Меҳрмоҳ Ромрӯз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Ин рӯзро барои он Ромрӯз мегуфтанд, ки дар ин рӯз Кова бар Заҳҳок ғолиб омад, Фаридунро ҳоким эълон кард ва Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд бадарға намуд. Аз ин хотир халқҳои эронитабор то давраи зуҳури Зардушт ҷашни Меҳргонро дар рӯзи 16-ум ва рӯзи 21-ум алоҳидақайд мекарданд.
Ва замоне, ки пайғомбари Зардуштиён Зардушт зоҳир гашт, эрониёнро амр кард, ки бояд Меҳргону Ромрӯзро ба як андоза бузург бидонанд ва ҳар дуи ин идҳоро якҷо гузаронанд. Бинобар ин шоҳи Сосониён Ҳурмуз писари Шопур ҳар дуи ин идро бо ҳам бипайваст ва минбаъд ирониёни қадим ҷашни Меҳргонро рӯзи 16-ум оғоз мекарданду рӯзи 21-ум ба анҷом мерасонданд (А. Берунӣ,1990. – с. 244). Яъне ин ҷашнро панҷ рӯз таҷлил мекарданд
Баъдтар дар давраи Сосониён як моҳи пурраи Меҳрмоҳро ба ҷашни Меҳргон табдил додаанд. Чуноне, ки дар «Осор-ул-боқия» омадааст. «Ва сипас мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум қарор доданд. Ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд (А. Берунӣ, 1990. – с. 244). Аз инҷо маълум мешавад, ки дар давраи Сосониён 6 табақа будааст ва ҳар як табақа панҷ рӯзи ид гузарондааст.
Аз нигоштаҳои А. Берунӣ бармеояд, ки ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз бо Офтоб робита дорад ва таърихи пайдоиши онҳо аз падид омадани зироаткорӣ ҳам қадимтар аст. Наврӯз ва Меҳргон ду ҷашни бузурганд, ки баръакси ҳамдигаранд. Наврӯз ҷашни оғози кишту кор асту, Меҳргон ҷашни анҷоми кишту кор аст. Наврӯз оғози фасли баҳор асту, Меҳргон марбут ба тираҳмоҳ аст. Наврӯз оғози сабзиш асту Меҳргон анҷоми сабзиш аст. Чуноне, ки А. Берунӣ навиштааст. «Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд ба ин далел, ки ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
Замони пеш аҷдодони мо солро фақат ба ду қисм ба ду фасл тақсим кардаанд. Тобистон ва зимистон. Барои ҳамин Наврӯз оғози тобистон буду, Меҳргон оғози зимистон будааст. Дар «Осор-ул-боқия» дар ин хусус омадааст. «Ва ин рӯз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тираҳмоҳию зимистонӣ медиҳанд (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
А. Берунӣ бидуни маълумотҳои пурарзиши таърихӣ, оид ба тарзи таҷлили ҷашн, расму оинҳои хоси он низ қайд кардааст. Чунончи : «Дар ин рӯз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб меистад ва бо овози баланд мегӯяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед». (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас дар ин рӯз дар хонаҳои худ даргирондани страхм, спанд ва ғайра мақбул бошад, зеро ки тибқи тасаввуроти мардум буйи хуши ин гиёҳҳо ба машоми фариштаҳо мерасад ва онҳо поин мефуроянд. Мувофиқи дини ислом дар ин рӯз бояд ҳар як шахс нафсҳои шайтонӣ, шарру шайтониро аз худ дур созад Ш.А.)
Ҷашни Меҳргон бо парастиши арвоҳ (“культ предков”) робитаи зич дорад. Парастиши арвоҳ яке аз шаклҳои қадимтарини дин ба шумор меравад (муфассал ниг: С. А. Токарев “Ранние формы религии”. М.: 1990.). Ин ҳам далолат бар он медиҳад, ки таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон қадимтар аз шуғли зироаткорӣ аст. А. Берунӣ дар асари худ оид ба парастиши арвоҳ дар ин ҷашн чунин қайд намудааст: «Ва мегӯянд, ки дар ин рӯз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳалли арвоҳ бошад офарид. Ва дар соате аз ин рӯз фалаковар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад… Кисравӣ мегӯяд, ки «ман аз мӯбади Мутаваккилӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар рӯзи Меҳргон Офтоб миёни нуру зулмат тулӯ мекунад ва арвоҳро дар ҷасадҳо мемиронад. Ва бад ин ҷихат эрониён ин рӯзро «Мурон» гуфтаанд » (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас рӯзи Меҳргон, рӯзи мувофиқест барои ёди арвоҳ ва ба хотири арвоҳ назр кардану кори некеро анҷом додан аст.
Ҳар як ҷашн соати неку савоби рӯз ва шаб дорад. Масалан, шаби Лайлат-ул- қадри моҳи шарифи Рамазон беҳтарин шаб барои тоату ибодат ба шумор меравад. Ҳамчунин шаби Меҳргон вақту соати накӯ дорад. «Ва мегӯянд, дар ин рӯз буд, ки Худованд Моҳро, ки қурае сиёҳ ва бефуруғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242).
А. Берунӣ ҳамчунин баъзе таъбирҳои мардумӣ оид ба Меҳргон ёдоварӣ намудааст: «Саид ибни Фазл мегӯяд: «Уламои Эрон гуфтаанд, ки қуллаи кӯҳи Шоҳин дар хона айёми тобистон ҳамвора сиёҳ дида мешавад ва дар бомдоди Меҳргон сапеда дида мегардад. Ва чунин ба назар меояд, ки бар он барфе аст. Ва ин матлаб, чи ҳаво соф бошад ва чи абр, ҳар ду яксон ва дар ҳар замон як тарз аст». Ё ин ки «ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд» (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
Савоб ва фазлу ҳикмати дигари ҷашни Меҳргонро А. Берунӣ чунин қаламдод кардааст: «Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ва ҷавоҳири дигар» (А. Берунӣ,1990. –с. 242-243).
Хуллас, ҷашни Меҳргон аз нигоҳи А. Берунӣ ҷашнест, ки бо парастиши офтоб, маҳтоб, парастиши арвоҳ робитаи қаввӣ дошта дар худ фазлу савоб ва баракати зиёд дорад.
Шоинбеков А. н.и.т. Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Муфассал ...
- Чоршанбе, 12 Октябр 2022
УНСУРҲОИ БОҚИМОНДАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОМИР
Азорабекова Ш
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови АМИТ
Мақолаи мазкур дар асоси адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии сокинони бумии Помир бо методи тасвири этнографӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар асоси маълумотҳои дастрасшуда марбут ба ҷашни Меҳргон, ки унсурҳои боқимондаи он то кунун миёни сокинон ҳарзи ҳастӣ доранд, маълумот арза намояд.
Меҳргон яке аз идҳои мардуми ориёиасл, бахусус кишоварзон буда, решааш аз умқи таърих маншаъ гирифтааст. Муҳаққиқон ва муаррихон дар давраҳои мухталифи таърихи башарият ин ҷашни миллии пешгузаштагонамонро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба он маълумотҳои ҷолиб ва арзишманди илмиро матраҳ намудаанд.
Агар ҷашни Наврӯз ба бедоршавии табиат, айёми киштукори Бобои Деҳқон ва кӯшиши он барои гирифтани ҳосили фаровон рост омада бошад, Меҳргон давраи ҷамъоварии ҳосил, дастранҷи марди деҳқон ва оғози ба хоби зимистона рафтани замин мебошад. Пас иди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари зиндагии рӯзмарраи инсон дар сайёраи замин аз тавлид то марг мебошанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ маълум мегардад, ки решаи ҳар дуи ин ҷашн аз замони асотирӣ маншаъ гирифта, тибқи ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд.
Файласуфи шинохтаи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов ба Абурайҳони Берунӣ ва Разӣ Ҳошим истинод намуда, ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро ба тариқи зайл овардааст: « Вақте ки Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард, то ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти ӯ барои пешгирӣ аз куштани ҷавонон ҳар рӯз яке аз ин ду танро пинҳонӣ ба паногоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд. Вақте Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзаниш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: «Тавоноии ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованданд».
Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро ба он ҷо фиристод, то ростии гуфтаҳои ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шуълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуданд» [4, 318]. Аз ин ривоят метавон хулоса кард, ки морҳо нишони бадӣ, торикӣ ва ҷаҳолат ҳастанд, ки ба маргу нобуд сохтани инсон равона шудаанд. Фаридун рамзи пирӯзии инсон ба муқобили ҳама гуна бадиҳо, нишони покӣ ва озодагӣ мебошад, ки ӯ тавонист ба воситаи гармӣ ва равшании оташ қувваҳои аҳреманиро нобуд созад. Ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашне ки дар он инсон амалҳои некро анҷом дода, аз бадиҳо дурӣ меҷӯяд ва ба муқобили ҷаҳолату зулмот мубориза мебарад.
Оинҳои ҷашни Меҳргон дар масири таърих бо таҳаввулот миёни мардум, бахусус кишоварзон то кунун маҳфуз мондаанд. Дар ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хоси мардуми ноҳияҳои мухталифи кишвар баъзан тибқи одат амалҳои ноогоҳонае анҷом дода мешаванд, ки далеле аз иртибот доштанашон ба ин ҷашни бузург мебошанд.
Тоҷикони кӯҳистони Помир дар баробари сокинони дигар минтақаҳои кишварамон аз давраҳои қадим маросимҳои мухталиф ва идҳоро анҷом медоданд, ки дорои хусусиятҳои хоси сокинони ин минтақаи кӯҳсор мебошанд. М.С. Андреев қайд кардааст: «Соли нав ду маротиба ҷашн гирифта мешавад- Сари сол- иди баҳор ва пас аз панҷ моҳ Наврузи тирамоҳ, ки дар айни замон мардум якдигарро бо фарорасии ин ду ид «мубораки буор» ва «мубораки тирамо» гӯён табрик мекунанд» [2,167]. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки «Наврӯзи тирамоҳ» ҳамон ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, ки ҳангоми ҷамъоварии ҳосили кишоварзон ҷашн гирифта мешуд. Гарчанде ки баъзе оин ва анъанаҳои марбут ба кишоварзӣ коста шуда бошанд ҳам, то кунун дар деҳаҳои дурдасти водии Бартанг, Вахон ва болооби ноҳияи Роштқалъа маҳфуз мондаанд. Сокинони кӯҳистон аз даври қадим то кунун маросимеро бо номи «сêр-вӣст», таҳтул-лафз «чоштбандон», ки дорои оин, анъана ва хусусиятҳои хоси маросими мазкур ҳастанд, анҷом медиҳанд, ки аз густариши ҷашни бостонии Меҳргон миёни сокинони бумӣ дарак медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки оиди оинҳои маросими мазкур шарқшиносони рус М. С. Андреев ва А. А. Половтсев (1911), М.С. Андреев (2020) ва мардумшиноси тоҷик И. Муҳиддинов (1989) маълумот додаанд, ки арзиши баланди илмӣ доранд. Мо аз такрори гуфтаҳои ин олимони бузург худдорӣ намуда, фақат баъзе маълумотҳои наве, ки ҳангоми ҷамъоварии маводи шифоҳӣ дастрас намудем, илова карда, тасмим гирифтем фикру андешаи хешро перомуни онҳо баён намоем.
Тибқи маълумоти сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, ки дар таърихи 12. 08. 2016 ба қайд гирифта шуд, «сêр», яъне чошт дар фарҳанги маънавии сокинони минтақаи Помир мақоми хос дошта, онро пок ва муқаддас медонистаанд. Пеш аз оғози маросими мазкур мӯйсафеди рӯзгордида, ки пойи қадами нек дорад, таҳорат ба ҷо меовард, яъне ҷисман ва рӯҳан пок мегардад, сипас миёнашро бо рӯмоли сурх баста озими «ширум»- хирманҷоҳ, яъне майдони баргузории маросим мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки «ширум» шакли доира дошта, тимсоли замин ва офтоб мебошад. Аввал се маротиба гирди чошт давр зада, ба ду зону мешинад ва рӯи хешро сӯи Қибла гардонда, дар ҳаққи Бобои Деҳқон, ки ҳомӣ ва пуштибони марди кишоварз аст, дуо мехондад. Сипас шукронаи ҳосили ба дастоварда мекунад, инчунин ба аҳли деҳа рӯзгори осуда, фаровонӣ ва сериву пуриро таманно мекунад. Пас аз хондани дуои «сари-сêр» мӯйсафед бо дуд кардани гиёҳи муқаддаси «ситирахм», ки тибқи бовариҳо радкунандаи кулли офатҳои заминӣ ва осмонӣ дониста мешавад, маросимро оғоз мекунанд. Чошт шакли конусӣ ё дарозрӯяро дошта, таҷассумгари ҷисми Бобои Деҳқон дониста мешавад. Мӯйсафед ҳамроҳи се нафар деҳқони асил чор тарафи чоштро бо дастаи «сêр-фай», яъне бели махсуси чӯбӣ, бо се адад хати рост ва ба миқдори чор доира оро медиҳанд, ки ин амал дар гӯиши сокинони ин мавзеъ «(ҳ)алол чӣдов», таҳтуллафз ҳалол намудан ном дорад. Шояд чор адад доира рамзи офтоб буда, гардиши сол ва фаслҳои онро ифода мекунанд ва чор тарафи чошт ифодагари чаҳор аносир (об, хок, бод, оташ) ва инчунин чор фасли сол мебошанд. Се адад хат аз чор тараф ифодагари чор фасли сол, ки ҳар кадомашон аз се моҳ иборат аст дониста мешавад. Дар болои чошт бошад, хати печдор (спиралшакл)-рамзи заҳмат ва талоши марди деҳқон барои ба даст даровардани ҳосили фаровон, инчунин пирӯзии ӯро ифода мекунад, кашида шуда, саргини барзаговро, ки ба тариқи рамзӣ ифодагари тоқии Бобои Деҳқон мебошад, гузошта мешавад. Саргини барзаговро маъмулан дар маросими ҷуфтбаророн махсус омода мекунанд, ки дар дохили он донаҳои гандум ё ҷавро ба хотири фаровонии ҳосил мегузоранд. Аз тарафи рост бошад дар пеши чошт корд, бели чӯбӣ ва ҷорӯби аз навдаҳои буттаи ҷангалӣ тайёркардаро мегузоранд, ки гӯё кулли офатҳоро пешгирӣ мекардаанд.
Пас аз анҷом додани оини «чоштбандон» то маросими «чоштгирӣ», яъне интиқол додани ғалла ба анбор, ки одатан ду-се рӯзро дар бар мегирифт, табу (дар лаҳҷаи сокинони маҳаллӣ «кеẋ») гирифта мешуд, ки ниҳоят муҳим ҳисоб меёфт. Риоя накардани табу, гӯё сабаби ҳар хел офатҳо мегард. Дар ин маврид бо овози баланд гап задан, дашном додан, таҳқир намудан, дуздӣ кардан, шукрона ба ҷо наовардан, мамнӯъ аст. Ба пеши чошт омадани занону кӯдакон, шахсони бегона ва ҳайвонот қатъиян мумкин нест. Дар ин бора ҳамсӯҳбатамон Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини мавзеи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, ки донандаи хуби оин ва анъанаҳои мардумӣ мебошад, қиссаеро ҳикоят карданд: «Дар ин мавзе ҷое бо номи «сêр-буқ»- айнан маънои кулулаи чошт мебошад аз замони қадим маъмул аст. Замоне дар ин водӣ мардуми зиёд дар хиргоҳҳо зиндагӣ карда, ба зироаткорӣ машғул будаанд. Ҳангоми маросими «чоштбандон» марде қоидаҳои табуро риоя намекунад. Вай бо овози баланд ва ғазаболуд мегуфт: «Ҳосили гирифтагиам ночиз аст». Гӯё ҳамин замон чошт ба санги калон табдил меёбад ва тамоми хиргоҳҳо низ ба санг мубаддал мегарданд». Гарчанде қисса асоси илмӣ надошта бошад ҳам, дар он хислатҳои бад, ки сабабгори ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мегарданд, нишон дода шуда, инсонро ба пок намудани вуҷуди хеш аз бадиҳо, қаноатмандӣ ва шукргузориро пеша кардан талқин шудааст.
Пас аз хотима ёфтани табу ҳосили гандум ба анбор кашонда мешавад, ки миёни сокинон бо номи маросими «сêр-зêẋт» маъмул аст. Дар маросими мазкур оин ва анъанаи хосе, ки ба он вобаста ҳастанд, ба ҷо оварда мешаванд. Дар оғоз мувофиқи русум соатбин рӯзу соати саъдро муайян мекунад. Сипас мӯйсафеди рӯзгордида барои баракатӣ ва фаровонии донаи гандум дуо мехонад. Пас аз хатми дуо соҳиби чошт ба ду зону мешинад ва рӯйашро ба тарафи офтоббаро гардонда, муддате хомӯш мемонад. Баъдан табақи чӯбинро дар болои дуди гиёҳи «ситирахм» дақиқае нигоҳ дошта, табақро аз донаҳои гандуми поёни чошт пур карда ба боло мепартояд. Ин амал се бор такрор меёбад, ки рамзӣ буда, оғози киштукор ва анҷоми онро ифода мекунад. Дар ин ҳангом, агар шахси бегона аз пеши хирманҷо мегузашт «баракато» гуфта салом медод ва дар ҷавоби салом «баракат аз худо» мегуфтанд. Баъди ба ҷо овардани расму русум як табақ гандумро гирифта дар хирманҷо мемонанд, ки он «Хӯҷаи Хизри ақ», яъне ҳаққи Бобои Деҳқон ҳисоб меёбад.
Расму русуме, ки дар ин ду маросим иҷро мегарданд саропо рамз буда, робитаи қавии инсон ва табиатро таҷассум намудаанд, инчунин меҳру муҳаббат, некӣ кардан, дӯстӣ ва садоқат, талоши кишоварз барои баракат ва фаровонии ҳосилро нишон медиҳанд.
Адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки расму русумҳои иҷрошаванда марбут ба маросимҳои «чоштбандон», «чоштгирон» ва дигар маросимҳои кишоварзӣ таърихи хеле қадима доранд ва унсурҳои боқимондаи ҷашни миллии Меҳргон буда, дар саросари кишвар бо баъзе тафовутҳо дар ҳар як минтақа ва маҳал ба ҷо оварда мешудаанд.
Китобнома:
- Андреев, М.С. Материалы по этнографии иранских племён / М.С. Андреев, А.А. Половцев. - Санкт-Петербург: тип. Акад. наук, 1911. – 41 с.
- Андреев, М.С. Таджики долины Хуф. Под ред. Э. Кочумкуловой. Вып. 1-2. Переизд. / М.С. Андреев. - Б.: ОсОО «Джем Кей Джи»,-2020. – 794 с.
- Мухиддинов, И. Реликты доисламских обычаев и обрядов у земледельцев Западного Памира / И. Мухиддинов. – Душанбе: Дониш, 1989. – 100 с.
- Ҳазратқулов М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол / М. Ҳазратқулов.- Душанбе: ЭР-граф, 2012.- 483 с.
Руйихати ҳамсӯҳбатон:
- Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 12. 08. 2016.
- Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини деҳаи Риҷези ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 9. 08. 2016.
Муфассал ...