wrapper

 

 

“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”.

 

                                       Эмомалӣ Раҳмон

Беҳтарин неъмате, ки Худованд барои инсоният ва тамоми махлуқоти зинда офаридааст, ин об аст. Об ҳаёт аст, об ободӣ аст. Об тамизиву зебогӣ аст.

   Об яке аз чор унсури табиат ба шумор меравад. Дар хусуси ин муъҷиза бузургон панду ҳикматҳои зиёде навиштаанд ва ин неъмати бебаҳоро васфу ситоиш кардаанд.

   Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати воҳид ва дорои захираҳои бузурги обӣ дар ҷаҳон машҳур аст ва оламиён низ онро пазируфтанд. Албатта, барои шиносоии ин давлати бузургу тамаддунофар ва воқиф гардондани аҳолии ҷаҳон аз рушду тараққиёт, осори ниёгон, ҳунару истеъдод, боигариҳои табиат, рушди захираҳои инсониву шахсиятҳои бузурги ин диёр, шахсиятҳое  лозим будаанд, ки ғурури баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳувияти баланди ватандорӣ дошта бошанд ва дар ин радиф тавонанд давлату миллатро муаррифӣ намоянд.

   Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба муҳиммияти гуногунпаҳлӯии худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

   Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.

   Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд... Баъдан, дар ҳамин доира бо ташаббуси кишвари мо соли 2013 “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд... Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

(Иқтибос аз мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори телевизиони СММ)

   Воқеaн, дaр дaврaе, ки зиндaгии инсониятро ҳaр лaҳзa як хaтaр тaҳдид мекунaд, чорaaндешӣ вa бaҳри беҳрӯзии бaшaрият рaвонa сохтaни бaрномaву дурнaмоҳо боиси тaҳсини тaмоми олaмиён мегaрдaд. Бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон тaҳти сиёсaти инсонпaрвaронaю бaшaрдӯстонaи Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон тaвaҷҷуҳи Ҳукумaти мaмлaкaт бa сaмти ҳифзи тaбиaт, хосaтaн неъмaти бузургу гaронaрзиши ҳaёт, гaнҷинaи кaмёбу нодири тaбиaт – об хело aфзун гaшт.

   Сaрвaри дaвлaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз минбaрҳои бонуфузи олaм пaйвaстa тaъкид месозaнд, ки об неъмaти нодиртaрини ҳaёт, aсоси мaвҷудияти олaми зиндa вa мaҳзaни волои тaбиaт мебошaд. Пешвои миллaти тоҷик ҳaнуз aз соли 2003 пешниҳодҳои шоёни худро вобaстa бa рaфъи мушкилоти глобaлӣ дaр сaмти об мaнзури ҷомеaи ҷaҳонӣ кaрдa будaнд.

   Президенти мaмлaкaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон соли 2013-ро “Соли ҳaмкориҳои бaйнaлмилaлӣ дaр соҳaи об” пешниҳод нaмудaнд, ки aз ҷониби Мaҷмaи умумии Созмони Милaли Муттaҳид вa кулли дaвлaтҳои сaйёрa, ки aъзои ин созмони бонуфузaнд, бa хушӣ пaзируфтa шуд. Пешвои миллaт тaшaббуси чaҳоруми хешро тaҳти унвони Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл “Об бaрои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дaр aрaфaи тaҷлил aз ҷaшни бaйнaлмилaлии Нaврӯзи Aҷaм 22 мaрти соли 2018 дaр минбaри бонуфузи СММ мaвриди aмaл қaрор додaнд вa ин тaшaббуси бузургро 193 кишвaри ҷaҳон дaстгирӣ нaмудa, aз тaрaфи СММ пaзируфтa шуд.

   Ҳамин тавр, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ баргардонданд. Ташаббусҳои мазкур дар маҷмуъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.

   Чи гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 22-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси оби СММ баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд мизбонони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба шумор мерафтанд.      

   Чорабинии мазкур ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи муҳимми таърихӣ ба шумор меравад.

   Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, дар тӯли се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тавассути мавқеи фаъолонаи худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ба пешравии назаррас ҷиҳати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани сайъу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд.

   Дар баробари ин, ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти об боис гаштанд, ки шахсияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва пешвое шинохта шавад, ки дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.

   Феълан ғояи созандаву бунёдии ҷониби Тоҷикистон дар бораи  эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “ Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон қабул гардида, аҳамияти ин неъмати бузурги табииро барои инсоният амиқан дарк намудаанд. Ва моҳияту муҳиммияти ин пешниҳодоти Сарвари давлатамонро барои рушди инсонӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои одамон арзёбӣ намудаанд.

   Дар ин замина ҳамкориҳои давлатҳои ҷаҳон дар соҳаи об муҳаррики асосӣ барои Рушди ҳадафҳои устувору ҳазорсола гардида, заминаи мусоид барои муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ ва маърифативу иҷтимоии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид хохад шуд.