wrapper

Бо ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 ин ҷониб Тоҷикистони кучаки мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳониён муаррифӣ шуда истодааст.

Бисту дуюми марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об « Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 декабри оли 2018 чунин иброз доштанд:

«Соли 2018 дар аёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз гардид».

Дар ин замина бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Бинобар ин мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, аз соли 2025 дар саросари ҷаҳон се рӯз, аз 21 то 23 март ҷашнҳои вобаста ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.  

Қобили зикр ва ифтихор аст, ки солҳои пеш, агар бештари мамолики дунё шояд, ки дар бораи кишвари мо маълумот андаке доштанд, дар даврони на чандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанд ва ташаббусҳои ӯро дастури амал қарор медиҳанд.

Ҳарчанд пешниҳоди Президенти кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид дар мадҳи аввал ҳамчун ба об ва ҳифзи пиряхҳо равона шуда бошад, вале аз тарафи дигар онҳо як ҷаҳон маъниро таҷассум мекунанд.

Бо ин пешниҳодҳо Пешвои миллат сарони давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки бидуни нишон додани қудрат ба тариқи силоҳ, ҷанг ва қисмати ҳудуд, башаррият ба ҳалли масъалҳое ниёз дорад, ки оқибати онҳо барои на фақкат умри инсон, балки тамоми мавҷудоти зинда низ хатари ҷиддиро эҷод мекунад.

Бинобар ин муттаҳид шудани мамолики ҷаҳон дар гириди ҳалли чунин мушкилот дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд тарафайнро ба бор меорад. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 иброз доштанд: «Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст.  Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад».

Оре:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Хулоса Пешвои миллат бо чунин ташаббусҳои хирадмандонаи худ сарони мамолики дунёро ба сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ба қавли худашон «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!», даъват мекунад.

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,

Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

 

 

Охонниёзов Қ.Д - ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ, АМИТ