wrapper

Институт

Институт

ПАЁМИ СОЛ - ПАЙҒОМИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ВОҚЕИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳақназар Имомназар ходими

илмии Институти илмҳои гуманитарии

ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

 

ПАЁМИ СОЛ - ПАЙҒОМИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ВОҚЕИИ ТОҶИКИСТОН - Чанд бардошт аз фалсафаи Паёми соли 2024 ва воқеиятҳои ҷомеаи тоҷикистонӣ

       Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳимтарин санади сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, аз як тараф ҷамъбасти як марҳилаи пешрафти кишвар, дар намунаи як соли (2024) бобарори он, бо таҳлилҳои амиқи илмӣ-воқеии тамоми соҳаҳои ҳаёти он, раҳнамоӣ ва пешгӯиҳои хирадмандона барои як соли дигари талошҳо ва қадамҳои устувортар ба самти ҳадафҳои олии миллӣ мебошад. Паёми сол аслан пайғоми ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави воқеии рушди он аст, зеро замони сӣ соли сипаришуда, мамлакат асосан давраи эҳё ва барқарорсозии худро ҳамчун воҳиди сиёсӣ-иқтисодӣ дар ин ҷомеаи ҷаҳонӣ муваффақона паси сар кард. 

    Аз ҷониби дигар, Паём ин Эъломияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои Президенти он, ҳамчун тантанаи пирӯзиҳои навбатӣ дар набардҳои ҷаҳони ба маротиб бесуботгашта ва душворпешгӯишаванда, вале воқеӣ мебошад. Ба ибораи дигар, Президенти мамлакат ба намояндагӣ аз номи мамлакат, миллат ба тамоми тоҷикони дохилу хориҷи кишвар, ҳамзамон ва ба хусус, ба тамоми ҷаҳониён пайғому эълом доштанд, ки чунин мамлакати ҷавоне дар ҷаҳон ба номи Тоҷикистон аст, ки бо сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (воҳид), бо сиёсати мустақили дохилии самти иҷтимоӣ дошта ва сиёсати “дарҳои боз”-и хориҷии худ, дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам фаъолона саҳмгузор мебошад. Дар Паём махсусан таъкид гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳои кишвар ба шарофати яке аз беҳтарин панҷгонаи Конститутсияҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда, ба номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст, ки соли гузашта, тамоми мардуми кишвар 30-солагии онро бо ифтихор ва тантана ҷашн гирифтанд.

    Новобаста аз авзои бӯҳронии ҷаҳони мудерн, Паём ҳамчунон Эъломияи пешрафти устувори кишвар дар марҳилаи воқеии рушди он, ҳамчунон сарварӣ ва мудирияти муваффақонаи роҳбарияти олии он мебошад, ки дар дастовардҳои беназири он, ваҳдати комили сокинони он, саҳми созандаи мардум барои сарзамини аҷдодӣ равшан инъикос ёфтааст. Зеро дар кӯтоҳтарин фурсати таърихӣ, бахусус, дар шароити рақобатҳои шадидтар гаштаи қудратҳои ҷаҳонӣ, барои бозтақсими нуфус дар ҷаҳон, ба чунин сатҳи рушд ва дастовардҳо расидани Тоҷикистони мустақил, ҳар гуна шубҳаҳоро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар аз байн бардошта аст.

      Мо аз баёни муваффақиятҳои назарраси ба даст омада, аз таҳлилу рақамҳои дар ин санади муҳими давлатӣ зикршуда худдорӣ карда, ба моҳияти таҳлилҳои илмӣ-воқеӣ ва оянданигарии мантиқии Пешвои миллат, бо чанд бардоштҳои худ таваҷҷӯҳ карданием. Зеро бо нигоҳи амиқтар, ҳар ҷумлаи Паёми имсола, фалсафаи худро дорад, ки моҳияти он бояд ба таври содда, ба ҳар сокини кишвар расонда шавад, ки мо ҳам онро дар ин маводи кӯтоҳ вазифаи худ қарор додаем.

       Роҳбари давлат дар оғози Паёмашон аз мушкилоти афзудаи ҷаҳони муосир, аз мухолифатҳо ва хатарҳои дар он суръату шиддати бештар пайдо карда, зикр намуда, дар айни ҳол, таъкиди махсусе доштанд, ки “...мардуми Тоҷикистон, мисли тамоми дигар кишварҳои пешрафта, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, ки ин ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат мебошад...”. Бояд зикр шавад, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои олии давлат, заминаҳои мустаҳкам низ гузошта шудаанд, ки як тасдиқи он, дар тӯли панҷ соли охир таъмин шудани суръати рушди ММД ба 7,7 фоиз мебошад. Дар ин замон, яъне панҷ соли охир, музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳо, ба шумули нафақаву стипендияҳо, чор маротиба баланд бардошта шуда, ба сад фоиз расонда шуд, ки намунае аз қадамҳои мушаххас дар роҳи ҳадафи олии Ҳукумати кишвар, яъне таъмини зиндагии шоиста барои тамоми сокинони он мебошад.

       Рақамикунонии иқтисоди кишвар, инноватсияи он (навоварӣ), ҳамчун яке аз талаботҳои воқеии замони муосир, ҳамзамон яке аз авлавиятҳои Ҳукумати мамлакат дар марҳилаи навбатии рушд мушаххас шудааст, ки дар мавриди заминаҳои он, амалӣ кардани онҳо чораҳои зарурӣ ҳам андешида шудаанд. Таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ш. Кулоб ва дар пояи он таъсиси марказҳои илмӣ дар қаламрави тамоми кишвар, боло бурдани маърифати молиявии шаҳрвандон, масъулияти андозсупорӣ ҳамчун нишонаи маърифату масъулияти шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи нуктаҳои калидии Паёми имсола мебошанд.

      Роҳбари давлат бо дилсӯзӣ ва мардумсолории хос зикр доштанд, ки; “Ман ташвиши мардумамонро дарк мекунам”, ки ин нишонаи огоҳӣ аз тамоми мушкилоти муваққатии мардум ва дар айни замон баёнгари ғамхорӣ ва пайваста дар андешаи беҳбудии зиндагии мардуми кишвар будани Сарвари давлат мебошад, ки ҳамзамон тамоми кормандони масъули ниҳодҳои давлатиро барои анҷоми хизмати софдилона ба сокинони кишвар, ҳамчун вазифа ва масъулияти асосӣ даъват карданд. Пешвои миллат вазифагузорӣ карданд, ки суръат додани сохтмони неругоҳи бузурги Роғун, неругоҳи Себзор, тақвияти иқтидори неругоҳҳои дигари кишвар, ва дар маҷмӯъ истифодаи захираҳои обии кишвар, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ду соли оянда мебошанд, ки барои комилан бартараф кардани норасогии неруи барқ дар тамоми қаламрави кишвар то соли 2027 равона шудаанд.

       Яке аз нуктаҳои қобили зикри Паём ин таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат ба мақоми занон дар мамлакат аст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Фалсафаи ин таъкиди оқилонаи Пешвои милат дар он аст, ки саҳми занон дар ҷомеа, пояи қавии имрӯзу фардои мамлакат боқӣ мемонад. Зеро занон пеш аз ҳама, тарбиятгарони наслҳоянд ва дар ин кор мисли фаъолиятҳои дигар эҳсоси масъулияти баландтар доранд. Ояндаи давлати худӣ, пешрафти он, ба давлати пешрафтаву маданӣ табдил додани он, парвардани эҳсоси миллӣ ва ватанмеҳварӣ дар мафкураи ҷавонон, ки фардои давлатро ба даст хоҳанд гирифт, маҳз ба занону модарон вобастагӣ дорад.

       Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали эҳёи давлатдории тоҷикон, самти  маорифро дар қадами аввали афзалятҳои давлат қарор доданд. Чунин сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар соҳа корҳои бузург анҷом шаванд. Аз ҷумла, биноҳои аксари кулли макотиби мамлакат азнавсозӣ шуда, беш аз 1000 адад мактаби замонавӣ аз нав сохта шуданд, шароити иҷтимоии кормандони соҳа, ҳар сол беҳтар фароҳам шуда истодааст. Дар Паёми соли 2024, аз ҷониби Роҳбари давлат ба таври мушаххас вазифагузорӣ шуд, ки дар тамоми нуқтаҳои аҳолинишине, ки беш аз 100 оила истиқомат доранд, мактабҳои типи нав сохта шаванд. Ҳадафи ниҳоии тамоми ин чорабиниҳо, тақвияти низоми маорифи кишвар аст, ки ба таври куллӣ тағйир, бознигарӣ ва такмил барномаҳои таълимии низоми маориф, муҳтавои маводи дарсӣ ва ба ҷаҳонбинии муосир созгор кардани он мебошад.

     Дар бахши илм, дар Паёми Президенти муҳтарами мамлакат ба таври мушаххас таъкид гардид, ки бо вуҷуди нишондодҳои қисмати миқдорӣ, зарурати ҷидии ворид кардани тағйироти сифатӣ дар илм ба миён омадааст. Ба хусус, масъалаи таҳия ва омода кардани мутахассисони соҳаҳои барои талаботи марҳилаи кунунии рушди кишвар ва ҳаёти ҷомеаи он зарурӣ дар радифи вазифаҳои афзалиятнок қарор дода шуданд. Ба таври дигар, сифати натиҷаҳои илмӣ ба таваҷҷуҳи махсус, аз ҷумла, омода кардани кадрҳои босалоҳияту дорои касбу ҳунар, маҳорати ихтирокорӣ, донандаи забонҳои маъмули хориҷӣ ва ғайра зарурати бештар мешавад. Дар ин маврид ишораи дурандешонаи Пешвои миллат ба масъалаи ҳамгироии кишвар, дар марҳилаи нави рушди он бо ҷаҳони мудерн аст, ки дар он касбият, салоҳият, доштани донишҳои замонавӣ ва рақобат шарти муҳимтарин боқӣ мемонанд.

     Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали эҳёи давлатдории худӣ дар тамоми суханрониҳои муҳимашон, соҳаи маорифро ҳамеша ҳамчун калиди ҳалли тамоми мушкилиҳо ва ҳамзамон роҳи асосии дастрасии бештар ба дастовардҳои бузургтар нишон доданд. Дар Паёми имсола таъкиди кӯтоҳ, вале хеле пурмаъноашон, “...ки ҳама гуна пешрафтро маориф ва илм таъмин мекунад, на чизи дигар...” посухи ҳамаи саволҳои ҷомеа мебошад. Тамоми ин дастуру раҳнамоиҳои дар Паёми имсола ироа шуда, тадбирҳои дигари амалӣ шуда ва дар маҷмӯъ, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба он равона шудаанд, то ки раванди пайвасташавии кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба монеаҳо рӯ ба рӯ нашавад, зеро рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамқадамӣ бо замон барои кишвари ҷавони мо, як амри зарурӣ ва ногузир буда, омодагии ҷиддитарро талаб мекунад.     

     Муҳимтарин талаботе, ки муҳтавои Паёми сол назди аҳли илм гузоштааст, ин ба ниёзҳои замони муосир мутобиқ кардани худи илм, яъне ба ҳаёти воқеӣ наздик кардани тадқиқотҳо ва дастовардҳои илмӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ба хотири таъмини ҳамгироии мамлакати ҷавони мо бо ҷаҳони воқеии муосир, аз низоми маориф ва илми кишвар бо тамоми ҷиддият тақозо мешавад, ки аз ҷараёнҳои мухталифи замони мудерн, бахусус, раванди печидаи ҷаҳонишавӣ ва ба самти чандқутбӣ равандаи ҷаҳон дар канор намонад. Фалсафаи ин таъкидоти Пешвои миллат, тамоми талошҳояшон содда, вале хеле арзишманданд, яъне Тоҷикистонро бидуни бохтҳои бузург, ба қатори кишварҳои пешрафта расондан аст, ки қобили қадрдонии хос ва дар айни замон саҳмгирии ҳавасмандонаи ҳар фарди кишварро талаб мекунад.

     Роҳбари давлат Ҷаноби олӣ дар мавриди зарурати рушди ҳамаҷонибаи низоми маориф, бо дилсӯзии хоси худашон, як ҷамъбандии дақиқро дар шакли ҳушдори раҳнамоикунанда ва воқеӣ карданд, ки “... то ба маориф ҷомеа рӯ наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳо ва корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд”, ки аз ҳар як сокини кишвар, бозандешии амиқи воқеиятҳо ва оянданигариро тақозо мекунад. Аз дидгоҳи мо, фалсафаи ин таъкиди дурнигаронаи Роҳбари давлат хеле амиқтар аз он аст, ки тасаввур мешавад. Мушоҳидаву мутолиаҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаи мо, алҳол бештар аз ҳама, ба тағйироти ҷиддӣ дар ҷаҳонбинӣ эҳтиёҷ дорад, яъне ба ҷаҳонбинии комилан нави илмӣ, воқеӣ ва на тақдиргароёна ва на таваккалӣ, ки ҳанӯз қисме аз аъзои ҷомеаамон дар гирифтории он мондаанд. Воқеият чунин аст, ки ҷаҳонбинии як қисме аз ҷомеаамон дар замони ба ном гузариш зери таъсироти гуногун, ба хусус, ҷаҳонбинии хурофотиву тааассубгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи сиёсии зери чатри адён паноҳ бурда, қарор дода мешаванд, ки барои рушди ояндаи кишвар монеа ва ҳатто таҳдиди ҷиддӣ ҳам шуда метавонад. Дар чунин ҳолат, роҳи ягонаи берунрафт аз вазъи ҷаҳолату эҳсосот, ноогоҳӣ ва ҷаҳонбинии ақибмонда, маҳз ҷомеаи нави донишбунёд, донишмеҳвар аст, ки зарурати низоми қавӣ ва муосири маорифро бори дигар таъкид месозад. Ба яке аз таъкидоти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ шавад, ки фармудаанд; “...сабаби асосии бадбахтиҳо, эътибор надодан ба мактабу маориф, фароҳам насохтани муҳити зарурӣ аст...”. Албатта тарбия аз оила оғоз меёбад, ки дар пояи он мафҳуми хеле дақиқ воридкардаи Роҳбари давлат “сифати аҳолӣ”ташаккул меёбад.

      Пешвои миллат, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон такроран ва хеле ба мавқеъ таъкид карданд, ки “...бори дигар мегӯям, ки хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат танҳо бадбахтӣ меорад”, ки маънои набудани донишу огоҳӣ буда, ба шарҳе ҳам эҳтиёҷ надорад.

      Аз диди мо, таъкидоти ҳамешагии Пешвои миллат ба соҳаи маориф, ҳадафу фалсафаи мушаххас доранд, ки хулосаи он таъкиди такрорӣ боз ба ҳамон мафҳуми ҷаҳонбинии қисме аз аъзои ҷомеа мебошад. Ба ибораи дигар, замони ҷаҳонбинии суннатӣ, анъанавӣ хеле гузаштааст ва зарурати замон ҷаҳонбинии илмии муосир аст, ҳарчанд тағйири он кори содда ва яклаҳзаина ҳам намебошад. Аммо агар ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳам мисли миллатҳо ва кишварҳои тараққӣ карда, хоҳони пешрафт, мавқеи муносиб, шарафу номус, эътирофу эҳтироми сазовори гузаштаи худ ва хоҳони ҳамқадамӣ бо ҷаҳони пешрафта бошад, роҳи ягонаи он аз масири маориф, илму дониш, яъне ҷаҳонбинии муосир мегузарад.

       Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон ишора карданд, ки “... ҳамаи мо як масъулият дорем, дар ҳар вазифаву мақоме, ки бошем, ин хизмат ба мардуми худ аст, ба мардум роҳи дуруст нишон додан аст”. Яъне 80% аҳолии кишварро сокинони деҳот ташкил медиҳанд, ки бештар ба раҳнамоии дурусти воқеӣ, илмӣ эҳтиёҷ доранд, то аз ҷониби ҳар гуна неруҳо, ба манфиатҳои хилофи миллӣ ва башарӣ суистифода нашаванд, то “... давлатҳои орому осуда ва дар ҳоли рушдро қурбони як ғаразу ҳадафи маҳдуди сиёсии худ нагардонанд, аз байн набаранд.”  

     Роҳбари давлат дар мавриди фарҳанг низ таъкидоти хеле нишонрас ва пурмуҳтаво баён доштанд, ба монанди; “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, “Наврӯз буд, ки моро ҳамчун миллати фарҳангӣ то ба имрӯз расонд” ва ғайра, ки моҳияташон хеле равшан аст.

    Як нуқтаи дигари муҳими Паёми сол ин саҳмгузории пешоҳангонаи Тоҷикистони ҷавон, дар арсаи фаъолиятҳои байналмиллалӣ, дар муқоиса бо бештар аз 220 кишварҳои собиқадори бузургу кӯчаки дунё аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, шурӯъ аз соли 2003, бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чандин пешниҳодҳои сатҳи давлатиро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба ҷаҳониён ва ба манфиати кишварҳои минтақа, аз тариқи СММ ироа карданд. Бар илова, пешниҳодоти дигари сатҳи ҷаҳонӣ, ба хотири эҳё ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускору сазовор муаррифӣ карда, эҳтирому эътибори ҷаҳонии онро дар арсаи байналмиллалӣ ба сатҳи баландтар бардоштанд.

     Яке аз нуқтаи хеле муҳими дигари Паёми имсола, пешниҳоди нави дигари сатҳи ҷаҳонии Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони байналмилалии фарҳангии  СММ, ЮНЕСКО, дар мавриди таҷлили сатҳи ҷаҳонии 2500-умин солгарди нахустин “Эъломияи ҳуқуқи башар”-и Куруши Кабир мебошад, ки аз тарафе қобили ифтихори миллӣ ва аз ҷониби дигар, боиси баландтар шудани маҳбубияти хоси миллат нисбати шахси худи Пешвои мардумии миллат мебошад. Пешвои миллате, ки гузаштагони он дар саргаҳи тамаддуни башарӣ саҳми бузург доштаанд, ба хусус, бори нахуст дар таърихи башар барои ҷаҳониён тарзи давлатдориро дар пояи низоми ҳуқуқ ва қонун нишон доданду омӯзонданд, маҳз бо хиради сиёсии хоси худ, бо истифода аз мавқеи лидери эътирофшуда дар доираҳо байналмилалӣ ва дарки амиқ аз воқеият ва адолати таърихӣ, мероси ин аҷдоди пурифтихори миллат, Куруши Кабирро дар ҷаҳон ба сатҳи сазовор бардоштанд. Ин Эъломияи машҳур, намунаи аввалин ва беҳтарини модели давалатдорӣ ва намунаи ҳамзистии халқу миллатҳои гуногун, бо мансубиятҳои мухталифи нажодӣ, ақидатӣ буд, ки Куруши Кабир тавонист, тамоми халқияту миллатҳо, эътиқодмандони адёни мухталифро дар аввалин империяи бузурги ҷаҳон, дар асоси ҳуқуқу қонун муттаҳид кунад. Ҳамчун шаҳрванди кишвар, бо ифтихору эҳтироми фавқуллода ин иқдоми бузургу санҷидашудаи Пешвои мардумии худро, ҳамчун барқароркунандаи адолати таърихи башарӣ ва хеле дурнигарона медонам, ки барои мақому эътибори миллату сарзамини куҳантамаддуну бостонӣ ва ҳар як сокини ин кишвар мояи бузургтарин ифтихор ва рӯҳбаландӣ хоҳад буд.

      Ҳамин тариқ, агар фалсафаи ин санади муҳим, ба номи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли ҷорӣ ҷамъбандӣ кунем, он як пайғоми таҳлилӣ-стратегӣ барои ворид шудани мамлакат аз марҳилаи эҳёву барқарорсозии давлати худӣ ба марҳилаи рушди воқеӣ мебошад. Дар ин марҳилаи нав ҳам, ҳифзу таҳкими минбаъдаи дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун заминаи боэътимоди рушду шукуфоии ояндаи он боқӣ мемонанд. Дар таъкиди такрор ба такрори Пешвои миллат омадааст, ки барои расидан ба он ҳадафҳои олии давлату миллат “мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро соҳибӣ кунему сидқан дӯст дорем, дар фикри фарзандони худ, хушбахтии онҳо бошем”. Яъне ибораи калидӣ дар ин таъкид, бо тамоми маъно “соҳибӣ кардани Ватани аҷдодии худ” ва барои фарзандону ояндагони худ, ба мерос мондани Ватани ободу озоду шукуфо аст. Ба ҳар гуна бозиҳои иғвоангезонаи гурӯҳҳои ранҷидаву мухолиф ва ҳасуди ҳама гуна пешрафтҳои кишвар, ташкилотҳои ғаразноку шубҳаноку беоқибат, ки зери ниқобҳои “демократия“ ,”озодии ғарбиёна”, “исломи ноб” ва ё “мудҳо”и дигари машкуки замон ва бо оқибатҳои торику номаълум, ки ба хатари воқеӣ, ҳатто аз байнравии давлатдориҳо ҳам анҷом ёфтаанд, бояд муқовимати ҷиддӣ нишон диҳем.

      Дар мавриди тарғиби ин ҳуҷҷати раҳнамоикунанда, ба назари мо муҳим аст, ки аз ҳар гуна куллигӯиҳо, шиорпартоиҳо, суханҳову ибораҳои умумӣ ва абстрактӣ, такрори таҳлилу дастуроти мушаххасу мантиқии Пешвои миллат худдорӣ шавад, зеро тамоми он дар сатҳи олӣ анҷом шуда, ба зикри такрорӣ ва намоишкорӣ ягон зарурате надоранд. Коре, ки бояд ҳар ватанпараст анҷом диҳад, ин шарҳи соддаи раҳнамоиҳо ва дастуроти Пешвои мардумии миллат аст, ки бояд ба тарзи барои дарки омма дастрас анҷом дода шавад, ки ин саҳми ҳар яки мо хоҳад буд. Ба таври дигар, ҳар фарди огоҳ бояд ба ташвиқу маъруфгардонии ҷаҳонбинии ба донишу огоҳӣ, илми амалӣ асосдошта таваҷҷуҳу такя кунад. Яъне ба таври содда ба мардум расонда шавад, ки то донишҳои замонавиро таври бояду шояд наомӯзем, тафаккури тақдиргароёна ва хурофоту тааассуби дар ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа боқӣ монадро пок карда наметавонем. Ва то замоне, ки мо ҳаёти худро дар дасти худамон нагирему онро ба қисмату сарнавишту хурофоти мавҳум ҳавола кунем ва ба ҷойи дуову фолу сеҳру ҷоду ва истихора ва ё ба умед ба дигарон бандему кору амали мушаххас анҷом надиҳем, дар зиндагии фардӣ ва ҷамъӣ ҳамеша ба монеаҳо рӯ ба рӯ хоҳем шуд ва аз ҷаҳони воқеӣ ақиб хоҳем монд. Бояд возеҳ дарк шавад, ки сарнавиштамонро чӣ дар сатҳи фардӣ ва чӣ ҷамъӣ танҳову танҳо худамон месозем, на каси дигар ва на тарзи дигар, ба ибораи дақиқе” сарнавиштро бояд (ҳар яки мо) дар сар ва аз сар навишт”.

      Ба ҳайси як шаҳрванди оддӣ ва бо каме таҷрибаи ҳаётиву корӣ дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла, хориҷ аз қаламрави кишвар, бори дигар, бо истифода аз фурсат, ба ҳамватанони муҳтарам гуфтанием, ки роҳбарияти олии кишвар, таҳти раҳнамоии дурбинона ва ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, тамоми фаъолияти пешвоиву сарвариашонро ба дараҷаи олӣ ва ба маротиб бештар аз тамоми интизороти миллат анҷом додаанд ва анҷом медиҳанд, ки он як воқеияти эътирофшуда мебошад. Дар ивази тамоми он корҳои бузургу бесобиқае, ки аз ҷониби Пешвои мардумии миллат барои эҳё ва барқарорсозии ин сарзамини аҷдодӣ ва рушди минбаъдаи он анҷом шудаанд ва ҳамеша ҳам дар кӯшишу талошҳои хастанопазир, заҳматҳои шабонарӯзӣ дар роҳи ободиву шукуфоии Ватани азизамон мебошанд, аз ҳар яки мо танҳо як чиз талаб карда мешавад ва он ҳам, ба қадри имкони худ дар ҳаёти Ватани азиз саҳм гирифтан аст, ки он ҳам  фардо ба манфиати ояндагони боз ҳам хушбахттари худи мо хоҳад буд.

Муфассал ...

БАЪЗЕ НУҚТАҲО АЗ ОЯНДАБИНИИ СТРАТЕГИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир
доктори илмҳои филологӣ
 
БАЪЗЕ НУҚТАҲО АЗ ОЯНДАБИНИИ СТРАТЕГИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024)
 
Мардуми мо мисли халқҳои дигар
мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии
зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва
Ҳукумати Тоҷикистон. (порча аз суханронии Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар соли 2024)
 
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу барасии амиқ қарор дода шуданд. Бо назардошти дастоварду пешравиҳо, камбудиҳои ҷойдошта сарвари давлат ба масъалаи нақшаву вазифаҳои кутоҳ, миёна ва дарозмуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона намуд.
     Лозим ба ёдоварист зимни муайян намудани соҳаҳои афзалиятнок, тадбирҳои аввалиндараҷа барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум Пешвои миллат диққати ҳамагонро ба хатарҳои имрӯзаи ҷаҳону минтиқа равона намуданд. Яъне ҳамаи самту нақшаҳои стратегии давлатро Роҳбари кишвар бо ба эътибор гирифтани хавфу хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолиятҳои дигари манфӣ дар сайёра муайян ва мушаххас намуд. Аз ҷумла Президенти кишвар таъдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосирро ба монанди “нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот”-ро дар оғози ироаи Паём қайд карда, дар навбати нахуст вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян намуданд. Дар ин радиф таъмини “амнияти миллӣ», «рушди устувори иқтисодӣ” ва баландбардории “сатҳу сифати зиндагии мардум” марому мақсади асосии Ҳукумати кишвар номбар гардиданд. Дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоиро Президенти кишвар “таъмини зиндагии шоистаи мардум” номид.
     Дар баробари вазифаҳо барои соли 2025 Ҷаноби Олӣ баъзе ҳадафу нақшаҳоро барои панҷсола ва ва бештар аз он муайян намуданд, ки минбаъд тамоми фаъолиятҳои соҳавӣ дар заминаҳои онҳо нақшабандӣ ва амалӣ мегарданд.
     Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба рушди соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои аввалидараҷа муайян карда шуда, вобаста ба ҳар яки онҳо барномаҳои алоҳидаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат қабул шудаанд. Яке аз супоришҳои қатъии Роҳбари давлат дар Паёми соли 2024, ин саривақт ва сифатнок иҷро намудани барномаҳои қабулгардида вобаста ба рушди кишвар мебошад. Дар ин замина Президенти мамлакат қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд”.
     Дар баробари ин, Сарвари кишвар қабули барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакатро барои солҳои минбаъда зарур шуморида, супориш доданд, ки “вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.
Барномаи мазкур аз бисёр ҷиҳат фарогири тамоми масъалаҳои муҳим мебошад ва тибқи дастури Роҳбари давлат “дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
      Масъалаи дигаре, ки Президенти кишвар онро бо истифодаи факту далелҳои саҳеҳ мавриди таҳлил қарор дода, муҳимияти онро ба такрор таъкид намуданд, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мебошад. Дар баробари рақамикунони соҳа Роҳбари мамлакат даъват ба амал овард, ки истифодаи васеи технологияи иттилоотии муосир, ҳамзамон вусъати раванди иноватсионӣ дар идоракунӣ таъмин карда шавад. Ба ин хотир, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки “ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
     Рушди соҳаи соҳибкориро баҳри баланд бардоштани неруи иқтисодии кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, барои дастгирии соҳибкорон имтиёзҳои нав, кумаку дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишварро аз масъулон талаб намуд. Озод намудани фаъолияти соҳибкориро дар кишвар аз ҳамагуна санҷишҳо, ба ҷуз аз сохторҳои соҳаи андоз таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки “дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”.
     Ба замми ин, дар баробари рушди соҳибкорӣ ҷалби сармояро Ҷаноби Олӣ масъалаи муҳим дар фаъолияти сохторҳои иқтисодӣ маънидод намуда, барои фароҳамоварии тамоми имконот ва шароит баҳри таъмини сармоягузорӣ дар фаъолияти соҳибкорон супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дода шуд, ки “дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд”.
     Президенти кишвар аз рушди соҳаи саноат ҳамчун яке аз ҳадафи стратегии давлат дар соли гузашта бо қаноатмандӣ ёд карда, оиди таъсис ёфтани бештар аз 2040 корхонаи саноатӣ бо ташкили 76 ҷойи корӣ маълумот манзур намуд. Ҳамзамон, суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз баҳогузорӣ намуд ва супориш дод, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
     Чун ҳарвақта Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи асосиро барои соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас равона намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳа масъулинро муваззаф намуданд. Рушди соҳаи мазкурро Президенти кишвар яке аз вазифаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ тамоми сокинони кишвар номида, масъулонро вазифадор намуд, ки “дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
      Ҳамзамон, Сарвари давлат аҳли илму маорифро нерӯи пешбарандаи ҷомеа унвон карда, барои муосиркунонии соҳаҳо бо назардошти талаботи замон ва бозори меҳнат, бархурди илму истеҳсолотро аз ҳарвақта дида зарур арзёбӣ намуд. Бо дарназардошти зарурияти баамаломада суоприш дода шуд, ки “ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
      Фарҳанг аз назари Роҳбари давлат “ҳастии миллат” буда, корбарӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии шаҳрвандон, дар мадҳи назари доимии роҳбарияти олии мамлакат қарор доштани соҳа дар Паём таъкид гардид. Дар баробари таъсиси муассисаву сохторҳои нави соҳа ба монанди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва таъмиру аз навсозии садҳо иншоотҳои фарҳангӣ, Ҷанои Олӣ барои дар оянда ҳам роҳандозӣ намудани корҳои барқарорсозӣ ва таъсисдиҳиву сохтмони иншоотҳои соҳа вазифаҳои амиқ ба миён гузошт. Алалхусус, Президенти мамлакат оиди камбудиҳои ҷойдоштаро дар масъалаи таъмиру азнавсозӣ баррасӣ намуд ва дар оянда анҷоми корҳои сохтмониву азнавсозии иншоотҳои соҳаро ба таври зайл супориш дод: “Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд.
     Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд”.
     Такя ба таъриху фарҳанги бузурги миллат, ҳифзу муқаддас шуморидани онро Пешвои миллат таъкид намуда, барои ҳимояи арзишҳои таърихии он иброз дошт, ки “вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”. Яке аз мушкилоти кишварҳои минтиқа ин имрӯз таъсис додани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон мебошад, ки кишвари мо дар солҳои охир тариқи ташкили корхонаҳои мухталиф аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ин ҳадафи стратегиро марҳила ба марҳила ҳаллу фасл намуда истодааст. Бо вуҷуди ин, дар Паёми соли 2024 дар ин бахши фаъолият ҳаҷму сифати кор мушахас гардид. Зеро роҳбари давлат қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд”.
     Марбут ба соҳаи энергетика, ки соҳаҳои дигари хоҷагии халқ ба он сахт ҳамбастагӣ доранд, дар Паёми Президенти кишвар мароқи зиёд зоҳир гардид. Роҳбарияти олии мамлакат оид ба корҳои дар соли сипаришуда анҷомёфтаи назаррас, алалхусус “корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, бо эътимоди зиед қайд кард, ки “аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
     Ҳамаи нуқтаҳои дар боло зикргардида, ки ба ояндаи наздику дури кишвари мо равона шудаанд, умедбахш буда, Пешвои миллат дар соҳаҳои муҳим нақшаҳои миёнамуҳлатро муайян намуд. Худи Роҳбари давлат Паёми ироашударо як ҳуҷҷати стратегӣ баҳогузорӣ намуд, Чунончӣ иброз доштанд, ки “Дар паёми имрӯзаи Роҳбари давлат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон тайи вақтҳои охир, хусусан, дар панҷ соли гузашта баён гардиданд. Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд”.
     Ин ояндабинии васеи Сарвари кишвар умеди шаҳрвандонро ба фардои мамлакат бештар намуда, боварии мардумро нисбати фаъолияти сохторҳои дахлдор дучанд менамояд. Хеле манфиатбахш аст, замоне, ки ҳар соҳа роҳи тайкарда ва роҳи аз пешистодаро бинаду дарк намояд. Маҳз дар Паёми соли 2024 чунин равшанӣ барои тамоми масъулон ва шаҳрвандон дода шуд. Ин аст, муҳимияти Паёми Роҳбари кишвар ва ин аст нақши бузурги Пешвои миллат.
Муфассал ...

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)

Сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти
иҷтимоию иқтисодии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик
Б. Искандарови АМИТ д.и.и. Ҷонмамадов Ш.Б.
 
РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
 
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд. Дар ин замина, Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ин рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Инчунин таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
       Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1уми сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
      Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
      Бо дарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
       Инчунин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
       Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар Паём арзёбӣ гардида, вазифаҳои мушаххас ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд.
Дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои дипломативу сиёсӣ дар соли 2024 ишора шуд, ки ин тамоюл дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад.
Муфассал ...