wrapper

Институт

Институт

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ "ВМКБ: АЗ ТАЪСИСЁБӢ ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ "ВМКБ: АЗ ТАЪСИСЁБӢ ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
     7-уми феврали соли 2025 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «ВМКБ: аз таъсисёбӣ то соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
       Дар конференсия равандҳои таърихии ташаккули Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он аз таъсисёбӣ то даврони соҳибистиқлолӣ баррасӣ гардида, аз нуқтаи назари илмӣ таҳлил гардиданд.
Муҳтавои Конференсия ва баромадҳои илмӣ:
      Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмхои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардида, дар он нақши илмҳои гуманитарӣ дар омӯзиши таърихи ташаккули ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
      Сипас, Муовини Раиси ВМКБ муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир аҳамияти стратегӣ ва илмии омӯзиши таърихи ВМКБ ва рушди устувори онро дар маърузаи илмӣ таҳти унвони «Нигоҳи ҷаҳониён ба арзишҳои Бадахшон мероси фарҳангӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» ба иштирокчиён ироа намуд.
      Дар ҷараёни Конференсия олимони шинохта:
д.и.филол. Охонниёзов В.Д. бо маърузаи илмӣ: «Инъикоси арзишҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар адабиёти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон: намунаи Бадахшон»;
н.и.т. Шоинбеков А.А. «Заминаҳои таърихии таъсисёбии ВМКБ: омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ»;
н.и.т. Абдураҳмонов З.В. «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташаккули ҳувияти миллии мардуми Бадахшон ва рушди маориф»;
н.и.т. Шоинбеков Ф.Н. «Омӯзиши археологии шаҳраки Карон ва нақши он дар бозшиносии таърихи ВМКБ»;
Раматшоев Д.А. «Рушди муассисаҳои олии илмӣ-таълимии ВМКБ дар даврони Истиқлол: таҳлил ва дурнамо»;
Амонбеков С. «Истифодаи иқтидорҳои сайёҳии ВМКБ дар раванди рушди иқтисодиёти минтақавӣ» тариқи маҷозиву ҳузурӣ баромад намуданд.
Тавсияҳо ва дурнамо:
      Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби маърузачиён ва иштирокчиёни Конференсия тавсияҳои зерин пешниҳод гардиданд:
     Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати омузиши аниқи таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии ВМКБ.
     Дастгирии таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихӣ, бахусус омӯзиши шаҳраки Карон ва дигар ёдгориҳои таърихии ВМКБ.
    Истифодаи иқтидорҳои сайёҳӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ВМКБ бо такя ба мероси таърихӣ ва табиати нотакрори минтақа.
Баёнияи мухтасар:
     Конференсияи мазкур на танҳо саҳмгузорӣ дар таҳқиқоти илмӣ, балки иқдоми муҳиме дар шинохти амиқи таърихи ташаккули ВМКБ ва нақши он дар рушди давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
     Натиҷаҳои бадастомада ва маърӯзаҳои илмии ироашуда дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр мегарданд, то ки барои муҳаққиқони оянда манбаи таҳқиқотии муътамад бошанд.
Муфассал ...

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ПОЯГУЗОР БАРОИ РАВАНДҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Раматшоев Д.А. - Докорторанти PhD-и

соли аввали Иниститути илмҳои

гуманитарии ба номи академик

Б. Искандарови АМИТ                    

 

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ПОЯГУЗОР БАРОИ РАВАНДҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

 “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.  Э. Раҳмон

 

Дар солҳои охир равандҳои иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шуда истодааст. Чаро мо бояд ба иқтисодиёти рақамӣ гузарем?  Оё барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин зарур аст? Бале, дар даврони истиқлолият ва расидан ба чунин пешравиҳо пешниҳоди Пешвои миллат бахусус баробар шудан бо ҷаҳони мутамаддин заруртарин кор - ин ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва истифода бурани технологияи муосир ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намудаанд: «…дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».

Аз ин рӯ агар дигар давлатҳо аз иқтисодиёти рақамӣ бархурдор бошанду мо набошем, иқтисодиёт ва савдою пешрафт нахоҳад шуд. Дар дигар соҳаҳо бошад, аз қабили истифодабарии иттилооти рақамӣ ва технологияҳои мутараққӣ ин қафомонӣ низ мушоҳида мешавад. Дар ин робита дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки  «.., татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд».

Дар ҷаҳони муосир агар мардум аз технологияи муосир истифода набарад, пешрафт нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз барои мо истифода бурдани технология ва аз худ намудани он зарур аст, ки бояд дучанд кору фаъолият намоем. Барои бартарафсозии чунин мушкилот аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар охири соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати омодасозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ» дар назди Ҳукумати мамлакат вазифаҳо гузошта  шуд.

Имсол низ барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳо ва бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Аз ин лиҳоз инҳо поягузорӣ барои ояндаҳои наздик ва расидан ба пешравиҳои баландтар расидани мамлакат ба ҳисоб меравад. Истифодабарии технология барои давлату мардум чи медиҳад?

Пеш аз ҳама:

  • фароҳам овардани шароити зиндагии мардум;
  • осон гардонидани кору фаъолият дар тамоми соҳаҳо;
  • сарфа намудани вақт;
  • шаффияти кори тамоми соҳаҳо;
  • поягузори барои ташкил намудани зеҳни сунъӣ;
  • дасрас ва системаи ягонаи коммуникативидошта

ва дигар самтҳоро дар бар мегирад. Иқтисоди сабз, Иқтисодиёти рақамӣ ва расидан ба зеҳни сунъӣ пайдарпайии корро талаб намуда, ҳар самт бояд дар вақти муаяйншуда иҷро карда шавад. Баъди ҷорӣ гардидани иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави технологӣ ва коммуникатсионӣ аниқтараш зеҳни сунъӣ ҷойгузини ин марҳила хоҳад гашт.

Зеҳни сунъӣ марҳилаи нави идоракунӣ буда, он метавонад дар қабул намудани қарорҳо оид ба амалҳои ҳаррӯзаи инсоният ва амалӣ гардонидани фаъолият нақши муҳимро мебозад. Дар ояндаҳои наздик зеҳни сунъӣ дар бисёр соҳаҳо таъсири назарраси худро хоҳад расонд. Амалҳои зеҳни сунъие, ки метавонанд ба фаъолияти инсонҳо таъсиррасон ҳастанд, мисол меорем:

Ҷойҳои корӣ: Зеҳни сунъиро аллакай барои фаъолияти шумораи зиёд ба ҷойи одамон дар корхонаву муассисаҳо истифода  намуда истодаанд. Зеҳни сунъӣ амалҳоеро ба мисли ҷамъоварии маълумот, таҳлил ва қабули қарор оид ба фаъолияти одамон дар корхонаҳо иҷро намуда истодааст.

Муошират: Зеҳни сунъӣ барои эҷоди шаклҳои нави муошират ба монанди муоширати виртуалӣ ва чатботҳо истифода мешавад. Ин технологияҳои нави муоширатӣ метавонанд муоширатро самаранок ва осон гардонанд, инчунин роҳҳои нави муошират бо дигаронро фароҳам оранд.

Тандурустӣ: Зеҳни сунъӣ барои таҳияи усулҳои нави табобат тавасути технологияи муосир ва ташхиси бемориҳо истифода  бурда мешавад. Зеҳни сунъӣ ба табибон барои дарк ва аниқ намудани бемориҳо кӯмак менамояд. Дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи зеҳни сунъӣ табибон қарори дахлдорро қабул мекунанд.

         Ҳар як истифодабаранда бояд дар хотир дошта бошад: Технология рӯз то рӯз рушд меёбад, аммо идеяҳо ва назарҳое ҳанӯз ҳам паси парда ҳастанд. Мо бояд аз тараққиёт ва пешравии технология натарсида, бараъкс онро дар вақти муайяншуда аз худ намуда, барои пешрафти зиндагӣ истифода барем. Ҳар як пешравӣ ва пайдо гардидани як навгонӣ ин тарсу ҳарос нест, балки дуруст истифода бурдану барои зиндагии инсонҳо ба ҳисоб меравад. Масалан, пайдо гардидани телефонҳои мобилӣ. Баъзе инсонҳо онҳоро зиёновар шумурда, қабул надоштанд вале имруз аз хурдсол то миёнасолу пиронсолон ба хубӣ аз барномаҳои телефонӣ барои муошират ва бизнесу дигар намуд хизмарасониҳо истифода менамоянд. Касе агар аз навогониҳо тарсаду онро нодуруст донад, дунё дигар ба чунин одамҳо мунтазир нахоҳад шуд ва мо бояд ҳамқадами замон буда, барои ноил гардидан ба пешравиҳо саҳмгузор бошем.

Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар қарорҳо қабул намуда, озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо номи «TajRupt»-ро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуданд.

Ин пешравиҳо ба хотири пешрафи ҳаёт равона гардидаанд ва мо бо  ин пешравиҳо ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

 

 

 

Муфассал ...

ИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Офаридаев Назрӣ, доктори илмҳои

филологияи тоҷик, сарходими илмии

шуъбаи забонњои помирии Институти

илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ          

 

ИФТИХОРИ ХАЛҚИ  ТОҶИК

      Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс дар атрофи мансубияти қавмии Абуалӣ ибни Сино идома дорад. Дар ҳақиқат ин нобиғаи бузурги сатҳи ҷаҳонӣ баъди чандин қарнҳо низ маҳбубияту маъруфияти зиёди худро дар байни халқҳои гуногун нигоҳ доштааст, ҳар миллату ҳар қавм мехоҳад бо номи ӯ ифтихор дошта бошад. Бале, ин бозгӯи бузургии Абуалӣ ибни Синост. Абуалӣ ибни Сино яке аз асосгузорони илми тибби илмӣ мебошад. Назарияҳои илмии тиббии ӯ таи садсолаҳо дар Аврупо ба сифати дастури табибон қарор гирифта буданд ва ба рушди ояндаи илми тиб мусоидат намудаанд.

         Аз ин рӯ, ҳар як халқу миллат мехоҳанд ӯро аз они худ ҳисоб кунанд ва бо номи эшон ифтихор намоянд.

         Яке аз бузургтарин ва нахустин муаррифгари Абуалӣ ибни Сино  устод Айнӣ  будаанд, ки дар асарашон оид ба ҳаёту осори Сино навишта буданд:

           “Аз рӯи қайди манбаъҳои Шарқ осори илмии Абуалӣ ибни Сино 77 номгӯй буда, баъзе китобҳои панҷҷилдӣ, даҳҷилдӣ, 18- ҷилдӣ ва 20- ҷилдӣ ҳам дар ҳамин ҷадвал бо як ном навишта шудааст. Ҳамаи асарҳои илмии ин донишманди ҷаҳонӣ аз қабили мантиқ, табииёт, геометрия, астрономия, тиб, дар мавзуъҳои фанҳои ҳақиқӣ буда, “Алқонун” ном асари ба илми тиб оидаш сабаби шуҳрати ҷаҳониаш гардидааст. Маълум аст, ки “Алқонун” дар асрҳои миёна ба баъзе забонҳои Европа ва аз ин ҷумла чандин бор ба забони лотинӣ тарҷума шуда, то аввалҳои асри XVIII дар мактабҳои тиббии Европа китоби дарсӣ ва дар муолиҷахонаҳо дастуруламали тиббӣ шуда омадааст ва ба ин восита муаллифи худ Абуалӣ ибни Синоро бо унвони Авицена машҳури ҷаҳон кардааст.........”

    “Алқонун” қисмҳои назарӣ ва амалии тибро дарбар гирифта, ба панҷ китоб тақсим меёбад: китоби якум дар бораи масъалаҳои умумии илми тиб; китоби дуюм дар бораи давоҳое, ки ба танҳоӣ ва аз ғайри таркиб ба кор бурда мешавад; китоби сеюм дар бораи бемориҳое, ки аз сар то қадами инсон ба аъзои баданаш, хоҳ дарунӣ бошанд ва хоҳ берунӣ, пайдо мешаванд; китоби чорум дар бораи бемориҳое, ки ба ягон узви ҷудогонаи бадани инсон махсус нестанд; китоби панҷум дар бораи давоҳои мураккаб ва тарзи таркиби онҳо. Ҳаҷми умумии “Алқонун” дар саҳифаҳои калони 29 сатрӣ 1776 саҳифа буда, тахминан 140 ҷузъи чопӣ меояд” [1].

         Дар кишварҳои пасошуравии Осиёи Марказӣ эҳёи ифтихороти миллӣ ва ба тариқи шоиста муаррифӣ намудани таърихи пурифтихори халқҳои ин кишварҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ як амри табиист. Зеро ҳар як мамлакати соҳибистиқлоли минтақа мехоҳад дар арсаи байналмилалӣ савобиқи  фарҳангии худро муаррифӣ созад, ва табиист, ки дар ин маврид аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мекунанд. Аз тариқи шабакаи телевизионии CNN Абуали ибни Синоро мутафаккир ва олими халқи ҳамсояи ўзбек муаррифӣ намудан низ аз ҷумлаи ҳамин гуна талошҳост. Дар баробари ин солҳои охир аз ҷониби донишмандони кишвари ҳамсоя талошҳои ғайриилмии айният додани мафҳуми ҷуғрофии Турон ба Туркистон, ба қавмияти турк мансуб донистани  амирони давлати Сомониён ва ғайра низ ба мушоҳида мерасад, ки аз як тараф таҳрифи муғризонаи далелҳои таърихӣ бошад, аз тарафи дигар, шояд, талошҳои халқи ҳамсоя ба қасди муаррифии шоистаи худ дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ  бошад.

      Муаррифӣ намудани ин ҳувияти миллии ин ё он шахсияти таърихӣ, ки чандин асрҳо пеш зиндагию эҷод кардааст, баъзе мушкилиҳоро ба вуҷуд меорад.

      1.Сохтори сиёсию маъмурии кишвару давлатҳои имрӯза аз гузашта тафовут дорад. Макони таваллуди шоиру мутафаккири  бузург ва мансуби кадом  кишвар будани ў баъзан ба эътибор гирифта мешавад. Чун зодгоҳи Шайхурраис имрӯз дар қаламрави кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон мебошад, ӯро ба мамлакат ва миллати худ мансуб медонанд. Онҳое, ки аз таъриху фарҳанги ин сарзамин огоҳанд, хуб медонанд, ки кишваре он вақт бо номи  Ӯзбекистон дар харитаи минтақаи Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Дар робита ба ин чунин баҳс низ дар мавриди Низомии Ганҷавӣ  ба миён меояд. Зодгоҳи шоир имрӯз дар қаламрави кишвари Озарбойҷон мебошад ва ҳамчун шоири озарбойҷонӣ муаррифӣ мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки дар замони Шуравӣ дар ин маврид бо фармоиши Маскав ба мақсади  нигоҳ доштани эътидол ва “таҳкими дӯстии халқҳо” дар муаррифӣ намудани ҳувияти миллии мутафаккирону олимону шоирони гузашта ба таҳрифҳо камтар роҳ дода мешуд. Вале дар он замон  низ ашхоси ғаразхоҳе буданд, ки  ба таҳрифи воқеият роҳ дода буданд. Соли 1980 ҷашни бузургдошти Абуалӣ ибни Сино таҷлил  гардид. Пайкараи Буалӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қомат афрохт. Вале дар раванди омодагӣ ба ин ҷашн монеаҳои зиёди сунъӣ аз тарафи доираҳои муайяни кишвари ҳамсоя ва марказ ба вуҷуд оварда шуда буданд. Бо саъю талоши хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, Призеденти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ бисёре аз мушкилот рафъ шуда, ҷойгоҳи Сино чун фарзанди халқи тоҷик дар таърихи тамаддуни Осиёи Миёна аз нав барқарор гардид.

  1. Меъёри муҳимми муаррифии ҳувияти миллии нобиғаҳои гузашта забони осори онҳо мебошад. Агар аз ин нуќтаи назар масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳем, осори Шайхурраис ба ду забон: забони модарии худи ӯ – забони тоҷикӣ ва забони арабӣ таълиф шудаанд. Забони арабӣ дар асри шоир – забони илм ва забони байналмилалӣ дар олами ислом ба ҳисоб мерафт. Бисёре аз мутафаккирони Шарқ новобаста ба мансубияти миллиашон осори илмии худро ба забони арабӣ таълиф кардаанд.

      Дар ин бора устод Садриддин Айнӣ навишта буданд:

       “Абуалӣ ибни Сино бештарин асарҳояшро ба забони арабӣ, ки дар он вақтҳо забони илмӣ ба шумор мерафт, таълиф кардааст. Бо вуҷуди ин забони модарии худ – тоҷикиро аз назар дур напартофтааст. “Донишнома”, мақола дар бораи набз ва баъзе чизҳои дигарашро ва ҳам як қисми рубоӣ ва шеърҳояшро ба забони тоҷикӣ навиштааст ва инчунин китоберо аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст”…..

 “Донишнома” ба забони тоҷикии сода буда, панҷ илмро дарбар мегирад: 1. Мантиқ; 2. Табииёт; 3. Илми ҳайат; 4. Мусиқӣ; ва 5. Илми берун аз табиат.

Муаллиф дар аввали ин китоб мегӯяд (айнан): “... Китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ (яъне тоҷикӣ) ки андар вай аз аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз илмҳои Ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор...”[1]

      Як ҷумларо аз осори Буалӣ Сино пайдо накардаанд, ки ба забони туркӣ – ўзбекӣ навишта шудааст. Ҳарчанд зодгоҳи  Буалӣ дар қаламрави имрӯзаи кишвари Ўзбекистон бошад, ҳам як қисме аз осори эшон ба забони модариаш – тоҷикӣ таълиф гардидааст.

  1. Тамоюли сеюми масъала ба ҳеҷ халқу миллате мансуб надонистани Буалӣ Сино мебошад. Қисме аз мусташриқони хориҷӣ Синоро мутафаккир, файласуф ва табиби бузурги Осиёи Миёна муаррифӣ мекунанд. Ба ҳувияти этникиаш ишорае накардаанд. Иддаи дигари муҳаққиқони хориҷӣ ӯро донишманд, табиб ва файласуфи мусулмонӣ муаррифӣ мекунанд. Пажуҳишгарони хориҷӣ усули таҳқиқи масъаларо аз зовияи мансубияти ҷуғрофӣ ва мансубияти динӣ анҷом медиҳанд.
  2. Аз нав доғ гардидани масъалаи аз худ намудани фарзанди халқи тоҷик аз ҷониби донишмандону зиёиён ва рўзноманигорони кишвари ҳамсоя ба раванду ҷунбишҳои ҳамгироии давлатҳои туркзабон иртибот мегирад, ки ғояҳои пантуркизмро дар шароити нави ҷаҳонии қарни XXI аз нав эҳё кардан мехоҳанд. Аз ин ҷиҳат барои нишон додани шаҳомати туркӣ ба кори аз они худ намудани намояндагони миллатҳои дигар, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, даст мезананд.
  3. Мавриди зикр аст, ки доираҳои муайяне дар кишвари Ўзбекистон бо ин роҳ мехоҳанд мамлакати моро таҳти фишор қарор диҳанд. Муносибати ҳасанае, ки бо ҳусни нияти Сарварони ҳар ду давлат барқарор гардидааст, онро халалдор созанд. Дар ин маврид моро зарур аст, ки манофеи миллӣ ва сарвату мероси миллии худро ҳифз карда  тавонем. Абуалӣ ибни Сино бояд ба як намоди арзишу сарвати миллии мо табдил ёбад ва муаррифгари нақши халқи тоҷик на танҳо дар тамаддуни Осиёи Марказӣ, балки дар тамаддуни ҷаҳонӣ бошад. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ Абуалӣ ибни Сино “ифтихори халқи тоҷик, падари медитсинаи рӯи дунё” мебошад.

Пайнавишт:

  1. Садриддин Айнӣ, Абуалӣ ибни Сино // Шарқи Сурх, 1951, №11.

 

 

 

Муфассал ...