wrapper

     Имрӯз, 25 май, ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари дунё бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад! Ин санаи таърихӣ, ки ба туфайли ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ расман аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст, барои ҳамаи дӯстдорони футбол ва варзиш як рӯйдоди фаромӯшнашаванда мебошад. Мо бо ифтихор ин рӯзро дар сафи аввали кишварҳое истиқбол мекунем, ки ба пешрафт ва дастовардҳои футбол арҷ мегузоранд.
      Футбол имрӯз ба як ҳаракати бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо майдонҳои варзиш, балки дилҳои миллионҳо нафарро муттаҳид мекунад. Дар кишвари мо, ба туфайли таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, футбол мавқеи сазовори худро дар сиёсати варзишпарваронаи давлат пайдо кардааст. Ҳар сол даҳҳо мусобиқаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ бо иштироки дастаҳои тоҷикӣ баргузор гардида, сафи футболбозони ҷавон рӯ ба афзоиш аст.
      Футбол танҳо як бозӣ нест — он як забони универсалиест, ки инсониятро новобаста аз нажод, миллат ва дину оин муттаҳид месозад. Дар ин рӯҳия, футбол ҳамчун василаи тарғиби сулҳ, дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва фаъолияти дастаҷамъӣ дар тамоми ҷаҳон шинохта мешавад. Бозии футбол марзҳоро убур мекунад, қалбҳоро ба ҳам мепайвандад ва барои миллионҳо нафар манбаи илҳом, шодмонӣ ва умед мебошад.
      Институти мо бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат ҷавонон ва донишҷӯёни фаъолро ба варзиш ва футбол ҷалб мекунад. Дар заминаи барномаҳои илмӣ ва тарбиявӣ, ҳамкорӣ бо варзишгарон ва ташкилоти варзишӣ ба роҳ монда шудааст. Бо баргузор намудани мусобиқаҳои дохилӣ ва иштирок дар чорабиниҳои футболии шаҳрӣ, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни мо саҳми арзандаи худро дар рушду пешрафти варзиш мегузоранд.
     Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол аз самими қалб ба тамоми футболбозон, мураббиён, доварон, дӯстдорони варзиш, мухлисони ашаддӣ ва тамоми кормандону донишҷӯён табрикоти самимии хешро мерасонем! Таманно дорем, ки футболбозони тоҷик бо ифтихор ва заҳмати пайваста Парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд нигоҳ доранд ва бо дастовардҳои худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
     Имрӯз рӯзи шодмонӣ ва ҳамбастагӣ аст! Бигзор садои тӯб дар майдонҳо, шуълаи орзуҳо дар дили футболбозон ва табассум дар лабони мухлисон ҳаргиз хомӯш нагардад. Футбол барои мо натанҳо варзиш, балки роҳи зиндагӣ, манбаи илҳом ва рамзи муваффақият аст.
     Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад! Зинда бод футбол! Зинда бод Тоҷикистон!