
Институт

- Душанбе, 24 Феврал 2020
«Забони модарӣ – нахустомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ» баргузор гардид.
21-уми феврали соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ибтикори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АИ ҶТ мизи мудаввар дар мавзўи «Забони модарӣ – нахустомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар шахсан Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат варзиданд. Директори Институт Қаландариён Ҳоким Сафар иштироккунандагонро хайра мақдам гуфта, аз ҷумла чунин қайд намуданд:
Муфассал ...
- Якшанбе, 26 Июл 2020
Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм
Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.
Муфассал ...