wrapper

   Ҷашни Меҳргонро  ҷашни зироаткорон  мешуморанд.  Замоне ки зироаткорон ҳосили худро пурра ҷамъовари менамуданд ин ҷашнро барпо мекарданд. Вале агар ба таърихи пайдоиши он дақиқтар назар андозем, ин ҷашн қадимтар аз падид омадани шуғли зироаткорӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад.  Аз замони басо куҳан   сарчашма гирифтани ин ҷашнро  мо дар мисоли   маълумотҳои ниҳоят ҷолиби олими маъруфи асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ дида мебароем. Ин донишманди закӣ  дар асари безаволи худ «Осор – ул - боқия»  таърихи пайдоиш  ва   сабаби аз номи «Меҳр» (Офтоб) гирифтани номи ин идро чунин  ба  қалам додааст: «Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд ин аст, ки ин рӯзро «Мергон» гӯянд (А. Берунӣ,1990. – с. 242).  Яъне тибқи тасаввурот дар он рӯзе, ки офтоб  барои аҳли олам пайдо шудааст аз ҳамон рӯз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон аст.

     Мувофиқи ақидаи дигар мардум  ин моҳро аз он сабаб «меҳр» номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ мекарданд. Ва тафсири ин ид  дӯстии мардум аст.  Дар ин ид мардум ба ҳамдигар меваю ғалла инъом менамуданд. Ин ид барои тамоми омма хос буд.

      А. Берунӣ таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргонро бевосита бо офтоб алоқаманд карда ва чунин далел меорад. «Далел бар ин гуфтор он аст, ки тибқи оини Сосониён дар ин рӯз тоҷеро ба сар мегузоштанд, ки дар он сурати офтоб буд, ки  офтоб бо дучархаи худ дар   дар осмон ҳаракат  карда истодааст (А. Берунӣ,1990.– с.242). Мувофиқи тасаввуроти ориёиҳои қадим Офтоб,  ки барои онҳо нахустин Худо буд, ҳар рӯз субҳдам аз манзили худ баромада ба дучархаи тиллои худ савор шуда ҳаракат мекунад ва аз нури худ ба олам гармию равшанӣ медиҳад. Ба хотири нур, гармию равшании офтоб  нахустин ориёиҳо офтобро мавриди парастиш қарор доданд. Аз ин рӯ ҷашни Меҳргонро шояд замони пеш дар шакли дигар, аввал меҳрпарастон қайд мекарданд. Вале ба таври расмӣ замоне, ки дар миёни қавмҳои эронинажод тақвими шамсӣ қабул ва ҷорӣ шуд аз ҳамон давра ин ҷашнро қайд кардан гирифтанд. Тибқи тақвими шамсии ирониёни қадим моҳи ҳафтуми онҳо Меҳр (Офтоб) ном дошт ва рӯзи 16- уми ин моҳ «Меҳрҷон» ном дошт. Чуноне, ки А. Берунӣ нигоштааст. «Ва  рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242).

      Пас аз инҷо бармеояд, вақте ки дар рӯзи 16-ум рӯзу моҳ бо як ном «Меҳргону Меҳрҷон» якҷоҳ мешуданд, халқҳои эронитабор ҷашни Меҳргонро барпо мекарданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин идро меҳрпарастон дар  замони худ дар як рӯз қайд кардаанд, ки баъдтар ирониёни қадим он рӯзро дар тақвими худ дар рӯзи16-ум ҷой додаанд. 

     Дар тақвими шамсии ирониёни қадим боз як рӯзи дигар «Рӯзи бисту якуми Меҳрмоҳ Ромрӯз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд.   Ин рӯзро барои он Ромрӯз мегуфтанд, ки дар ин рӯз Кова бар Заҳҳок ғолиб омад, Фаридунро ҳоким эълон кард  ва  Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд бадарға намуд. Аз ин хотир халқҳои эронитабор то давраи зуҳури Зардушт ҷашни Меҳргонро дар рӯзи 16-ум ва рӯзи 21-ум алоҳидақайд мекарданд. 

     Ва замоне, ки пайғомбари Зардуштиён Зардушт зоҳир гашт, эрониёнро амр кард, ки бояд Меҳргону Ромрӯзро ба як андоза бузург бидонанд ва  ҳар дуи ин идҳоро якҷо гузаронанд. Бинобар ин шоҳи Сосониён Ҳурмуз писари Шопур  ҳар  дуи ин идро бо ҳам бипайваст ва минбаъд  ирониёни қадим ҷашни Меҳргонро рӯзи 16-ум оғоз мекарданду  рӯзи 21-ум ба анҷом мерасонданд (А. Берунӣ,1990. – с. 244).  Яъне ин ҷашнро  панҷ рӯз таҷлил мекарданд

      Баъдтар дар давраи Сосониён як моҳи пурраи Меҳрмоҳро ба ҷашни Меҳргон табдил додаанд. Чуноне, ки дар «Осор-ул-боқия» омадааст. «Ва сипас мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум  қарор доданд.  Ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд (А. Берунӣ, 1990. – с. 244).  Аз инҷо маълум мешавад, ки дар давраи Сосониён 6 табақа будааст ва ҳар як табақа панҷ рӯзи ид гузарондааст.

     Аз нигоштаҳои А. Берунӣ бармеояд, ки   ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз бо Офтоб робита  дорад ва таърихи пайдоиши онҳо  аз  падид омадани зироаткорӣ ҳам  қадимтар аст.  Наврӯз ва Меҳргон ду ҷашни бузурганд, ки баръакси ҳамдигаранд. Наврӯз ҷашни оғози кишту кор асту, Меҳргон ҷашни анҷоми кишту кор аст. Наврӯз оғози фасли баҳор асту, Меҳргон марбут ба тираҳмоҳ аст. Наврӯз оғози сабзиш асту Меҳргон анҷоми сабзиш аст. Чуноне, ки А. Берунӣ навиштааст. «Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд ба ин далел, ки ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад (А. Берунӣ,1990. – с. 243).

       Замони пеш аҷдодони мо солро фақат ба ду қисм ба ду фасл тақсим кардаанд. Тобистон ва зимистон. Барои ҳамин Наврӯз оғози тобистон буду, Меҳргон оғози зимистон будааст. Дар «Осор-ул-боқия»  дар ин хусус омадааст. «Ва ин рӯз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тираҳмоҳию зимистонӣ медиҳанд (А. Берунӣ,1990. – с. 243).

     А. Берунӣ бидуни маълумотҳои пурарзиши таърихӣ, оид ба тарзи таҷлили ҷашн, расму оинҳои хоси он низ қайд кардааст. Чунончи : «Дар ин рӯз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб меистад ва бо овози баланд мегӯяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед». (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас дар ин рӯз дар хонаҳои худ даргирондани страхм, спанд ва ғайра мақбул бошад, зеро ки тибқи тасаввуроти мардум буйи хуши ин гиёҳҳо ба машоми фариштаҳо мерасад ва онҳо поин мефуроянд. Мувофиқи дини ислом дар ин рӯз бояд ҳар як шахс нафсҳои шайтонӣ, шарру шайтониро аз худ дур созад Ш.А.)

     Ҷашни Меҳргон бо парастиши арвоҳ (“культ предков”) робитаи зич дорад. Парастиши арвоҳ яке аз шаклҳои қадимтарини дин ба шумор меравад (муфассал ниг: С. А. Токарев “Ранние формы религии”. М.: 1990.). Ин ҳам далолат бар он медиҳад, ки таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон қадимтар аз шуғли зироаткорӣ аст. А. Берунӣ дар асари худ оид ба парастиши арвоҳ дар ин ҷашн чунин қайд намудааст: «Ва мегӯянд, ки дар ин рӯз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳалли арвоҳ бошад офарид.  Ва дар соате аз ин рӯз фалаковар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад… Кисравӣ мегӯяд, ки «ман аз мӯбади Мутаваккилӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар рӯзи Меҳргон Офтоб миёни нуру зулмат тулӯ мекунад ва арвоҳро дар ҷасадҳо мемиронад. Ва бад ин ҷихат эрониён ин рӯзро «Мурон» гуфтаанд » (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас рӯзи Меҳргон, рӯзи мувофиқест барои ёди арвоҳ ва ба хотири арвоҳ назр кардану  кори некеро   анҷом додан аст.

      Ҳар як ҷашн соати неку савоби рӯз ва шаб дорад. Масалан, шаби Лайлат-ул- қадри моҳи шарифи Рамазон беҳтарин шаб барои тоату ибодат ба шумор меравад. Ҳамчунин шаби Меҳргон  вақту соати накӯ дорад. «Ва мегӯянд, дар ин рӯз буд, ки Худованд Моҳро, ки қурае сиёҳ ва бефуруғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242). 

     А. Берунӣ ҳамчунин баъзе таъбирҳои мардумӣ оид ба Меҳргон ёдоварӣ намудааст: «Саид ибни Фазл мегӯяд: «Уламои Эрон гуфтаанд, ки қуллаи кӯҳи Шоҳин дар хона айёми тобистон ҳамвора сиёҳ дида мешавад ва дар бомдоди Меҳргон сапеда дида мегардад. Ва чунин ба назар меояд, ки бар он барфе аст. Ва ин матлаб, чи ҳаво соф бошад ва чи абр, ҳар ду яксон ва дар ҳар замон як тарз аст». Ё ин ки   «ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд» (А. Берунӣ,1990. – с. 243).

     Савоб ва фазлу ҳикмати дигари ҷашни Меҳргонро А. Берунӣ чунин қаламдод кардааст: «Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ва ҷавоҳири дигар» (А. Берунӣ,1990. –с. 242-243).

      Хуллас, ҷашни Меҳргон аз нигоҳи А. Берунӣ ҷашнест, ки бо парастиши офтоб, маҳтоб, парастиши арвоҳ робитаи қаввӣ дошта дар худ фазлу савоб ва баракати зиёд дорад.

Шоинбеков А. н.и.т. Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ