wrapper

 Азорабекова Ш

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови АМИТ

Мақолаи мазкур дар асоси адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии сокинони бумии Помир бо методи тасвири этнографӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар асоси маълумотҳои дастрасшуда марбут ба ҷашни Меҳргон, ки унсурҳои боқимондаи он то кунун миёни сокинон ҳарзи ҳастӣ доранд, маълумот арза намояд.

Меҳргон яке аз идҳои мардуми ориёиасл, бахусус кишоварзон буда, решааш аз умқи таърих маншаъ гирифтааст. Муҳаққиқон ва муаррихон дар давраҳои мухталифи таърихи башарият ин ҷашни миллии пешгузаштагонамонро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба он маълумотҳои ҷолиб ва арзишманди илмиро матраҳ намудаанд.

Агар ҷашни Наврӯз ба бедоршавии табиат, айёми киштукори Бобои Деҳқон ва кӯшиши он барои гирифтани ҳосили фаровон рост омада бошад,  Меҳргон давраи ҷамъоварии ҳосил, дастранҷи марди деҳқон ва оғози ба хоби зимистона рафтани замин мебошад. Пас иди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари зиндагии рӯзмарраи инсон дар сайёраи замин аз тавлид то марг мебошанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ маълум мегардад, ки решаи ҳар дуи ин ҷашн аз замони асотирӣ маншаъ гирифта, тибқи ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд.

Файласуфи шинохтаи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов ба Абурайҳони Берунӣ ва Разӣ Ҳошим истинод намуда, ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро ба тариқи зайл овардааст: « Вақте ки Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард, то ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти ӯ барои пешгирӣ аз куштани ҷавонон ҳар рӯз яке аз ин ду танро пинҳонӣ ба паногоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд. Вақте Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзаниш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: «Тавоноии ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованданд».  

Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро ба он ҷо фиристод, то ростии гуфтаҳои ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шуълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуданд» [4, 318]. Аз ин ривоят метавон хулоса кард, ки морҳо нишони бадӣ, торикӣ ва ҷаҳолат ҳастанд, ки ба маргу нобуд сохтани инсон равона шудаанд. Фаридун рамзи пирӯзии инсон ба муқобили ҳама гуна бадиҳо, нишони покӣ ва озодагӣ мебошад, ки ӯ тавонист ба воситаи гармӣ ва равшании оташ қувваҳои аҳреманиро нобуд созад. Ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашне ки дар он инсон амалҳои некро анҷом дода, аз бадиҳо дурӣ меҷӯяд ва ба муқобили ҷаҳолату зулмот мубориза мебарад.

 Оинҳои ҷашни Меҳргон дар масири таърих бо таҳаввулот миёни мардум, бахусус  кишоварзон то кунун маҳфуз мондаанд. Дар ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хоси мардуми ноҳияҳои мухталифи кишвар баъзан тибқи одат амалҳои ноогоҳонае анҷом дода мешаванд, ки далеле аз иртибот доштанашон ба ин ҷашни бузург мебошанд.

Тоҷикони кӯҳистони Помир дар баробари сокинони дигар минтақаҳои кишварамон аз давраҳои қадим маросимҳои мухталиф ва идҳоро анҷом медоданд, ки дорои хусусиятҳои хоси сокинони ин минтақаи кӯҳсор мебошанд.  М.С. Андреев қайд кардааст: «Соли нав ду маротиба ҷашн гирифта мешавад- Сари сол- иди баҳор ва пас аз панҷ моҳ Наврузи тирамоҳ, ки дар айни замон мардум якдигарро бо фарорасии ин ду ид «мубораки буор» ва «мубораки тирамо» гӯён табрик мекунанд» [2,167]. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки «Наврӯзи тирамоҳ» ҳамон ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, ки ҳангоми ҷамъоварии ҳосили кишоварзон ҷашн гирифта мешуд. Гарчанде ки баъзе оин ва анъанаҳои марбут ба кишоварзӣ коста шуда бошанд ҳам, то кунун дар деҳаҳои дурдасти водии Бартанг, Вахон ва болооби ноҳияи Роштқалъа маҳфуз мондаанд. Сокинони кӯҳистон аз даври қадим то кунун маросимеро бо номи «сêр-вӣст», таҳтул-лафз  «чоштбандон», ки дорои оин, анъана ва хусусиятҳои хоси  маросими мазкур ҳастанд, анҷом медиҳанд, ки аз густариши ҷашни бостонии Меҳргон миёни сокинони бумӣ дарак медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки оиди оинҳои маросими мазкур шарқшиносони рус М. С. Андреев ва А. А. Половтсев (1911), М.С. Андреев (2020) ва мардумшиноси тоҷик И. Муҳиддинов (1989) маълумот додаанд, ки арзиши баланди илмӣ доранд. Мо аз такрори гуфтаҳои ин олимони бузург худдорӣ намуда, фақат баъзе маълумотҳои наве, ки ҳангоми ҷамъоварии маводи шифоҳӣ дастрас намудем, илова карда, тасмим гирифтем фикру андешаи хешро перомуни онҳо баён намоем.

Тибқи маълумоти сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, ки дар таърихи 12. 08. 2016 ба қайд гирифта шуд, «сêр», яъне чошт дар фарҳанги маънавии сокинони минтақаи Помир мақоми хос дошта, онро пок ва муқаддас медонистаанд. Пеш аз оғози маросими мазкур мӯйсафеди рӯзгордида, ки пойи қадами нек дорад, таҳорат ба ҷо меовард, яъне ҷисман ва рӯҳан пок мегардад, сипас миёнашро бо рӯмоли сурх баста озими «ширум»- хирманҷоҳ, яъне майдони баргузории маросим мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки «ширум» шакли доира дошта, тимсоли замин ва офтоб мебошад. Аввал се маротиба гирди чошт давр зада, ба ду зону мешинад ва рӯи хешро сӯи Қибла гардонда, дар ҳаққи Бобои Деҳқон, ки ҳомӣ ва пуштибони марди кишоварз аст, дуо мехондад. Сипас шукронаи ҳосили ба дастоварда мекунад, инчунин ба аҳли деҳа рӯзгори осуда, фаровонӣ ва сериву пуриро таманно мекунад. Пас аз хондани дуои «сари-сêр» мӯйсафед бо дуд кардани гиёҳи муқаддаси «ситирахм», ки тибқи бовариҳо радкунандаи кулли офатҳои заминӣ ва осмонӣ дониста мешавад, маросимро оғоз мекунанд. Чошт шакли конусӣ ё дарозрӯяро дошта, таҷассумгари ҷисми Бобои Деҳқон дониста мешавад.  Мӯйсафед  ҳамроҳи се нафар деҳқони асил чор тарафи чоштро бо дастаи «сêр-фай», яъне бели махсуси чӯбӣ, бо се адад хати рост ва ба миқдори чор доира оро медиҳанд,  ки ин амал дар гӯиши сокинони ин мавзеъ «(ҳ)алол чӣдов», таҳтуллафз ҳалол намудан ном дорад. Шояд чор адад доира рамзи офтоб буда, гардиши сол ва фаслҳои онро ифода мекунанд ва чор тарафи чошт ифодагари чаҳор аносир (об, хок, бод, оташ) ва инчунин чор фасли сол мебошанд. Се адад хат аз чор тараф ифодагари чор фасли сол, ки ҳар кадомашон аз се моҳ иборат аст дониста мешавад. Дар болои чошт бошад, хати печдор (спиралшакл)-рамзи заҳмат ва талоши марди деҳқон барои ба даст даровардани ҳосили фаровон, инчунин пирӯзии ӯро ифода мекунад, кашида шуда, саргини барзаговро, ки ба тариқи рамзӣ ифодагари тоқии Бобои Деҳқон мебошад, гузошта мешавад. Саргини барзаговро маъмулан дар маросими ҷуфтбаророн махсус омода мекунанд, ки дар дохили он донаҳои гандум ё ҷавро ба хотири фаровонии ҳосил мегузоранд. Аз тарафи рост бошад дар пеши чошт корд, бели чӯбӣ ва ҷорӯби аз навдаҳои буттаи ҷангалӣ тайёркардаро мегузоранд, ки гӯё кулли офатҳоро пешгирӣ мекардаанд.

Пас аз анҷом додани оини «чоштбандон» то маросими «чоштгирӣ», яъне интиқол додани ғалла ба анбор, ки одатан ду-се рӯзро дар бар мегирифт, табу (дар лаҳҷаи сокинони маҳаллӣ «кеẋ») гирифта мешуд, ки ниҳоят муҳим ҳисоб меёфт. Риоя накардани табу, гӯё сабаби ҳар хел офатҳо мегард. Дар ин маврид бо овози баланд гап задан, дашном додан, таҳқир намудан, дуздӣ кардан, шукрона ба ҷо наовардан, мамнӯъ аст. Ба пеши чошт омадани занону кӯдакон, шахсони бегона ва ҳайвонот қатъиян мумкин нест. Дар ин бора ҳамсӯҳбатамон Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини мавзеи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, ки донандаи хуби оин ва анъанаҳои мардумӣ мебошад, қиссаеро ҳикоят  карданд: «Дар ин мавзе ҷое бо номи «сêр-буқ»- айнан маънои кулулаи чошт мебошад аз замони қадим маъмул аст. Замоне дар ин водӣ мардуми зиёд дар хиргоҳҳо зиндагӣ карда, ба зироаткорӣ машғул будаанд. Ҳангоми маросими «чоштбандон» марде қоидаҳои табуро риоя намекунад. Вай бо овози баланд ва ғазаболуд мегуфт: «Ҳосили гирифтагиам ночиз аст». Гӯё ҳамин замон чошт ба санги калон табдил меёбад ва тамоми хиргоҳҳо низ ба санг мубаддал мегарданд». Гарчанде қисса асоси илмӣ надошта бошад ҳам, дар он хислатҳои бад, ки сабабгори ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мегарданд, нишон дода шуда, инсонро ба пок намудани вуҷуди хеш аз бадиҳо, қаноатмандӣ ва шукргузориро пеша кардан талқин шудааст.

 Пас аз хотима ёфтани табу ҳосили гандум ба анбор кашонда мешавад, ки миёни сокинон бо номи маросими «сêр-зêẋт» маъмул аст. Дар маросими мазкур  оин ва анъанаи хосе, ки ба он вобаста ҳастанд, ба ҷо оварда мешаванд. Дар оғоз мувофиқи русум соатбин рӯзу соати саъдро муайян мекунад. Сипас мӯйсафеди рӯзгордида барои баракатӣ ва фаровонии донаи гандум дуо мехонад. Пас аз хатми дуо соҳиби чошт ба ду зону мешинад ва рӯйашро ба тарафи офтоббаро гардонда, муддате хомӯш мемонад. Баъдан табақи чӯбинро дар болои дуди гиёҳи «ситирахм» дақиқае нигоҳ дошта, табақро аз донаҳои гандуми поёни чошт пур карда ба боло мепартояд. Ин амал се бор такрор меёбад, ки рамзӣ буда, оғози киштукор ва анҷоми онро ифода мекунад. Дар ин ҳангом, агар шахси бегона аз пеши хирманҷо мегузашт «баракато» гуфта салом медод ва дар ҷавоби салом «баракат аз худо» мегуфтанд. Баъди ба ҷо овардани расму русум як табақ гандумро гирифта дар хирманҷо мемонанд, ки он «Хӯҷаи Хизри ақ», яъне ҳаққи Бобои Деҳқон ҳисоб меёбад.

Расму русуме, ки дар ин ду маросим иҷро мегарданд саропо рамз буда, робитаи қавии инсон ва табиатро таҷассум намудаанд, инчунин меҳру муҳаббат, некӣ кардан, дӯстӣ ва садоқат, талоши кишоварз барои баракат ва фаровонии ҳосилро нишон медиҳанд.

Адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки расму русумҳои иҷрошаванда марбут ба маросимҳои «чоштбандон», «чоштгирон» ва дигар маросимҳои кишоварзӣ таърихи хеле қадима доранд ва унсурҳои боқимондаи ҷашни миллии Меҳргон буда, дар саросари кишвар бо баъзе тафовутҳо дар ҳар як минтақа ва маҳал ба ҷо оварда мешудаанд. 

Китобнома:

  1. Андреев, М.С. Материалы по этнографии иранских племён / М.С. Андреев, А.А. Половцев. - Санкт-Петербург: тип. Акад. наук, 1911. – 41 с.
  2. Андреев, М.С. Таджики долины Хуф. Под ред. Э. Кочумкуловой. Вып. 1-2. Переизд. / М.С. Андреев. - Б.: ОсОО «Джем Кей Джи»,-2020. – 794 с.
  3. Мухиддинов, И. Реликты доисламских обычаев и обрядов у земледельцев Западного Памира / И. Мухиддинов. – Душанбе: Дониш, 1989. – 100 с.
  4. Ҳазратқулов М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол / М. Ҳазратқулов.- Душанбе: ЭР-граф, 2012.- 483 с.

                                       Руйихати ҳамсӯҳбатон:

  1. Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 12. 08. 2016.
  2. Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини деҳаи Риҷези ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 9. 08. 2016.