Назрӣ Офаридаев, доктори илмхои филология, сарходими илмии шуъбаи забонхои помирии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ, профессори ДДХ ба номи М. Назаршоев
Аз 23-ум то 28-уми августи соли 1930 дар поитахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (Душанбе) нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ баргузор гардид, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдоди арзишманд ва муҳим буд. Дар анҷуман чаҳор масъалаи асосӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта буд: 1.Забони адабии тоҷик, 2.Алифбо, 3.Имло, 4.Масъалаи алифбои шуғнонӣ. Мутаассифона мадорики мукаммали анҷуманро ба сабаби пурра мавҷуд набудани дӯхтаҳои рузномаҳои он давра дар бойгониҳо ба сурати пурра дарёфт кардан имкон надорад [8,27].
Дар солҳои сиюми асри гузашта сиёсати давлат марбути забон дар доираи самтҳои дигари сиёсати фарҳангии давлати Шӯравӣ дар раванди таҳаққуқи навсозиҳои «инқилоби маданӣ» тарҳрезӣ гардида, аз дидгоҳи замони имрӯз шебу фарозҳо ва каму костиҳои он сиёсат мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ дар самти рушди забони тоҷикӣ, барқарор гардидани меъёрҳои он, коркарди хату алифбои нав, коркарди усулҳои расмулхати нави забони тоҷикӣ қарорҳои бунёдӣ қабул намуд, ки на ҳамаи онҳо аз диди имрӯз қобили қабул мебошанд.
Сиёсати бахши забон дар Тоҷикистон дар асоси сиёсати забонии Давлати Шӯравӣ коркард шуда, ҷанбаи сиёсӣ дошта, дар раванди дигаргунсозии фарҳангии низоми ҷадид тарҳрезӣ шуда буд. Тағйири алифбои арабӣ ба лотинӣ (соли 1929 ба алифбои лотинӣ, соли 1940 ба алифбои криллӣ), соҳиби хату алифбо намудани забони шуғнонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин сиёсат буданд.
Солҳои 20-ум ва 30-уми асри гузашта баробари омӯзиши забони тоҷикӣ ва масоили марбут ба гузариш ба хати лотинӣ, масъалаи забони адабӣ, коркарди қоидаҳои имлои забон ва меъёрҳои он омӯзиши забонҳои помирӣ ва яғнобӣ низ вусъат пайдо намуда буд. Вазъи забонию фарҳангии Тоҷикистонро ба инобат гирифта вобаста ба навсозии фарҳангию иҷтимоӣ ҷомеаи нав ва ба вазифаҳои инқилоби фарҳангии давлати тозабунёди шӯроҳо масъалаи алифбои забонҳои «хурди» ҷумҳурӣ низ ба миён омад.
Он давра бисёре аз донишмандон дар ин ақида буданд, ки «забонҳои кӯҳистон» дар маҳдудаи густариши худ фаъол бошанд ва ба ин халқҳо «барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад». Яке аз эроншиносони маъруфи Аврупо Х.Шёлд, ки аз саромадони омӯзиши илмии забонҳои помирӣ ба шумор меравад, соли 1928 дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» (№6) навишта буд:
«Ин забонҳои кӯҳистон барои забоншиносӣ бисёр аҳамият доранд. Бинобар ин агар бигуям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндӣ ва аврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо барои фанни забоншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимме аст, муболиға накардам». Дар ҷои дигар ӯ қайд мекунад: «Тадқиқ намудани ин забонҳо танҳо аз ҷиҳати илми забоншиносӣ муҳим аст».
Х.Шёлд таъкид мекунад, ки барои инкишофи «забонҳои кӯҳистонӣ» деворро байни «забони ҳукуматӣ ва забонҳои майда» бояд бардошт. Ӯ менависад: «Миллатҳое, ки ба забонҳои кӯҳистонӣ (забонҳои яғнобӣ ва помирӣ - ОН) гап мезананд, ҳақ доранд талаб намоянд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ доранд ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забонӣ доро мебошад»[13,182-179]. Табиист, ки ин ин масъала дар доираҳои илмӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ мавриди истиқбол қарор гирифта буд.
Тибқи маводи нашршудаи нахустин анҷумани забоншиносӣ оид ба масъалаи чорум рафиқ А. Дяков маърӯза кардааст. Моҳияти масъалаи мазкур, аҳамияти он тибқи рӯйдодҳои сиёсии он давра дар иттилоияи ҷамъбастии анҷуман ба тариқи зайл баён ёфтааст: «Масъалаи охирин, ки алифбои шуғнонӣ буд, ин масъалае аст, ки алъон касе дар бораи он фикр накарда, ҳатто агар ин масъала дар замони амирӣ ё подшоҳии рус касе мебардошт, боиси ханда ва мазоҳ мешуд. Имрӯз диктатураи пролетарӣ замина ҳозир кард, ки барои якчанд миллати майда, ки ба забони алоҳида гап мезаданд, алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд. Ин масъалаи тозаро ҳамаи намояндагон бо чапакзанӣ қабул карда бо шавқу завқ музокираҳо менамуданд ва барои шуғнониён алифбои алоҳида карданро яке аз роҳҳои пешрафти маданияти анҷуман дониста ба тӯғригӣ ҳал шудани масъалаи миллӣ дар замони диктатураи пролетарӣ офарин ва таҳниятҳо мекарданд. Ҳақиқатан ин масъалае аст, ки танҳо дар замони диктатураи пролетариат ҳал мешавад ва шуд. Ва барои дигар миллатҳои майдаи Тоҷикистон будагӣ монанди яғнобӣ ва вахонӣ ва дигарон бо ин ки шумораи онҳо бисёр кам ва ба ҳазор аст, низ ба кори алифбои нави алоҳида сар карданро анҷуман ишорат карда гузашт ва ва барои роҳ ва чорабинӣ тайёр карданро лозим дид [5,126-133].
Қарори анҷуман низ дар ин маврид бештар ҷанбаи сиёсию идеологии замон дошта, мавқеъ ва нақши забони тоҷикиро дар таълиму тарбияи «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» муайян аниқ накардааст. Дар қарори анҷуман оид ба масъалаи мазкур омадааст:
«Қарор дар бораи забони таълим ва адабиёти оммаӣ барои миллатҳои тоҷики Кӯҳистон
1) Барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд ва кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва инчунин ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ анҷумани илмии забоншиносони Тоҷикистон лозим медонад ва ба сиёсати миллии пролетариат мувофиқ мешуморад, ки дар мактабҳои миллатҳо таълим ва тарбия дар забони модарии худашон бурда шавад ва адабиёти онҳо дар забони модарии онҳо чоп ва нашр шавад
2) Барои ин ки барои ҳар як аз ин миллатҳо қуввакоркунӣ даркор мебошад ва барои ин ки рафъ кардани эҳтиёҷҳои мадании онҳо зарур ва таъхирнопазир аст, бинобар ин, онҳоро бо миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад.
3) Бинобар набудани қувваҳои маданӣ дар байни вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, рушонӣ ва дигарон Анҷуман зарур медонад, ки дар ин соҳа кор сар карда шавад. Монанди тайёр намудани қувваҳои маданӣ ва тафтиш кардани забони онҳо. Аммо дар бораи шуғнониҳо Анҷуман ба ин фикр меояд: қувваҳое, kи дар миёни онҳо мавҷуд аст, роҳ мекушояд, ки дар мактабҳои онҳо ба забони модариашон таълим дода шавад ва дар ояндаи наздик барои онҳо ба забони модариашон китобҳо дарсӣ адабӣ чоп карда шавад.
4) Анҷуман лоиҳаи алифбои шуғнониро, ки ба анҷуман аз тарафи раис Дяков тақдим шудааст, асосан тасдиқ карда, зарур медонад, ки ба зӯдӣ ба асоси лоиҳаи мазкур ба тайёр кардани адабиёти оммагӣ сар карда шавад. Ба ин шарт, ки дар оянда баъд аз таҷрибаҳои илмӣ чуқуртар такмил карда шавад. Овози тоҷик, 14 сентябри 1930» [3, 671-672].
Бад-ин тартиб, анҷумани забоншиносӣ тартиб додан ва ҷорӣ намудани алифбои шуғнониро маъқул дониста, иҷрои ин кор дар сатҳи давлатӣ тарафдорӣ ёфт ва барои чопи китобу дастурҳои дарсӣ ба забони шуғнонӣ маблағҳои муайян ҷудо гардиданд. Соҳибхат намудани забони шуғнонӣ он замон дар заминаи татбиқи сиёсати забонии давлати Шӯравӣ амалӣ гардид. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ беш аз 50 забони бехату алифбои халқҳои Шӯравӣ соҳибхат гардиданд. Дар баробари ин масъалаи мазкур дар Тоҷикистон дар робита ба табдили хати арабиасоси форсӣ ба лотинӣ (1929) низ ба миён омад. Тавре аз маводи ҷамъбастии анҷуман бар меояд маҳз ба хотири бартарият додан ба низоми нави давлатдорӣ, ба маданияти пролетарии шӯравӣ ҷалб намудани халқиятҳои камшумор, ҳал намудани масъалаи миллӣ дар шароити низоми нави иҷтимоӣ «дар заминаи диктатураи пролетариат» масъалаи соҳибхат намудани забони шуғнонӣ низ ба миён омад. Аммо масъалаи дигари вобаста ба ин мавзӯъ ба эътибор гирифта нашуд. Оё шуғнониҳо ва дигар халқиятҳои майдаи Тоҷикистон то ин вақт забони хаттӣ надоштанд? Забони форсӣ - точики ба сифати забони хаттӣ дар умури мазҳабӣ, коргузорӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дар Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта буд. Дуруст аст, ки забони модарӣ бозтобдиҳандаи фарҳангу маънавиёти халқ маҳсуб мешавад. Забони модарӣ метавонад дар баробари дигар забони хаттӣ мавриди истифодаи худро дошта бошад, ки чунин вазъи хоси забонӣ дар Кӯҳистони Бадахшон асрҳо боз шакл гирифта буд. Аз ин рӯ на ҳамаи эҷодкорон, зиёиёни он замон ҷонибдори ҷорӣ намудани таълим, эҷоди осори адабию илмӣ ба забони шуғнонӣ ва дигар «забонҳои хурди» минтақа буданд. Дар сатҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ низ он замон дар ин бора ҳамфикрӣ вуҷуд надошт[4].
Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов дар ҳисобот оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи забонии минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:
«Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир 3 забони аз ҳамдигар фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).
Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» [9,672].
Консепсияи татбиқи забонҳои мардуми кӯҳистон он замон дар бахши маориф коркард нашуда буд. Алифбо тартиб дода шуд, китобҳои таълимии алифбо барои калонсолон, барои кӯдакон, китобҳои дарсии забони модарӣ, ҳисоб, табиатшиносӣ ва баъзе китобчаҳои бачагона аз забони русӣ тарҷума шуданд. Вале маълум нашуда буд, ки забонҳои маҳаллӣ то кадом синф тадрис мешаванд? Масъалаи таълими забони асосии ҷумҳурӣ – забони тоҷикӣ дар макотиби Шуғнон дар кадом сатҳ бояд қарор гирад, муайян карда нашуда буд. Илова бар ин алифбо ва китобҳои таълимӣ танҳо ба забони шуғнонӣ таълиф гардиданд, алифбо ва таҳияи дастурҳо ба забонҳои дигари Кӯҳистони Бадахшон дар анҷуман таъкид гардид, вале аз сабаби набудани мутахассисон ва тафтиш нашудани ин забонҳо дар солҳои сиюм он амалӣ нагардид. Ба ибораи дигар танҳо дар Шуғнон метавонистанд таълимро ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки дар ҳудуди густариши забонҳои дигар алифбо ва таълим ҳамоно ба забони тоҷикӣ идома дошт.
Аз матни қарор бар меояд, ки ҷорӣ намудани «таълиму тарбия дар забони модарӣ барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ» ва мувофиқ « ба сиёсати миллии пролетариат» дар амал татбиқ мегардид.
Дар қарори Анҷуман соҳибони ин забонҳоро «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» ёдоварӣ намудаанд, вале дар банди дуюми таъкид мешавад, ки «онҳоро ба миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад» Табиист, ки ин боиси баҳси дигаре гардид, мудоме ки инҳо «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» бошанд, пас забони тоҷикӣ низ барояшон бегона набошад. Бараъло дида мешавад, ки соҳибхат намудани забони шуғнонӣ сирф ҷанбаи сиёсӣ дошта, ҳамчун як рӯйдоди нави бунёди фарҳангӣ дар робита ба шароити сиёсию иҷтимоӣ зоҳир гардид. Ин масъала дар робита бо «лотиниониданидани» расмулхати забони точикӣ ҳамзамон ба миён омад. То ин замон дар солҳои бистуми асри гузашта баҳри татбиқи барномаҳои инқилобӣ мактабҳои нахустин, ки дар Кӯҳистони Бадахшон ташкил шуда буданд, забони форсӣ- тоҷикӣ таълим дода мешуд ва таълим низ ба ин забон сурат мегирифт. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин минтақа нуфузи зиёде дошта, мисли манотиқи дигари Тоҷикистон то солҳои сиюм дар Шуғнон низ даҳҳо суханвароне буданд, ки ба забони форсӣ- тоҷикӣ осори илмию адабӣ офаридаанд. Масалан, дар бораи мактаби адабии Саид Фарухшоҳу Шоҳзодамуҳаммаду Юсуфалишоҳ ва шоирону фозилони дигари Шуғнон дар осори илмӣ маълумоти фаровоне оварда шудааст. Бинобар ин роҳандозии эҷоди бадеӣ ба забони маҳаллӣ барои ҳама пазируфтанӣ набуд. Ба ибораи дигар алифбои шуғнонӣ ҷонибдорон ва муқобилони худро дошт ва таҳаққуқ напазируфтани он ба амри ҳизби ҳукмрону ҳокимияти замон он қадар вобастагӣ надошта, бо сабабҳо ва омилҳои айнӣ (обйективӣ) густариш пайдо накард. Он аз тарафи мардум қабул нашуд ва аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ низ таҳмил нагардид. Мардум ба таври худихтиёрӣ забони таълимро интихоб намуд, ки он барои онҳо бегона набуд.
Шахсияти маъруф, дорандаи Ҷоизаи Давлатии СССР, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар баъдтар дар ин бора навишта буданд: « Халқ забонро ифтихори миллии худ медонанд. Дар солҳои сиюм булҳавасоне алифбои шуғнониро ихтироъ карданд. Ихтироъгарон мағрурона мегуфтанд, ки дар осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай ҳамон қадар зеботар менамояд. Дар давоми панҷ – шаш сол ба ин забон китобҳои дарсӣ мебароварданд, китобҳои сиёсию бадеӣ тарҷима мекарданд ва ба нашр мерасонданд.Барои ин кор меҳнати зиёди одамон ва миллионҳо сум сарф шуд, вале маълум гашт, ки китобҳои ба забон шуғнонӣ нашршуда дар анборҳои мактабу маориф хобидаанд. Талабагон аз рӯи китобҳои тоҷикӣ дарс мехонданд. Кор ба ҷое расид, ки одамон махфӣ ба Душанбе омада, китобҳои дарсӣ харида ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст, аҳолӣ бо як овоз гуфтааст, ки мо тоҷик будему ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон гӯед, ки дар шаб зебоии осмон аз бисёрии ситораҳост, лекин барои ин зебоӣ шуда. ситораи калони тоҷикро ба ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст» [7,111].
Аз суханони устод Мирсаид Миршакар маълум мешавад,ки оид ба алифбо ва ҷорӣ намудани таълиму тарбия ба забони шуғнонӣ дар Шуғнон ҳамфикрӣ вуҷуд надоштааст. Ҳизбу ҳукумат низ ҷорӣ намудани таълимро ба забонҳои маҳаллӣ иҷборан амалӣ накард ва манъ намудани он низ шояд бо «дархости» иддае аз зиёиён сурат гирифт.
Бесабаб нест, ки соли 1939 дар Пленуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист тасмим гирифта шуд, ки ба чопи китобҳои таълимӣ ва тадриси забони шуғнонӣ хотима гузошта шавад, зеро ин кор барои рушди фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшон монеа эҷод мекунад.Аз ҷумла, дар қарори пленум такид мешавад: «тамоюли нашри китобҳои дарсӣ ва таълим ба забони шуғнонӣ зараровар аст ва рушд ва шукуфоии фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшонро боз медорад» [4].
Тавре дида мешавад, ки қарори ин пленум қарори анҷумани илмии забоншиносонро рад намуда, хилофи он буд. Дар анҷумани илмии забоншиносии соли 1930 таъкид шуда буд, ки «барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд…, «алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд», аммо пленум (с.1939) алифбои шуғнонӣ ва ҷорӣ намудани таълим ба ин забонро ҳамчун монеае дар рушди фарҳангии тоҷикони кӯҳистон баҳогузорӣ намуд. Ба хулосае метавон омад, ки алифбои шуғнонӣ ҳам қурбони тақиботи охири солҳои сиюм шуд[2].
Ҳамин тариқ, то охири солҳои сиюм тақдири алифбои шуғнонӣ ва таълими он «ҳал шуд». Саволе ба миён меояд, ки оё ин рӯйдоди фарҳангӣ дархӯри аҳамият маънавию маърифати буд? Бале, он рисолате ки ҷавонони 20-22 солаи шуғнонӣ дар солҳои сиюм ба иҷро расонидаанд, имрӯз метавон бо камоли эҳтиром қадрдонӣ намуд.Нодир Шанбезода, Хусрав Мусрифшоев, Боғшо Бандишоев, Золшо Шонаврӯзов, Баҳодур Искандаров, Сафармаҳмад Амдинов ва дигарон, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи китобҳои таълимию сиёсӣ бевосита саҳмгузорӣ намуданд, хизмати арзандаи онҳоро бояд қадр кард. Аввалан, нахустин маротиба маводи ин забони бехат таввасути хат сабт гардид ва то андозае меъёри катбии он ба вуҷуд омад. Таввасути ашъори шоири чирадаст Н. Шанбезода забони шуғнонӣ бо тамоми дурахшу фасоҳат вориди назм гардид ва бунёди забони шеъри шуғнонӣ гузошта шуд [1]. Сониян, ин китобҳо то ҳол чун сарчашмаи забонӣ арзиши илмиашонро аз даст надодаанд. Дар баробари ин ба рушди забони шуғнонӣ як андоза мусоидат намуданд.
Дар даврони бозсозии горбачевӣ вобаста ба набзи ошкорбаёнӣ ва равандҳои сиёсии он замон чандучуни ин рӯйдоди маърифатию фарҳангӣ аз нав ба майдони баҳс ворид гардид ва аз дидгоҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Забони шуғнонӣ ва дигар забонҳо аз нав ба арсаи назм ворид гардиданд.Доираи корбурди забонҳои маҳаллӣ ба андозае васеъ гардид. Шоироне мисли Лидуш Ҳабиб, Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Варқа Охонниёз ва дигарон ибтикори устод Н. Шанбезодаро дар эҷоди шеъри шуғнонию рӯшонӣ идома дода, китобҳою маҷмӯаҳои ашъорро ба табъ расонданд ва аз тарафи муштоқони каломи мавзун пазируфта шуданд ва ҷаҳони фарҳангии Тоҷикистонро боз ҳам рангинтар намуданд. Забони шуғнонӣ ба саҳнаи театр низ роҳ ёфт.Такомули чунин рӯйдодҳои фарҳангӣ дастгирӣ меёбад[9]. Дар даврони Истиқлол масъалаи забонҳо ба эътибор гирифта шуда, мавзуи омӯзиш, хифз ва инкишофи забонхои помирӣ чандин маротиба дар суханронихои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон матрах гардида, мустақилят ва ҳувияти забонхо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъин гардид.
Дар моддаи чоруми қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад
Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз қишри умдаи ҷомеа онро қабул намекунад, корбурди забонҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар соҳаи илм мактаби илмии забонҳои помирӣ рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ дар ҳоли рушду нумуъ аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳибунвоне дар ин соҳаи илми забоншиносӣ ба камол расидаанд ва садҳо китобу рисолаҳо ба табъ расидааанд. Сабти маводи фольклорӣ ва ривоятии забонҳои помирӣ, нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро дароз хоҳад кард. Ташкил ва танзими фонд, фаъолияти муассисаи махсуси илмӣ ба равандҳои инкишофи забонҳо мусоидат мекунад.
Дар баробари ин татбиқи забонҳо дар соҳаи маориф то ҳол чун мушкили баҳснок боқӣ мемонад. Вақте ки солҳои бозсозӣ дар фазои ошкорбаён мушкилоти мазкур рӯи об баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии он давра мавқеи худро оид ба масоили зикршуда тавассути нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК [6] баён намуданд, ки боиси баҳсҳои дигар низ гардид. Бозгашт ба қарори анҷумани забоншиносии солҳои сиюм дар шароити имрӯза аз имкон дур аст. Таълим ба забони тоҷикӣ бартарияти худро дар рушди фарҳангу маданияти мардуми Кӯҳистони Бадахшон собит намуд. Аз байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги тоҷик ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ маъруфият пайдо карда буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи теъдоди ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми аввал буд.
Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони модарӣ гуногунанд. Бархе аз донишмандон мавҷудияти ду забони модариро дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони модарист. [11;12]. Аз ин рӯ тадриси забони этникии модариро ба сифати фанни алоҳида дар баробари таълим ба забони тоҷикӣ метавон ба роҳ монд. Дар бисере аз манотиқи дузабона чунин таҷриба амалӣ мешавад. Инчунин метавон омӯзиши забонҳои маҳаллии модариро ба тариқи факултатив ба роҳ монд. Интихоби забони таълим барои фарзандон аз ҷониби волидайн як амри худихтиёрист. Метавон гуфт, ки дар солҳои сиюм аксари мардум забони таълимро забони тоҷикӣ интихоб намуданд. Имрӯз вобаста ба шароити мавҷуда шаҳрвандон ҷиҳати ҳосил намудани дониш ва ташаккули ҷаҳонбинӣ забонеро интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии он васеътар буда, мувофиқ ба тақозои ҷомеаи имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи насли ҷавон таъсири мусбат расонида тавонад.
Ҳамин тариқ, ба вуҷуд омадани хату алафбои шуғнонӣ иқдоми ормонгароии ҷавонон дар партави навсозиҳои инқилоби мадании солҳои сиюми асри гузашта буд, ки амали воқеӣ пайдо накард. Аз сӯйи дигар мансух гардидани он ба таъқиботи солҳои сиюм вобастагӣ дошт. Бозгашт ба хату алифбои шуғнонӣ, дар шароити имрӯза низ як орзӯи ормонгароёнаест, ки аз сӯйи бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ тарғиб карда мешавад. Ормонгароӣ ва воқеъгароӣ ду мафҳумеанд, ки аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар татбиқи хату алифбои забони шуғнонӣ аз иқдомоти воқеъгароёнаи имрӯза бояд кор гирифт.
Китобнома
- Абдулназаров А.Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон\ \А. Абдулназаров. –Душанбе: Эр-граф, 2017. 190 с.
- Аламшоев Қ. Китобҳои таъқибшуда\ Қ. Аламшоев.\\ Чатри симин, №1, марти соли 1999.
- Дар анҷумани нахустини илмии Тоҷикистон \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.671-672.
4.Қаландаров Т. Памирские языки:между прошлым и будущем ( на примере шугнанского языка) \Т. Каландаров. \\ УЦА Высщая школа развития Отдел культурного наследия и гуманитарных наук Научный доклад, 2020,№6
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009, №9-10.
- Маводи анҷумани нахустини илмиӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он \\ Забоншиносӣ, №1, 2010. –С.126-137.
7.Мактуби кушоди собиқадорон \\ Тоҷикистони Советӣ, 1988, 24 июн.
8.Миршакар М. Ёди ёри меҳрубон.\М.Миршакар. –Душанбе: Ирфон, 1979. -183 с.
9.Набавӣ А. Баҳсҳои илмӣ оид ба забони тоҷикӣ дар солҳои 20-ум Тоҷикистон \А. Набавӣ. \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.9- 38.
10.Отчёт секретаря Российского политического агенства в Бухаре А. Черкасова о командровке в Припамирские бекства Бухарского ханства в 1904 \\ Очерки по истории Советского Бадахшана.-Душанбе:Дониш, 1985.-С.427.
11..Охонниёзов В. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ.\ В. Охонниёзов. –Душанбе:Эр-граф, 2017. – 328 с.
- Тишков В.А.Язык нации \В. А. Тишков. \\ Вестник Российской Академии Наук, 2016, том 86, № 4. –С.291-303.
13.Тишков В.А. Родной язык \ В.А. Тишков.\\ Этнокультурный облик России: перепись 2002 года. – М.: Наука, 2007. – С.50-63.
14.Шилд Х. Дар бораи забонҳои кӯҳистони Тоҷикистон\ Х. Шилд\\ Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе, 2007. – С.189-172.