wrapper

НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХ

Аҳамияти сиёсии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидасанов Юсуф

Азорабекова Ширингул

  Яке аз масъалаҳои муҳими илми муосир  – ин муайян намудани нақши шахсиятҳои таърихӣ дар пешрафти ҷомеа мебошад. Пешрафти  ҳодисаҳои ҷомеа аз  омилҳои гуногун вобастагӣ доранд ва  ба ақидаи баъзе олимон шахси алоҳида наметавонад  тамоми ин равандҳоро таҳти назорати худ қарор диҳад. Шахсият метавонад бо ҳаракатҳо ё беҳаракатии худ, бевосита ё бавосита, дар давоми зиндагии худ дар пешрафти ҷомеа нақши намоён дошта бошад.  Шахсияти таърихиро олими маъруфи  юнонӣ Арасту ақли солими ҷомеа  номида буд, ки  адолатро таъмин мекунад.  Арасту ҳокимро ақли солим номид,  ки шаҳрвандонро дар роҳи  итоат кардан ба қонун ҳидоят мекунад.  Мутафаккири рус Л.Н.Толстой шахсиятҳои таърихиро «ғуломони таърих» номид, ки  бо иродаи Илоҳӣ таърихро месозанд. Аз рӯи афкори вай «чи қадар шахсият дар  системаи идоракунӣ мавқеи баланд дошта бошад, ҳамон қадар рафтор  ва  ногузир будани сиёсати вай пешгуишаванда мебошад». [8,67] Файласуфи асри ХIХ Раппопорт (1899: 47) навишта буд, ки  «шахсият ин сабаб ва маҳсули  раванди таърих аст»,  ки роҳи ҳалли масъаларо пайдо мекунад. [6,86] Мутафакири рус  Г. В. Плеханов (1856–1918) дар асари худ  «Оиди нақши шахсият дар таърих»  фалсафаи Гегелро идома дода,  изҳор мекунад, ки шахсият метавонад  ба раванди таърих таъсир расонад. Ба ақидаи вай шароити  мусоид метавонад дар лаҳзаи зарурӣ шахсиятеро пайдо намояд, ки  роҳбарии равандҳоро  ба зимма мегирад.  

  Дар масири нақши шахсият, мебоист феномени Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмонро  ҳамчун шахсияти таърихӣ  бояд ёдрас шуд, ки   дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун роҳбари давлат интихоб гардид. Ин  Иҷлосия  яке аз давраҳои  душвори мамлакати моро  дар бар гирифта, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. [2,56] Дар ин давра  сохторҳои давлатӣ бо таъсири  муқовимати гурӯҳҳои силоҳдор фалаҷ гардида, ба ҷумҳурӣ ба маблағи  тахминан 300 млрд. рубл зарари моддӣ расонида шуд.[9,170] Инчунин  80% нерӯи саноатии мамлакат аз кор бозмонд, ҳаҷми даромади миллӣ дар соли 1992 дар муқоиса ба соли 1991 31 % кам гардид.[4,90]

Интихоби Пешвои миллатро дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии ҶТ ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ таҳлил намуда, Меҳмон Бахтӣ менависад: «Чаро намояндагони мардум маҳз ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таваққуф карданд?». Баъди гузоштани савол муаллиф  чунин ҷавоб медиҳад: «Аввал ин, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, зеро вай балки кайҳо боз  бо суханрониҳои фасеҳу мантиқасоси хеш  андар миёни намояндагони мардум шуҳрати хосаро касб намуд.  Лаҳни фасоҳатбори суханварӣ ва мантиқи баёнаш таъсири пурҷозиба дошта, дар лаҳзаҳои басо  шадид тариқи саҳеҳияти қонунро ба ҳамкасбон иброз медошт ва ба ин васила мардумро ҳушдор медод, ки  зиракона кору пайкор намуда бошанд».[3,14]  19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд  ва аввалин иқдоми  сарвари тоҷикон ин  овардани сулҳ барои Тоҷикистон эълон  гардид: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Аз он давра инҷониб  бо сарварии  Пешвои миллат барномаҳои бузурги  дорои сатҳи  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд, ки аз  истеъдоди  азими идоракунии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. 

Дар он давраи душвор бисёриҳо аз роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов, ки нав ба вазифаи Раиси Шурои олӣ интихоб шуд,  умед надоштанд,  вале Пешвои миллат зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ баргардонида, ба миллати тоҷик сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард.[5,19]   Таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки маҳз ирода, дониш ва ҷасорату мардонагии вай дар лаҳзаҳои душвортарини  инкишоф ба кабул гардидани карорҳои таъриҳӣ ва ҳаллу фасл гардидани проблемаҳои халқу миллат меовард. [7,78] Пешвои миллат бо тамоми  гуруҳҳои иҷтимоии ҷомеа баробар  ҳамкорӣ  мекунад ва мардум  ӯро   ҳамчун  Президенти халқи оддӣ,  Президенти аҳли илм,  Президенти кишоварзон нишон  қабул мекунад. Ин  падидаҳо донишҳои бисёртарафаи Пешвои миллатро дар самти роҳбарии давлат таҷассум мекунанд, ки  тавонист бо тамоми табақаҳои аҳолӣ муттаҳид шуда барномаҳои давлатиро амалӣ намояд. Маҳз бо  илҳом ва  таасуроти шахсияти Пешвои миллат,  халқ  дар сохтмонҳои азим ба монанди сохтмони неругоҳи обӣ барқии Роғун ва дигар иншоотҳои азим корнамоиҳо нишон медиҳад. 

  Президенти Тоҷикистон Эмомалии Рахмон ғамхорӣ дар ҳаққи фақирон, ятимон ва мардуми камбизоатро мақсади асосии фаъолияти  худ пеша намуда,  стратегияи сохторҳои давлатиро низ ба ҳамин самт равона месозад.  Чунин қонунҳо ва карорҳои Ҳукумат ба монанди «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таксими замин байни мардум, кумаки доимӣ ба мактаб интернатҳо ва дигар чорабиниҳо аз чунин хислати Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.  

  Дар хулосаи ҳамин мақола  қайд кардан зарур аст, ки  «роҳбарӣ падидаи иҷтимоӣ аст. Барои расидан ба он бисёриҳо мекӯшанд. Аммо ноил гаштан ба натиҷаҳои барои миллат ва давлат созгор кори саҳл нест. Таҷрибаи зиндагӣ аст, ки дурустии назария максади инсонро тавассути кудрати тайғир додани вазъи мамлакат, бунёди давлати мутамарказ ва дар сатҳи умумимиллӣ, минтакавӣ ва  байналмилалӣ комгор будани сиёсати таҳрезишуда ва эълоншуда исбот мекунад.[1,5] Бинобар ҳамин, мо гуфта метавонем, ки аҳамияти асосии  Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин  ба арсаи сиёсӣ овардани  шахсияти таърихӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки мамлакатро аз буҳронҳои азими иқтисодӣ ва сиёсӣ берун карда роҳи  инкишофи  босамари онро дар давоми  истиқлолият муайян намуд.

 

 

 

АДАБИЁТ

 

  1. Аристотель: давлат ва сиёсат.- // С.Ятимов, Чумхурият, 1 августи соли 2019.- С.5
  2. Акрамӣ З. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих / З. Акрамӣ. – Душанбе, 2017.- 56 с.
  3. Восеъ К. Сиёсати давлат ва ваыдати миллӣ.- Душанбе,-2010.-с.14
  4. Ганджакова М.Г. Политическая история Таджикистана 90-х годов ХХ века: дис. … канд. ист. наук: 07.00.02 / М.Г. Ганджакова. – Душанбе, 2015/-170 c.
  5. Ғафуров А.М. Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол.- С.19.
  6. Раппопорт, Х. 1899. Философия истории в ее главнейших течениях. СПб. С.86
  7. Таърих зеҳни миллат // маҷмуи мақолаҳо, Хоруғ, 2018, С.78
  8. Толстой, Л. Н. (или любое другое издание). Война и мир: в 4 т. Т. 3. М.: Просвещение. 1987
  9. Холмуродова М.Б. Таърихи раванди миллии тоҷикон дар ҷанги шаҳрвандӣ  (солҳои 1991-2001) .-диссертатасия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D020300 – Таърих.-Кӯлоб – 2020.- 170 с.