Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, масъалаи қабул кардани Конститутсияи нав ба миён гузошта шуд. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷиҳат зарур буд, ки он низоми ҳуқуқӣ ва сохти идоракунии давлатро муайян мекард. Барои ҳамин ҳанӯз дар солҳои 1990 - 1991 роҳҳои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар шакли лоиҳаи Конститутсия аз тарафи олимони тоҷик таҳия гардид. Ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи таърихи конститутсияҳои қаблӣ ки солҳои 1929, 1931, 1937, ва 1978 қабул гардиданд, ба назар гирифта шуд. Моҳи феврали соли 1992 лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз ин 22 апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Аммо бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар нимаи дуввуми соли 1992 ин кор ба таъхир гузошта шуд.
Соли 1993 дар шароити нав, Комиссияи конститутсионӣ ба кори худ идома дод ва моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нав дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид. Аз 25-уми сентябр то 6 ноябри соли 1994 дар сар то сари ҷумҳурӣ раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард ва зиёда аз 87,59 фоизи овоздиҳандагон ба тарафдории қабул кардани Конститутсияи нав овоз доданд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тайғиру иловаҳо ворид гардиданд.
Аҳамияти асосии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд, ва ҳамин тавр шакли давлатдории мамлакат муайян гардид. Шакли идоракунӣ ҳамчун идоракунии президентӣ эълон карда шуд. Муҳимияти дигари Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намуд. Яъне эътиқод ба дин озод эълон шуд ва дар баробари ҳамин дахолати диндоронро ба системаи сиёсӣ манъ намуд. Кафолати озодии виҷдон таъмин шуд ва фаъолияти ҳизбҳо дар доираи қонун таҳия гардид.
Конститутсия гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравиро таъмин намуда, барои фаъолияти сиёсӣ фазои қонуниро муҳайё намуд ва ҳама гуна маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро манъ кард. Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намуда, онҳоро зери ҳимояи давлат қарор медиҳад. Таҳлили қабули Конститутсияи замони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон нишон дод, ки он низоми нави давлатиро муқаррар кард ва барои иштироки бевоситаи мардум дар ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Саидасанов Юсуф – ходими илмии Институти илмҳои гумманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон