wrapper

  Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ВМКБ  аз 08-11-2022 (№517)  бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   санаи 10-11-2022  бо ташабусси директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик  Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар, дар ҳамкори бо Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сардораш Азорабек Мирзобеков , бо Раёсати маорифи  ВМКБ сардораш Аминҷон Мирзоқандов,  бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва бозомӯзии кормандони   соҳаи маориф дар ВМКБ директораш Раҳимдод Азизбеков дар толори ИИГ-ии АМИТ конфренсияи илми-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон” ташкил ва баргузор намуданд. Дар кори конфронс кормандони ин чор муассисаи илмӣ-таълимӣ ширкати фаъолона доштанд.  

Конфронсро мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ н. и. т. Шоинбеков А. ифтитоҳ намуда, баъди сухани табрикотӣ мақсад, моҳият ва аҳамияти баргузории конфронсро баён намуд. Сипас корманди Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Вафобек Темурбеков, сармутахассиси Раёсати маорифи  ВМКБ Амонбек Мавлоназаров, директори Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва бозомӯзии кормандони   соҳаи маориф дар ВМКБ Раҳимдод Азизбеков бо суханҳои табрикотӣ ва пурмӯҳтаво оид ба ногузири ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI -уми таърихию тақдирсоз ҳарф зада иштирокдорони конфронсро ҳамчунин бо дигар санаҳои муҳими таърихии моҳи ноябр низ табрику таъният гуфтанд.

Дар қисмати дуюми конфронс А. Шоинбеков - мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ИИГ АМИТ н.и.т. дар мавзуи  «Иҷлосия XVI – раҳ ба сулҳу Ваҳдат», К. Парпишоев - муовини директор оид ба таълими  Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва бозомӯзии кормандони   соҳаи маориф дар ВМКБ дар мавзуи «Иҷлосия XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлати миллии тоҷикон”, Саидасанов Ю.-  н. и. т. ходими калони илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ИИГ АМИТ, дар мавзуи «Нақши  Пешвои миллат дар таърих », ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ИИГ АМИТ, Ардабаева М.- дар мавзуи «Иҷлосия XVI-ум-ҳифзи ҳуқуқҳо » баромад намуданд.

Дар гузоришҳои илмӣ, таърихи солҳои нахусти Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози ҷанги таъмилии шаҳрвандӣ, натиҷаҳои он, ногузири ва зарурияти даъвати Иҷлосия XVI-ум, рафт ва натиҷаи Иҷлосия, саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар барқароркунии сохтори давлат, сулҳу Ваҳдат, баргардондани гурезаҳо ба ватан, рушду нумӯи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси асноду далелҳои таърихӣ ва таҳлилӣ баррасӣ гаштанд.

Рафт ва натиҷаи конфронс  нишон дод, ки чунин конфронсҳо дар мустаҳкам кардани ғояҳои худшиносию меҳанпарастӣ  аҳамияти хоса доранд.

 

 

Последнее изменение Сешанбе, 13 Декабр 2022