wrapper

Институт

Институт

Чанд андешае оиди қазияи байнисарҳадӣ

Боз бори дигар масъалаи низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғистон аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Чаро қазияе, ки соли гузашта бо роҳи гуфтушуниди байнидавлатӣ ҳал гардида буд ва бандҳои ин гуфтушунидро тарафайн қобили қабул донистанду иҷро намуданд, боз бори дигар авҷ гирифт? Дар замоне, ки ҳар ду давлат соҳиби ҳудуди васеянду эҳтиёҷ ба он марзе, ки сабабгори нифоқу нотинҷии чанд соли охир гаштааст, дар чист? Имрӯз дар як марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ, ки тамоми дунёро фарогир аст, нашояд ба сар задани як нуқтаи ноороми дигар дар Осиё роҳ дод.

Талафоти тарафайн метавонад сабабгори хушунату нооромиҳои нав гардад ва имрӯз яке аз сабабҳои ин хушунату ҳисси бадбинии байни ду халқ метавонад шабакаи интернет гардад. Зеро дар он аз ҷониби истифодабарандагони қирғиз наворҳои зиёде ҷо дода мешаванд, ки ҳамаашон таҳлили яктарафа доранд. Чаро дар чунин маврид аз ҷониби ягон сиёсатшиноси тоҷик дар хусуси сабабу муҳтавои муноқишаи мазкур як маводи таърихан ва далелан асоснок дар шабакаи интернет пахш карда намешавад? Албатта дар саҳифаҳои ВАО-и Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ маводи зиёде дар ин хусус пайдо кардан мумкин аст, вале хуб мебуд, агар сиёсатшиносони тоҷик ин масъаларо дар сатҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва илмӣ таҳлил намуда, дар шабакаи интернет бо забони русӣ баррасӣ менамуданд, то ки истифодабарандагони васеи шабака маълумоти саҳеҳ дошта бошанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун як миллати тасарруфгару ҷангхоҳ напазирад.

Мутмаинам, ки чи қадар маводе, ки аз ҷониби сиёсатшиносони тоҷик ва шахсони бевосита бо ҷараёни ин муноқиша сару кор доштаи кишварамон бо далелу асноди амиқ пахш гардад, ҳамон қадар сабабу решаи асосии ин муноқиша зудтар аён мегардад.

Барои мо бадахшониён ин муноқиша чандкарата сангинтар аст, зеро асрҳо боз бо қирғизон дар як сарзамин ҳаёт ба сар мебарем ва хушбахтона то имрӯз чунин ҳодисаҳо байни тоҷикону қирғизони Бадахшон сар назадаанд. Умедворем, ки ёриву дӯстии мардуми тоҷику қирғиз дар сарзамини Бадахшон боз садсолаҳои дигар низ идома хоҳад дошт.

Бисёр таассуф мехӯрем, ки солҳои охир бо сар задани ин низоъҳо ҷони даҳҳо кас аз даст дода шуда истодааст, оилаҳо саргардон, иншоотҳои хусусиву давлатӣ вайрону валангор ва аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ҳамаи ин боиси баланд гаштани ҳисси бадбиниву тоқатнопазирии ду миллати ҳамҷавору ҳамсоя мегардад, ки барои аз байн бурдани он вақту замони тӯлоние лозим мегардад.

Он чанд нуқтае, ки чун шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳалли ин қазия мувофиқи маълумоту далелҳои дастрасдошта метавонем пешниҳод намуд:

  • имрӯз замоне расидааст, ки марзи 970 километраи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бештари он аниқ муайяну нишонагузорӣ нашудааст, дар чорчӯбаи қонуни давлати Тоҷикистон ва талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ муайян ва нишонагузорӣ гардида, дидбонгоҳҳои мустаҳками сарҳадӣ гузошта шаванд, хусусан минтақаҳои мисли ҷамоатҳои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аҳолиашон 62 000 одамро ташкил медиҳаду бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, зери ҳифозати доимии марзбонон қарор гирад;
  • барои мақомотҳои давлатии наздисарҳадии ҳар ду ҳудуд лозим аст, ки бо такя ба ҷомеаи шаҳрвандии худ, ки асоси давлати демократиро ташкил медиҳанд, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ анҷом диҳанд;
  • пахш намудани маводҳои далелноки таърихиву таҳлилӣ оиди ин ҳодисаҳо - сабабҳо, натиҷаҳо, дурнамои онҳо
  • дар ҳолати аниқ муайян гаштану нишонагузорӣ шудани марз дар байни ду давлат нуқтаҳои тиҷоратиро ташкил намуд, ки ба ин восита рафту омад ва интиқоли молу анвол боиси мустаҳкам гаштани алоқаҳои байни аҳолии тарафайн мегардад;
  • ташкили чорабиниҳо, идҳо ва маъракаҳои фарҳангии наздисарҳадӣ, низ яке аз воситаи барқарору мазбут сохтани алоқаи байни давлатҳои ҳамҷавор аст. ки чунин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон амалӣ карда мешаванд ва натиҷаи хуб медиҳад.

Албатта таҳаммулпазирӣ ва сабурӣ хислатҳои беҳтарине ҳастанд, ки дар давоми асрҳо тоҷиконро барои ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, вале на дар вазъияти кунунӣ! Зеро агар ин қазияи тӯлкашида имрӯз ҳалли худро наёбад, пагоҳ ҳамчун як мабдаи нооромии байни кишварҳои мо мегардад, ки ягон нафар тоҷик хоҳиши пайдо шудану реша давондани онро надорад.

 

Н. Ризвоншоева – ходими илмии ИИГ АМИТ

Муфассал ...

САҲМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

САҲМИ  ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ  ТОҶИКӢ

                    Назрӣ Офаридаев 

 

 «Дар  ин давра (солҳои 20-ми  асри XX),  ба  арсаи  мубориза  барои муайян намудани  сарнавишти  миллату давлати  тоҷикон як қатор фарзандони   баору номуси  Ватанамон, ба   монанди  Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир  Муҳидинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ворид  шуданд, ки дар  натиҷаи  кӯшишу талошҳои  онҳо  Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ таъсис ёфт».

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

           Шириншоҳ  Шоҳтемур  баҳри ҳифзи   арзишҳои   миллӣ замоне кору  пайкор  менамуд, ки як   давраи   печида, давраи набардҳои  табақотӣ  ва миллӣ  маҳсуб   мешуд. Арзишҳои   анъанавии  зиндагонии  маишӣ тадриҷан  ба  дигпргуниҳо  дучор мегардиданд, воҳидҳои  нави маъмурию  миллӣ таъсис  меёфтанд, ҷараёнҳои  мухталифи  сиёсию миллӣ арзи вуҷуд  намуда, муборизаҳо торафт  пуршиддат  мегардиданд. Шириншоҳ Шоҳтемур  дар авзои   пурхилоф   ба  майдони   мубориза   ворид гардида, ба душманони  мардуми тоҷик, ки  фарҳанги  пурғановати  онро  инкор  менамуданд, илман посух мегуфт. Асноди  зиёди  бойгонӣ, маълумотномаҳо, мактубҳои  Шириншоҳ Шоҳтемур  аз он шаҳодат  медиҳанд, ки   ӯ дорои   тафаккур ва  ҷаҳонбинии васеи  сиёсӣ-миллӣ  ва андешаи  жарфи   истиқлолхоҳӣ  будааст. Солҳои 20-уми  асри гузашта дар баробари  дигар масоили  сиёсию фарҳангӣ, тақсимбандии марзӣ, таъсиси Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии  Узбекистон, таъсиси Ҷумҳурии  мустақили сотсиалистии  Тоҷикистон  масъалаи  забон низ тезу тунд  гардид. Халқи тоҷик  ҷумҳурии худро  дар иҳотаи  халқҳои  туркзабон  ташкил кард. Қувваҳои  миллатгароӣ  туркӣ, ки  дар   таърих  ба номи пантуркистҳо маълуманд, мавҷудияти  халқи тоҷик  ва  забони  тоҷикиро  инкор мекарданд. Пантуркистҳо  дар ҳизб  низ  нуфузи  зиёде   доштанд ва  ба равнақи  фарҳангу  забони миллии халқи тоҷик  ҳар гунна   монеаҳои  сунъӣ эҷод  менамуданд.

         Шириншоҳ Шоҳтемур дар гузориши худ  ба  И.В. Сталин «Дар бораи   мавқеи  маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодиёти  тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 5- июни соли 1926, ки худ як  мақолаи  таҳлилӣ аст, масъалаҳои  шинохти  забони тоҷикӣ , ҷорӣ  намудани коргузорӣ ба забони  тоҷикӣ, таъсиси мактабҳои  тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, ҳамчун забони   давлатӣ  ба  кор бурдани забони тоҷикӣ, мавқеи  байналмилалии  забони  тоҷикӣ, ба халқиятҳои  эронӣ   мансуб будани тоҷикон ва соири  масоилро  матраҳ намуда, диққати  ҳизби коммунистиро  ба ҳалли оҷили онҳо ҷалб менамояд. Дар ибтидои  солҳои  бистум  қувваҳои  муайяни  пантуркистӣ таҳти  мафҳуми  «тоҷикон» танҳо мардуми Кӯҳистони  Бадахшон (Помири Ғарбӣ)-ро дар  назар  доштанд, тоҷикони   манотиқи  дигар  ва ҳатто сокинони  шаҳрҳои  бонуфузи  тоҷикнишинро  бо  фарҳанги  қадимашон  туркнажод мегуфтанд. Шириншоҳ  Шоҳтемур чунин ақидаи нодуруст ва беасосро рад намуда, дар асоси  маълумоти  оморӣ  теъдоди  тоҷиконро  дар қаламрави Ӯзбекистон беш аз ҳашсад ҳазор  нишон дода, ҳатто  дар шинохти  туркманҳо  низ таъкид  мекунад, ки теъдоди туркманҳо ҳамагӣ  290 ҳазор буда, онҳо  имкони  пурра доранд, ки ба забони  модариашон  адабиёт  нашр  кунанд, мактаби худро  дошта  бошанд. Вале теъдоди  тоҷикон  нодида гирифта  шуда,  онҳо  беҳуқуқ дониста  шуданд. Андешаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур  дар мавриди   маҳрум мондани   тоҷикон аз  доштани   мактаб  ба забони  модариашон  на танҳо  моҳияти  сиёсии  масъаларо  боз мекунад, балки таввасути далелҳои  қотеъонаю росих масъалаи  синфӣ  будани   забонро  рад  намуда, чун забони  давлатӣ ҷорӣ намудани забони тоҷикиро дар тӯли беш аз ҳазор  сол таъкид  мекунад. «Забони онҳо (тоҷикон),-менависад. Ш. Шоҳтемур забони   дарбори амирӣ ҳисоб меёфт. Ҳарчанд худи амир ӯзбек буду дар аморати  Бухоро ва Осиёи Миёна забони тоҷикӣ забони  расмӣ буд ва коргузории аморат бо ин забон  мустаъамал буд. Ин забонро дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон ҳама бидуни  тарҷума  меҳфаҳмиданд. Ин чиз охир далели  бемаънӣ, пуч ва ҷоҳилона аст, мисли  таъқиби забони русӣ дар Россия баъди  инқилоб  бо баҳони он, ки ин забон забони давлатии Ҳукумати подшоҳӣ, Николай II буд».

         Забони тоҷикӣ, ки дар  сарчашмаҳои  таърихию адабӣ бо номҳои  порсӣ, дарӣ ва порсии-дарӣ ёд  мешавад, дар ҳақиқат, забони фарҳангӣ буда, адабиёти  оламгири  беша   аз ҳазор сола бо ин забон таълиф ёфтааст. Нотавонбинони  хақи  тоҷик  он давра шояд қасдан гӯшро ба карӣ зада, далели  мавҷударо сарфи  назар  мекарданд. Аз сӯи дигар  дар марказ  шояд  оид  ба масъалаи  мазкур маълумоти кофӣ  дар даст надоштанд. Доираҳои  манфиатҷӯи  сиёсӣ ҳақиқати ҳолро дуруст дарк   намекарданд, ё масъаларо   ба фоидави  гурӯҳҳои  дигари  манфиатхоҳ  ҳал кардан мехостанд. Шириншоҳ  Шоҳтемур ба ҳайси  як тан ватанпарасти  ҷасур ва чун фарди  миллатдӯст кӯшиш ба харҷ медод, то ҳақиқати  ҳолро  ба таваҷҷӯҳи  мақомоти  олии ҳизби  ҳукумрон расонад. Зеро дар он замон ҳалли чунин масъалаҳо кори осон набуд. Таъкиди  Шириншоҳ Шоҳтемур дар хусуси он, ки  «ӯзбекҳо дар матабҳои тоҷикӣ таълиму тадрисро  ба забони  ӯзбекӣ ба роҳ мондаанд, ҳарчанд забони тоҷикӣ  ба  андозаи кофӣ соҳибтамаддун буда, адабиёти  ғаниеро дорад», бори дигар  шаҳодати  он аст, ки ӯ ҳимоятгари  истиқлоли воқеии  забони тоҷикӣ  буд. Илова  ба ин, пофишории пайдарпаи  Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди  бебаҳра  мондани  тоҷикон аз имконияти бо забони  модарӣ таҳсил кардан рисолати  бузурги таърихие буд, ки ин мавриди  ватандӯст дар  айёми пурошӯбу  пурхилоф ба иҷро  расонд.

         Солҳои бистуми  асри  гузашта ҷумҳурии  навтаъсиси Тоҷикистон ба кадрҳои  маҳаллӣ эҳтиёҷӣ калон дошт. Таъсиси  мактабҳои  тоҷикӣ,  нашри маҷаллаю рӯзномаҳо ба забони  миллӣ дар инкишофи  забону  фарҳанг  нақши калон  мебозид. Бар  замми ин, масоили   ташаккули забони  адабӣ, содда намудани   он, ба   низом  даровардани меъёрҳои  савтӣ ва дастурии забон ба миён  меомад, ки баҳсҳои  тезу  тунд  ва пурмоҷароеро ба вуҷуд овард. Бархе аз зиёиёну донишмандон дар ин ақида буданд, ки мо бояд забони нави  адабиро  дар заминаи   ин ё он  лаҳҷаи  маҳаллӣ созем, гурӯҳи дигари  донишмандон ақидае доштанд, ки  сеюм  форсии эронро ба сифати  забони   адабӣ қабул намоем. Гурӯҳи дигар   байни забони тоҷикӣ ва  форсӣ сади   чинӣ гузошта, дар пайи  таъсис додани  забони  нав шуда, забони  адабии ҳазорсоларо забони амиру  дарбор  меномиданд.

         Шириншоҳ Шоҳтемур ваҳдат ва пайванди  тоҷикони  Осиёи Миёнаро  аз забони форсӣ  ҷудо намедонист. Ӯ забони  тоҷиконро  забони форсӣ  ном  мебурд, дар ин бора  навишта  буд: «Сокинони Осиёи Миёна тоҷикон (халқияти  аслаш эронӣ, ки ба форсӣ ҳарф  мезананд), ҳисоб меёбад».  Дар маълумотномае, ки  ба  гузориш замима гардидааст, ҳудуди  густариши  забони форсӣ муайян карда  шуда, гаҳвораи  ориёиҳо будани қаламрави забони форсӣ ва тааллуқ доштани  тоҷикон ба насли  ориёӣ  такид мешавад, ки  аз донишу ҷаҳонбинии филологӣ-таърихии  муаллиф  шаҳодат медиҳад.

         Дар гузориши  Шириншгоҳ Шоҳтемур мафҳуми  «Забони давлатӣ» чанд бор  такрор  мешавад. Вақте ӯ  оид  ба забони форсӣ сухан  меронад, пайваста  таъкид  мекунад, ки забони   форсӣ забони  давлатии  Афғнистон ва Эрон ба ҳисоб меравад. Ин нуқта  далели он аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҷонибдори  ваҳдату   ҳамкории  форсизабонон буд. Вай хоҳони он буд, ки  забони  тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ  барқарор  гардад ва чун  шохаи  забони  фарҳангофари  форсӣ рушду нумӯъ ёбад. Ин орзуи  Шириншоҳ  Шоҳтемур  ва дигар  ватанпарастони  асил  ва нерӯҳои  миллӣ баъд аз гузашти  63- сол  амалӣ  гардид.

         Хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар баробари  дигар  фарзандони халқи тоҷик, ба монанди устод Айнӣ, Абдуқодир  Муҳидинов, Нусратуло  Махсум ва дигарон  дар истиқлоли   забони тоҷикӣ,  рушди ояндаи  он хеле  бузург аст. Ба сифати ходими барҷастаи  сиёсӣ ва  давлатӣ  аз сарнавишти забон, ки муҳимтарин феномени  фарҳанги  миллӣ ва  ҳастии  миллат  маҳсуб меёбад, дилсӯзона  ҳимоя мекард. Ӯ ҷасурона  бонги  изтироб  мезад: «Забони тоҷикӣ баъди тақсимбандии  Осиёи Миёна  ба таъқиби боз ҳам  берҳмонатар  дучор шуд». Шириншоҳ Шоҳтемурро он чиз ба ташвиш овард, ки аз рӯзи  кушодашавии  Донишгоҳи Омӯзгории тоҷикӣ дар шаҳри Тошиканд ду сол гузашта бошад ҳам, он танҳо  ду синфхонаи хурде  дар ихтиёр  дорад, ки ин  барои  ба таҳсил  фаро  гирифтани  толибилмон кофӣ нест. Ба  таври ғайрирасмӣ манъ шудани  паҳншавии рӯзномаи тоҷикии  «Овози тоҷик» дар Самарқанд нигаронкунанда аст.

         Масъалаи  забони тоҷикӣ он солҳо ва инкишофи  он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони   Шуравӣ ҳалли пурраи  худро   наёфт. Мо имрӯз бояд ба Шириншоҳ Шоҳтемур  арҷгузорӣ намоем, зеро  ӯ дар қатори  дигар  равшанфикрони  тоҷик барои софдилона  иҷро кардани   талаботи  сиёсати  миллии  ҳизб дар соҳаи  баробарҳуқуқии  забонҳо пофишорӣ менамуд. Дар гузориши Шириншоҳ Шоҳтемур  масъалаҳое матраҳ  гардидаанд, ки моҳиятан аз лиҳози  иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ: чӣ дар замони Шуравӣ ва чӣ имрӯз муҳим мебошанд. Бояд зикр  кард, ки дар ҳамроҳ  намудани  округҳои соф тоҷикии  Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Уротеппа ба Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур хизмати   арзанда  намудааст. Ба таври мисол дар ин гузориш  аз тоҷикони  Конибодом ва ҳуқуқи  маънавии  онҳо  ҳимоя намуда  менависад: «Дар ҳамаи  мактабҳои ин ноҳия  (Конибодом ) тадрис ба забони  ӯзбекист, ҳарчанд  бачаҳо ин забонро билкул намедонанд»

         Вазъи  ҳақиқии забони  забони тоҷикӣ дар  навоҳии тоҷикнишини  Ӯзбекистон ташвишовар буд. Шириншоҳ Шоҳтемур  мушкилоти  аҳолиро  дар мавриди  таълим  ба забони модарӣ, тадрис ба забони  тоҷикӣ, наовардани  фишорҳои  маъмурӣ ба  аҳолӣ дар масъалаи  интихоби  забон, манъ намудани гуфтугӯ ба забони тоҷикӣ,  таъқиб  барои  ҳимояи забони тоҷикӣ, доир намудани чорабиниҳои  сиёсӣ ва фарҳангӣ  ба забони тоҷикӣ, ҷорӣ намудани   коргузорӣ  дар идораҳои  давлатӣ , баланд бардоштани   сатҳи шуури  миллии тоҷикон  ва дигар  масъалаҳоро баррасӣ  намуда, таваҷҷӯҳи КМ Ҳизби  Коммунисти умумииттифоқии  болшевикиро ба ҳалли  онҳо  ҷалб  намудааст. Чунин масъалагузориҳои Шириншоҳ  Шоҳтемур на танҳо  барои  он  давар  аҳамияти  калон  доштанд, балки барои сиёсати  ҳизбии замони  Шӯравӣ  низ   дархӯри аҳамияти  стратегӣ буданд.

         Сиёсатмадори дурандеш ва донишманду фарҳангпарвар Шириншоҳ Шоҳтемур  он солҳо  таъкид карда буд: «Чунин  таъқиботи забони тоҷикӣ аз тарафи  ташкилотҳои  ҳизбии  маҳаллӣ  дар шуури  тоҷикон нисбат ба ҳизби  комунисти  ва давлати   Шӯравӣ  дар масъалаи   миллӣ тасаввуроти нодурусте пайдо  мекунад!» Бо таассуф  метавон ёдовар шуд, ки масъалаи  забонҳо дар сиёсати  миллии ҳизб  солҳои минбаъда  ба эътибор  гирифта нашуд. Корбурди  забонҳои  миллӣ  дар коргузорӣ , таълим ва вазифаи  ҷамъиятии  ин забонҳо  маҳдуд гардида, охири солҳои  ҳаштодуми  асри гузашта  боз ҳам тезу тунд  гардид. Ҳувият ва мустақиляти  забонҳои  миллӣ ба сифати  яке аз шиорҳои  асосии  ҳаракати  истиқлолхоҳӣ дар собиқ   Иттиҳоди  Шуравӣ қарор ёфт, ки оқибат  ба  фурӯшпошии  давлати  абарқудрат оварда расонд.

         Тоҷикистон имрӯз ҳамчун  давлати   соҳибистиқлол  соҳиби   забони  давлатӣ  мебошад, ки мақоми   он дар  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян  гардидааст.Босароҳати комил метавон гуфт, ки дар давраи оғози бунёди ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемуур ва дигар ходимони барҷастаи давлатӣ ва донишмандони бонангу номус,  ки ифтихори ватандорӣ ва миллатдучстӣ дар қалб доштанд, бо кору пайкори созандаашон дар ҳифз ва пойдории забону фарҳанги куҳанбунёди миллӣ саҳми босазое гузоштаанд. Аз ин рӯ дар таърихи  миллати  мо    номи эшон  бо ҳарфҳои  заррин  сабт ёфтааст ва  боиси  хушнудист, ки дар баробари  дигар  фарҳангиёни барҷастаи  миллӣ  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,  Мирзо  Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур низ  сазовори  унвони  олии Қаҳрамони  Тоҷикистон гардид.

 

Адабиёт

  1. Дарси хештаншиносӣ. Қисми 2.- Душанбе: Ирфон, 1989.-246 с.
Муфассал ...

АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ (Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

   Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, директори Институти илмҳои  гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

 

          АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ     

(Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

Бори нахуст бо устод Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков баъд аз дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев вохӯрдем. Сентябри соли 1993 буд. Мо донишҷӯёни курси аввали факултаи таъриху филология, ки ба ҳукми таърих аз давом додани таҳсили баъди мактабӣ дар донишгоҳҳои маъруфи пойтахт ба сабабҳои маълум маҳрум будему “умедамон аз гулистон бархост”, дари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рӯямон кушода шуду умедамонро сарсабз гардонд. Устод Шодихон Парвонаевич декани факултет буданд. Сӣ сол андаке беш аз он рӯзҳо паси сар шуданд. Қомати аз миёна пасттар, аммо тануманд, чеҳраи гандумгун ва мӯйлабҳои сиёҳу пешонии фарох ва мӯйи сари аз пеш рехта ҳамроҳ бо қиёфаи ҷиддӣ ӯро хеле калонтар аз синне, ки доштанд, нишон медоданд. Ва ё ин ки зоҳир ҳамроҳ бо ваҷоҳату фиросату азимулфикрат азаматашонро афзуда буданд. Чаро ки он солҳо сиву як сол беш надоштанд, аммо дар назари мо донишманди таҷрибадидаи камандаролам метофтанд. Ва чунин ҳам буданд! Тезҳушу қавиҳофиза, салимтабъ, тасаллут ба илм, фасоҳати баён, нозукхаёлу амиқандеш, озодагиву ворастагӣ аз ҳар гуна таассуб, вафокешу вафокӯш, додхоҳу инсофҷӯ, шикастанафсу фурӯтан ва ҳар касе, ки бо ин сифот мусаллат буда бошад, бояд мисли устод Шодихон Парвонаевич марде бошад бузургвору бузургосор. Бесабаб нест, ки аз рӯзи нахусти ба олами илму дониш ворид шудан номашон дар ҳама ҷо ба некномиву некмаҳзарӣ печиду масобату манзалаташон рӯзафзун мегашт. Он симои бозашон, ки дар соли 1993 дида будам, то кунун дар оинаи хаёлам нозудуда ва то охирин дами зиндагиам бо ман хоҳад буд. Сурату сират ва ҷиддияти ӯ дар тамоми умр дигар тағйир наёфт, аммо ҳар бархӯрде, ки бо ӯ доштем, сифати ҷадиди ӯро кашф мекардем. Бесабаб нест, ки ҳар нафаре, новобаста аз мақому мартабату муддати умр, ки боре ҳам агар бо ӯ бархӯрд мекард, кофӣ буд, ки якумр ӯро дӯст дораду эҳтиромашонро ба ҷо орад.

Ёд дорем, ки ҳарчанд зиёд лутфу марҳаматашонро дида будем, чун он солҳо ниёзҳоямон андоза надоштанд, аммо беш аз ҳад аз ӯ метарсидем. Тарси як донишҷӯ дар баробари донишманд, тарси кӯчак дар баробари бузургсол, тарси як нодида дар баробари ҷаҳонгашта, тарси як ноумед дар баробари умедбахш ... Аммо тарс ҳамроҳ бо эҳтиром! Ҷаҳони дониши он рӯзҳо ба вуҷудашон равнақ дошт. Мақолоти нашршуда ва лексияҳои эшон буд, ки дарро ба рӯи илми филология кушуд. Ба ин кор касоне метавонистанд муваффақ шаванд, агар дар забонҳои аврупоӣ даст дошта бошанд ва аз равиши таҳқиқҳои муосир огоҳ бошанд. Устод Шодихон Парвонаевич забонҳои олмониву англисӣ ва русиву форсиро бисёр олӣ медонистанд. Таърихи забонро дар пеши маъруфтарин донишмандони рус аз худ карда буданд, бо забони авастоӣ хуб ошно буда, бо ҳамаи забонҳои шарқи эронӣ озод такаллум мекарданд. Дар навиштани корҳои илмӣ бисёр мӯшикофу чирадаст буданд. Мутолиаи пурдомана ва гуногунии мавзуот мояи ороиш ва арзиши корҳои ӯ гардиданд. Ва муҳим аз ҳама дар он рӯзҳо дарси устод Шодихон ҳанӯз замзамаи муҳаббат буд. Ба ҳамин ҷиҳатҳо номи устод Шодихон Юсуфбеков чун донишманди шуҳратманд мусаллам дар ҳамаи гӯшҳо, аз ҷавонони донишгоҳ гирифта то устодони таҷрибадида, печида гашта буд.

Ҳамин тариқ, солҳое, ки кишвар дар оташи фақру ноамнӣ месӯхт ва дар рӯзгоре, ки ҳатто муътабартарин донишгоҳҳои пойтахт торик хок бар сар пароканданд, ташкили донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ чун ситораи тобоне аз миёни торикиҳо бар сари мо оғоз ба дурахшидан кард ва ғунчаҳои умеду орзуҳо ба дасти боғбонҳои маънавие чун устод Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич шукуфтан гирифтанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев нахустин шуълаи Истиқлол дар Боми Ҷаҳон буд. Замоне буд, ки ҳар фарди меҳандӯсту огоҳдил эҳсоси вазифа мекард, ки ҳамаи нерӯ ва истеъдоди худро ба кор андозад ва коре бикунад, ки миллатро аз парокандагиву давлатро аз нестиву нобудшавӣ маҳфузу эмин нигоҳ дорад. Ба илова, дар ҳар давраи интиқолӣ қишри ҷавони ҷомеа агар аз муроқабату назарот берун монад,  беихтиёру нохудогоҳ ба фарҳангҳову арзишҳои бегона гаройиш мекунад, ки ҳосилаш сардаргумиву буҳрони ҳувиятӣ мебошад. Қисме аз ҷавононе, ки солҳои 90-уми асри гузашта фарҳанги ҷомеаро дучори тағйиру буҳрон карданд, бояд иқрор шуд, ки то кунун таъсири манфии онҳо бар муҳит ба назар мерасад.

Бино бар ин, бояд муътақид буд, ки иллати аслӣ дар тағйири арзишҳо ин таҳсилот мебошад. Дар сарнавишти насли солҳои 90-ум Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақши калидӣ гузошт. Ҳар нафаре, ки имрӯз аз мақомеву эҳтироме бархӯрдор аст, бешакку тардид, таҳсилкардаву баҳрабардошта аз устодони донишгоҳ мебошад. Банда ҳам аз ин гурӯҳ мустасно нест. Баъд аз ба остонаи донишгоҳ қадам задан, рушди маънавии минбаъдаам бо зиндагии устод Шодихон Парвонаевич пайванди ногустанӣ дошт.

Устод Шодихон Юсуфбеков – устоди донишгоҳ. Зиёд устодоне, ки он замон ба мо тадрис медоданд, унвони илмӣ надоштанд, махсусан дар риштаи филология. Аммо он қадар саҳму асаре дар зиндагии насли он замон гузоштанд, ки, аввалан, то имрӯз касе он чеҳраҳои илмӣ- донишгоҳии моро иваз карда натавонист, баъдан, нафаре ҳам аз толибилмони он давра ба бероҳа нарафту гумроҳ нашуд. Устод Шодихон Парвонаевич аз маъдуд муаллимоне буданд, ки унвони номзади илм доштанд. Як сол пеш аз донишҷӯ шудани мо дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашонро дифоъ карда буданд. Муштоқи омӯхтану омӯзондан аз хеле барвақт ниҳоди ӯро фаро гирифта буд. Ҳанӯз бисту ду сол беш надоштанд, ки дар мактаб аз фанни забони немисӣ дарс медоданд. Аммо пайванди ӯ ба таҳқиқу пажӯҳиш ӯро ба роҳи илм шавқ дод. Дар байни устодони донишгоҳ аз чанд ҷиҳат бартарият доштанд. Аввалан, тарбияёфтаи мактаби илмии бузургтарин олимон-шарқшиносони рус буданд. Усулҳои омӯзишу таҳқиқе, ки дар он мактаб аз худ карда буданд, донишгоҳи навтаъсис ба он сахт ниёз дошт. Маҳз ҷорӣ намудани он усулу методҳо дар раванди тадрис ва истифода аз таҷрибаи олимони хориҷӣ ӯро аз дигарон фарқ мекунонданд. Дуюм, соҳиби унвони илмӣ буданд. Унвони номзади илмҳои филологӣ гирифтан дар Институти забоншиносии  Федератсияи Русия кори саҳлу осон набуд. Зиёд хислатҳои устодони бузурги мактаби илмии русро ба ирс бурда буданд. Устод Шодихон Парвонаевич шояд аз охирин чеҳраҳои он замон маҳсуб меёфтанд, ки аз назари илмӣ ба устодони худ сахт шабоҳат доштанд – ҷиддиву сахткӯш, дақиқназару хурдабин, нозукфаҳму нуктасанҷ, борикбину мӯшикоф. Муболиға намешавад, агар қазоват кунем, ки бо рафтанашон як давраи таърихӣ дар пажӯҳиши масъалаҳои забоншиносӣ, махсусан таҳқиқу пажӯҳиши забонҳои шарқи эронӣ ва ҳамчунин таълиму тааллуми ин соҳа хатм ёфт. Сеюм, ба илми забоншиносии ҷаҳон тасаллут дошта, илова бар донистани чанд забони хориҷӣ, аз таърихи забон, ба вижа забони авастоӣ низ огоҳии комил доштанд. Чаҳорум, дар баробари маъруфияте, ки дар забоншиносӣ доштанд, дар тамоми улуми инсонӣ, ба вижа, таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ ва санъату фарҳангшиносӣ тасаллути комил доштанд. Ин ба ӯ имконият медод, ки доираи васеи муҳаққиқону мутахассисон аз фаҳмишу бинишашон васеъ истифода намоянд ва ба андешаву афкори ӯ такя ва эътимод варзанд. Панҷум, устод равоншиноси хуб буданд. Зеро устоди воқеӣ қабл аз ҳар чиз равоншиноси хубе бояд бошад, алорағми ин воқеият, ки дар тӯли даврони ҳирфаӣ теъдоди шогирдонаш афзоиш ёбаду ҳама бо шахсиятҳо ва мавқеиятҳои мухталиф зиндагии мутафовут доранд, аммо ӯро  намунаи тақлид қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, устод Шодихон Парвонаевич на танҳо донишҳои мушаххасро дар мавзуоти хос ба мо мунтақил доданд, балки ба иллати равоншиноси ҳирфаӣ будан, ба як дӯсти хуби кумаккунанда ва воқеӣ табдил ёфта, тамоми умр гӯшаи хотираҳои моро тасхир карданд.

Устод Шодихон Юсуфбеков – олим. Вақте ки суҳбат аз илм меравад, нақши калидиро гуногунрангӣ мебозад. Дар айни замон олимони фарҳангу анъанаҳои гуногун барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо дар байни гуногунии вазифаҳояшон ҳамаи онҳо як чизи муштарак доранд. Ин ҳам он аст, ки онҳо худро ҳамчун олими ҳирфаӣ чӣ хел бояд нишон диҳанд. Устод Шодихон Юсуфбеков олими сатҳи ҷаҳонӣ буданд. Ӯ аз нишонаҳое, ки ҳар олими маъруф бояд медошт, бархӯдор буданд. Аввалан, шахсияти устодро на унвонҳои илмиашон зиннат бахшиданд, балки донишу маҳорати олиаш унвонҳои илмиро барои шогирдон азизу гиромӣ мегардонданд. Олими ҳирфаӣ ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш даст намекашад. Маҳз бозёфтҳову комёбиҳо ва ба ин васила роҳкушоиҳову роҳнамоиҳо ӯро зиёии ҷомеа мегардонанд. Чун илм ҳамвора дар ҳоли тағйир аст, бо замон ҳамеша бояд тавъам бошад. Вақте дар мусоҳибае аз муҳаққиқи барҷаста Абдулҳусайни Зарринкӯб хостанд хотирае аз давраи устодии худ нақл кунанд, гуфтаанд, ки хотирае надорам, чунки аз ҳафтсолагӣ, ки падарам маро ба мадраса бурд, фишорам дод ва гуфт: бирав он ҷо. То имрӯз дигар аз мадраса берун наёмадам ва акнун ки ҳафтоду шаш солам аст, ҳанӯз дорам дар мадрасаҳо сайр мекунам. Дар зеҳни устод Шодихон Парвонаевич низ давраи устодиву давраи шогирдӣ боре ҳам ҷудо набуданд. Тамоми зиндагиашон як донишҷӯии мутлақ буд. Дувум, устод чун олими ҳирфаӣ на танҳо аз равишҳои илмии ҷаҳонӣ пайравӣ карданд, балки роҳҳои худро барои ҳарҷониба истифода бурдани таҳқиқотҳои илмӣ ва барномаҳои корӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин рӯ, устод Шодихон зиёд вазъиятро пешгӯӣ мекарданд ва бо азму иродаи қавӣ бисёр муассиру самарабахш буданд. Севум, ба ҳар чиз бо шубҳа менигаристанд. Маҳз шакку кунҷковӣ боис мешавад, ки олимон на танҳо дар мавриди он чи мушоҳида мекунанд, балки дар мавриди он чи ки қаблан медонанд, савол медиҳанд. Зеро як олими хуб омода аст, то ки ғояҳои худро рад кунад, агар онҳо возеҳ набошанд. Доштани зеҳни боз қоидаи нахуст барои донишмандон бояд буда бошад. Чаҳорум, таваккал кардан дар мавридҳои зарурӣ ва махсусан барои дарёфти роҳҳову равишҳо ва ҳавзаҳои таҳқиқи ҷадид аз сифотҳои олими ҳирфаӣ аст. Устод Шодихон ҳам ҳамеша омода буданд, то мафҳумҳову улгуҳои фикрии худро тағйир диҳанд ва дар расидан ба бозёфтҳои нави илмӣ масирҳои ҷадидро ҷустуҷӯ намоянд. Панҷум, олими ҳақиқӣ набояд аз бозӣ кардан тибқи қавоиду қавонин берун барояд. Барои олими бузург шудан, бояд ҳамчун олим амал намуд ва дар тамоми равишҳои тадқиқотҳои пешбинишуда иштирок дошт. Шашум, чун илм аз гуногунии дурнамоҳову заминаҳои пешниҳодкардаи муҳаққиқон иборат аст, бояд дар ҳамкорӣ бо дигарон кору фаъолият кард. Иртибот ва ҳамкорӣ ба далоили зиёде воқеан муҳим аст ва бино бар ин олимон набояд коргарони танҳо бошанд. Барои муваффақият дар як ҳирфаи илмӣ ҳамкорӣ ниҳоят муҳим аст. Профессор Юсуфбеков Ш. бо мактабҳои илмии бумиву хориҷӣ ҳамкориҳои зич доштанд ва махсусан, бо олимони маъруфи русу аврупо ҳамеша дар иртибот буданд. Ҳафтум, амалҳои ношоистаи академӣ ва рафторҳои ҳирфаӣ ба ҳам мувофиқ нестанд. Олими касбӣ бояд ҳамеша ба нафъи илм кор кунад, на ин ки фақат барои худаш ному нишон пайдо кунад. Атрофиёни устод Шодихон Парвонаевич эҳсос мекарданд, ки мавсуф лаҳзае ҳам барои худнамоӣ коре накарданд. Он қадар сермутолиа буданд ва аз улуми мухталифи муосир огоҳ, аммо андаке ҳам аз ғуруру дағдаға дар вуҷудашон дида намешуд. Бо он ҳама фазлу донише, ки доштанд, аз аҳли тазоҳуру худнамоӣ набуданд.

Устод дар давоми умри кӯтоҳашон ҳамчун мутахассиси таърихи забон ва муҳаққиқи забонҳои шарқи эронӣ асарҳои ниҳоят арзишмандро аз худ ба мерос мондааст. Муҳимтарин асарҳои устод, ки дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ аз манзалати хосса бархӯрдоранд, инҳо мебошанд: “Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы памирских языков” (Москва, 1998); “Сангличский язык в синхронном и историческом освещении” (Москва, 1999); “Очерк оид ба фонетикаи таърихии забони сангличӣ” (Душанбе, 2013); “Очерк доир ба морфологияи таърихии забони санглеҷӣ” (Душанбе, 2014); “Историческая грамматика шугнанского языка: Фонетика. Фонология” (Москва, 2017); “Сангличский язык // Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки” (Москва, 2008). Мақолаҳои бешумори устод дар мавзуъҳои мухталифи илмҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ, таъриху мардумшиносӣ ва фарҳангу сиёсат таълиф шудаанд ва мавриди истифодаи аҳли таҳқиқ қарор доранд.

Басанда аст, ки хонанда ба як мақолаи устод Шодихон Парвонаевич дар мавзӯи “Экологияи фарҳанг дар партави мушкилоти ҷаҳонишавӣ” назар афканад ва ба хулосае биёяд, ки чи қадар мавсуф ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи фарох доштаанд. Ҳарчанд мавзуи мазкур аз доираи самти касбиашон берун бошад ҳам, ба ин навъи мавзуъҳо бисёр олимонаву огоҳона бархӯрд мекардан. Дар ин мақола устод махсусан дар бораи сабабҳои зуҳуроти буҳронӣ дар вазъияти маънавии муосири ҷамъияти мо изҳори назар намуда, аз муҳимтарин шартҳои экологияи фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, расму анъана ва арзишҳои маънавӣ пиндоштаанд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Сабабҳои падидаҳои буҳронӣ дар шароити маънавии муосири ҷамъияти мо аз он иборат аст, ки дар марҳилаи пешин тамоми механизмҳои худистеҳсолии фарҳанг хароб карда шуда, технологияи истеҳсолии фарҳанг вайрон гардид ва заминаи қадимтарини он, ки аз дину оин, этнос, санъат, дигарандешӣ иборат буд, тағъир дода шуданд”. Назари устод Юсуфбеков Ш.П. доир ба мафҳуми экологияи фарҳангӣ ҷолиб аст: “Экологияи фарҳангӣ ҳамзистӣ, муколима, гуногунии фарҳангҳои миллии мухталиф, ақоиди динӣ ва эътиқод, баробарии забонҳои адабӣ, аз он ҷумла нофаҳмо, ғайриқиёсӣ, гуногунии консепсияҳо ва ақоидро дар назар дорад. Муттаҳид сохтани ҷузъиёти гуногун, ки худазнавбавуҷудоварӣ, худташаккулӣ, худистеҳсолии фарҳангро таъмин месозад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ амалӣ карда мешаванд ва ифодакунандаи гени фарҳангианд”. Дар ин мақола муаллиф масъалаи нобуд шудани рӯйнамосозони фарҳанг, яъне зиёиёнро боиси ба вуҷуд омадани холигии маънавӣ дар ҷомеа ҳисобида, оқибатҳои фалокатбори онро нишон додааст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Нобуд сохтани зиёиён, ки инъикосгари фарҳанг ва пешбарандаву нигоҳдорандаи принсипҳои ахлоқӣ, тафаккури ахлоқӣ буданд, дар натиҷа ба вазъи фалокатбор оварда расонд, чунки барои намояндагони дорои  «тафаккури ҷиноӣ», ҷангҷӯёна, ки барои марҳилаи «тофарҳангӣ», нимибтидоӣ, «замоне, ки тафаккур бар савқи табиӣ бартарӣ надошт, замоне ки алоқаҳои ҷамъиятии авлодиву қабилавӣ хеле сода буданд ва арзиши ягонаву асосӣ барои фард фақат аз ҳисси физикии ҳаёт иборат буд заминаву шароит фароҳам овард”. Дуруст аст, ки эҳёи фарҳанг яке аз шартҳои муҳимми таҷаддуди ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, ба қавли устод “фарҳанг нест – ҳамзистии муқаррариву муътадили инсонӣ нест. Дар давоми даҳсолаҳо ҷамъияти мо ин ҷанбаи ҳаётро дуруст ба эътибор нагирифт ва ҳоло чунин «модел»-ҳои рафтор, ҳамчун «хориқаи хоруғӣ», «издиҳоми ҷиноӣ», «тӯдаи ваҳшӣ», ки дар кӯчаҳо бедодгарӣ мекунанд, чунин падидае ба истилоҳи русӣ «дедовщина», издиҳоми наврасон дар маҳаллаҳои нави шаҳр, баландравии сатҳи ҷинояткорӣ ва шаклҳои мухталифи он ба амал омад. Ҳамаи ин аз биологизатсияи одам ва аз байн рафтани маънавиёт шаҳодат медиҳад”.

Устод Шодихон Юсуфбеков – роҳбар. Профессор Юсуфбеков Шодихон ҳаждаҳ соли фаъолиятро ба ҳайси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров сипарӣ намуданд. Чун мисли илму донишу адаб дар қаламрави ахлоқу мардумгарӣ низ хислатҳои арзанда доштанд, лутфу дилнавозии беҳад як тӯдаи инсонҳои шариферо дар Институт ба ҳам овардааст, ки ҳаққо, тарбияёфтаи мактаби устод ҳастанд. Имрӯз ҳама гувоҳанд, ки дар давоми директори ин муассисаи илмӣ-академикӣ буданашон инсофу адолатро болотар аз ҳар чизи муқаддас гузошта, бо жарфнигариву дурандешӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар дили ҳар ҳамкор, новобаста аз синну солу мақому мартаба маскан гирифтанд ва ба ин васила оромию осудахотирии муҳитро таъмин намуданд ва мояи умедвории кормандонро саршор гардониданд. Шафқати устодонааш ҳамеша парда ба рӯйи роҳбари сахтгир мекашид. Чун гоҳе ҳам ба ҷоҳу ҷалолу манзалат тамоил надоштанду илму донишро аз барои худи илму дониш дӯст медоштанд, андӯхтаи илмии худро ба шогирдону ҳамкорон бахшиданд. Роҳбари асил буданд, роҳбари асили як муассисаи илмӣ-академикӣ. Саид Нафисӣ дар сӯгномаи Муҳаммад Қазвинӣ менависад: “...Марди амин буд. Дурустгуфтор буд. Дурусткирдор буд. Ҳирс ва тамаи инҷаҳонӣ дар ӯ набуд. Дар дӯстӣ пойдор ва мусир буд ва ҳатто аз ҳаққи худ мегузашт. Ман бештар бад-ин сифоти мардонаи ӯ такя кардам, зеро бисёр донишманд дар зиндагии хеш дидаам, ки чун ин хисоли мардумиву мардонагӣ дар эшон нест, пеши чашми ман ба ҳеч намеарзад. Худои ман гувоҳ аст, ки агар он ҳама донишу маҳфузоти Муҳаммад Қазвинӣ дар ин мард буд ва ин сифоти мардумиро надошт, ҳаргиз номи ӯро намебурдам...”. Устод Шодихон Парвонаевич низ дар баробари дониши воқеиву истеъдоди олӣ ба чунин сифот шуҳратманд буданд – дурустгуфтору дурусткирдор ва баҳраманд аз хисоли мардумиву мардонагӣ. Ин буд, ки ҳанӯз номашон дар байни ҳамкорону ҳамандешон ба некӣ вирди забонҳост ва имрӯз ҳам талош дорем, то ки шогирди сазовору муқаллиди сифоти ӯ бошем.

Устод Шодихон Юсуфбеков – инсони шариф. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ “замони мо замони фасоди ахлоқ, хории инсон ва пастравии инсоният, замони ваҳшонияти одамизод аст. Дар чунин замоне парвариши инсони бофарҳангу бамаънавият душвор аст. Замони бемаънавиятӣ ва ноодамӣ, каммеҳриву сангдилӣ, фасоди куллии ахлоқ дар ҷаҳон чунон аст, ки барои парвариши инсон доираи имконро танг кардааст”. Пас, муҳим аст, ки дар чунин замон шахсиятҳои алоҳида бо рафтору кирдору пиндори ҳамидаву сутудаи худ ҷомеаро аз қафои худ бубаранд. Бузургеро пурсидаанд, ки мақоми олим болотар аст ва ё ориф? Ҳеҷ нафаре олим наметавонад шуд, агар ориф набошад, - ҷавоб медиҳад. Мақоли содатареро низ дорем, ки аз таърих таҷриба кардаем ва он ин аст, ки “олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Устод Шодихон Парвонаевич яке аз хушсаводони маънавии замон буданд, ки ҳаматрофон ҳамеша аз ӯ нур мегирифтанду дарси одамият меомӯхтанд. Камоли адабу инсонияро дар мавриди ҳар кас, новобаста аз синну сол, мақому вазифа, дараҷаву тахассус риоят мекарданд. Ҳеҷ лаззате барояшон болотар аз он набуд, ки ниёзу эҳтиёҷи касеро бароварад. Гоҳе ҳам нашунида будем, ки илтимосеро “не” ва ё “наметавонам” гуфта бошанд ва ё “вақтам нестро” баҳона мекарданд. Шамъи вуҷудашонро дар роҳу кори ҳама месӯхтанду кам дар фикри худ мешуданд. Ҳар нияти неку амали хайри дигаронро меписандиданду мепазируфтанд ва дар талқину ташвиқ ва ба мақсад расидани онҳо саҳим ҳам буданд. Дар рафоқату ошнопарварӣ ҳампоя надоштанд. Ҳам сахидаст буданду ҳам суҳбаторо. Зарифонаву хуштабъона сухан мекарданд. Ба ҳадде нуктадону нуктасанҷу нуктагӯ буданд, ки шунавандаро мафтун месохтанд. Ҳимматбаландиву кушодадастии ӯ овоза шуда буд. Сафсатагӯиву хурофот ва бадгӯиву ғайбатро манфур медоштанд. Заррае аз ахлоқи пасти башарӣ, чун ҳасаду ҳавову ҳавасу кизбу нафъпарастӣ дар вуҷудашон дида намешуданд. Зиндагидӯст буданду “ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод” мегуфтанд. Хушдимоғ буданду хушдилии дигаронро орзӯ мекарданд. Афсӯс, ки бо ин ҳама сифоти арзанда, худ ҳеҷ огоҳ набуданд, ки чӣ қадар азимулқадру азимушшаън буданд. Кошкӣ пай мебурданд, ки то ба кадом андоза зиндагии маънавии мо бе ӯ арзишашро аз даст додааст. Ҳарчанд зери таъсири роҳнамоиҳои устод то ҷое расидаем, аммо ҳанӯз ҳам яке аз сад сифоташонро сазовор нашудаем...

Дареғо, ки “сахт мегардад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш”. Ин устоди ҳақиқатҷӯву мунсиф ва равшанбину равшанзамир, ин дӯсти амину дурустгуфтору дурусткирдор чаҳорумин баҳорест, ки бо мо нестанд.  Аммо то нишон аз илму адабу амалу ихлос аст, профессор Шодихон Юсуфбеков аз ҷумлаи сутунҳои илмию фарҳангии қаламрави мо боқӣ хоҳанд монд. 

 

Муфассал ...