Дар санаи 18 марти соли 2023 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дувумин дифои рисолаи илмӣ - рисолаи доктории Матробиён Саодатшо Қосимзода дар мавзуи “Этнолингвистическое исследование языковой картины мира таджиков” бо муваффақият гузашт. Дар замони муҳосир тадқиқотҳо дар соҳаи этнолингвистика хазинаи илмҳои лингвистиро бо маводи нави забонӣ ғанӣ гардонида, заминаро барои таҳлилҳову кашфиёти баъдина муҳайё карда истодаанд. Корҳои илмии дар ҷодаи этнолингвистика, бешубҳа, ба ҳайси асос барои пажуҳиши тарафҳои мухталифи забоншиносии тоҷик хеле муҳим буда, дар натиҷа мо шоҳиди ба вуҷуд омадани корҳои пурарзиши фундаменталӣ гашта истодаем, ки кори илмии Матробиён Саодатшо Қосимзодаро метавон аз зумраи чунин корҳои илмӣ номид.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷодаи омода намудани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ дар самтҳои забонҳои бадахшонӣ (помирӣ), адабиёт ва фолклори Бадахшон, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Бадахшон, эқтисодиёти Бадахшон дар сатҳи магистратура ва докторантура (РhD) омода намуда, феълан бо ифтитоҳ гардидани Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои 5.9.6. - Забонҳои халқиятҳои мамолики ҷаҳон (забонҳои помирӣ) ва 5.9.2 - Адабиёти ҷаҳон дифои рисолаҳои номзадӣ ва докториро гузаронида истодааст, ки низ саҳми арзандае дар омода намудани кадрҳои босифат барои вилоят ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.