Хоксорӣ аз хислатҳои инсонист, ки хеле сода, одӣ ва оммафаҳм ба назар мерасад. Ба сухане дигар, тамоми инсонҳо мафҳум ва мазмуни хосокориро медонанд ва агар саволе аз он ба миён ояд, метавонанд соатҳо дар борааш нақл кунанд ва саҳифаҳои зиёдеро дар хусуси он сиёҳу с гардонанд. Аммо таассуф, ки кам касон онро дар тинату рафтор, хулқу атвор ва муносибату гуфтори худ ҷо дода метавонанд. Дар ин маврид хоксорӣ мафҳуми сода буданашро гум мекунад ва ба як хислати камназир ва на барои ҳамаи касон хос табдил меёбад. Хуш бар ҳоли онҳое, ки хоксориро дар тинати худ мепарваранд, онро дар муносибати худ ба кор мегиранд ва тавассути он дигаронро панд медиҳанд.
Ҳар гоҳ бо устод Парвонахон Ҷамшедов рӯ ба рӯ мешавам ва ё ҷое мешинам ва суҳбат мекунам, маҳз ҳамин хислати одамӣ дар андешаи ман пайдо мегардад ва чарх мезанад. Ҳар боре бо он кас буданам ба худ қавл медиҳам, ки минбаъд чунин хоҳам буд, вале њайҳот, ман чунин натвонам; чунин будан танҳо хоси Парвонахон аст! Хоксорӣ анису мӯнис, ёру ҳамқарини ӯст. Бовуҷуди ҳамаи он хизматҳое, ки барои маорифу илми миллати мо анҷом додаст, новобаста аз ҳамаи он осори илмиву тадқиқотие, ки фароҳам овардаст ва ба он нигоҳ накарда, ки даҳҳо олимони баркамолро ба воя расондаст, хоксориашон тағйир нахӯрдааст. Аз ин мард моро зиёд омӯхтан бояд.
Парвонахон Ҷамшедов аз зумраи он фарзандони миллат аст, ки илми тоҷикро берун аз ҳудуди Ватан таблиғ ва муаррифӣ менамоянд. Ӯ, ки мутахассии дараҷаи олиии забони англисӣ аст, ҳанӯз аз даврони донишҷӯиаш ба тарҷума ва муаррифии мустақими илму фарҳанги тоҷик барои миллатҳои гуногун тавассути конфронсҳою ҳамоишҳо пардохта буд. Маълум аст, ки дар даврони Шӯравӣ ҳудуди истифодабарии забонҳои хориҷӣ, мисли анлисиву олмонӣ, дар доираи макотиби миёна ва баъзе аз факултаҳои тахассусии донишгоҳҳои олӣ муайян шуда буду халос, зеро забони русӣ вазифаи ҳамаи онҳоро иҷро менамуд ва ҳоҷату талабот ба тақвият ва тавсеъаи онҳо набуд. Аммо барои онҳое, ки забони хориҷиро чун муҳимтарин воситаи кашфи илм ва интиқоли тамаддуни миллӣ дарк карда буданд, чунин муҳит танг буд ва онҳо бо ҳар роҳ дониши хешро сайқал медоданд. Аз ин ҷост, ки доираи фаъолияти Парвонахон Ҷамшедов,
аз таълими шогирдон дида, васеътар гардид. Акнун тадқиқот, тарҷума, муколама, эҷод, таҳлил ва таҳқиқ ҷузъи фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ гардиданд. Мавсуф 56-соли умри 80 солаашро пурра ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии бахшидааст ва дар тӯли умраш дар хизмати илму маорифи Тоҷик аст. Новобаста аз пастиву баландиҳои ҳаёт фаъолияти серҷабҳ тарбиявии ин устод ифтихори ӯ, ифтихори мо ва ифтихори илми миллӣ мебошад.
Фаъолияти профессор Ҷамшедов дар тӯли ин 56-сол дар самтҳои гуногуни илму маориф сурат гирифтааст. Аз ҷумла:
Таълим ва тарбия. Нахустин қадамҳои худро устод дар саҳни Донишкадаи педагогии ба н. Шевченко, ки худ хатмкардаи он буд, ба ҳайси омӯзгор гузоштааст. Дар он даврон на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки дар як муддати хеле кутоҳ, камтар аз як соли фаъолият, сазовори вазифаи муовини декани факулта оид ба корҳои таълим гардад. Бояд гуфт, ки чун ин нахустин иқдомоташон дар кори бошарафи омӯзгорӣ қатъӣ буданд, касби мутазаккир ӯро дар тӯли умраш тарк накард ва боиси ифтихори натанҳо худ, балки дигарон гардонд.
Таҳияи китобҳои дарсӣ. Басо омӯзгорони асил ва соҳибтаҷрибае гузаштаанд, ки бовуҷуди алломаи фанни хеш буданашон, дар ба ояндагон интиқол додани таҷрибаи омӯзгории хеш кӯшиш накарданд. Устод Ҷамшедов аз зумраи он омӯзгорон маҳсуб мегардад, ки маҳсули таҷрибаашонро дар шакли кутуби тадрис таҳия намудаанд, то натанҳо муосирон ва шогирдони мустақими ӯ аз илму донишашон баҳра баранд, балки наслҳои дигар низ аз он бархӯрдор бошанд. Профессор Парвонахон Ҷамшедов дар радифи нахустин муаллифони китобҳои дарсии забони англисӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳӣ қарор гирифта даҳсолаҳост, ки ҳазор-ҳазор муҳассилини ин макотиб аз китобҳои дарсии ӯ баҳра гирифта истодаанд.
Омода намудани мутахассисон. Омода намудани мутахассисони соҳа аз тарбияву таълими шогирдон тафриқа дорад ва заҳмати дучандро талаб мекунад. Профессор Парвонахон Ҷамшедов таълими шогирдони донишгоҳро дар доираи тахассуси педагогии хеш анҷом медиҳад, вале омода намудани мутахассисони соҳа, яъне номзадон ва докторони соҳаҳои гуногуни илми забоншиносиро вазифаи худ ҳамчун як олими саршиноси соҳа медонад. Устод зиёда аз 100 нафар номзадони илм ва қариб 15 нафар докторони илмро ба воя
расонидааст, ки имрӯз ҳар яке аз онҳо дар хизмати илму фарҳанги тоҷик ба по истодаанд.
Таҳияи луғатномаҳо. Луғатсозӣ ва қомуснигорӣ аз фарҳанги қадимаи тоҷикон ба шумор меравад ва дар тӯли таърихи худ фарзонагони ин миллат садҳо фарҳангу қомуси миллӣ ва байналмиллиро фароҳам оварданд. Парвонахон Ҷамшед ин ҳунар ва фарҳанги аҷдодиро идома дода, онро мувофиқи замони муосир ва талабот ба забономӯзии даврони илму техника пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, “Фарҳанги тоҷикӣ англисӣ, бо раҳнамои фожаҳои тоҷикӣ” (2005) ва “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ” (2008), ки бо дасту қалами ин олим таҳия гардидаанд фарҳангҳои саримизии ҳар як олим ва ҳаводори ин ду забони ҷаҳонӣ мебошанд.
Тадқиқоти соҳавӣ. Устод Парвонахон яке аз муҳақиқони ангуштшумор дар соҳаи омӯзиши забоншиносии муқосавии типологӣ мебошанд, ки ҳам худ дар ин самт тадқиқоти ҷолибро анҷом дода интишор намудаанд ва ҳам шогирдони сазоворро барои идомаи таҳқиқ дар ин самт омода гардонданд. Бар замми ин, устод яке аз мутахассисини шинохта дар илми эроншиносӣ маҳсуб мешавад ва дар баробари мақолаҳои бешумор дар ин самт, асари мондагоре бо унвони “Иранистика”-ро тақдими илми эроншиносӣ гардондааст.
Тадқиқот дар худшиносӣ ва огоҳии миллӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик осон ба даст наомада буд, талаби истеҳкоми ҳаматарафаро менамуд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ва руҷуъ ба гузаштаи хеш, бардошти сабақҳо аз таърихи миллат ва ба кор гирифтани онҳо барои тақвияти ҳаррӯзаи истиқлолияти миллӣ зарурати таърихӣ буд. Масъулияти олим дар чунин даврони тақдирсоз маҳз дарёфти ҳамин сабақҳои таърих ва дар шакли зарурӣ пешниҳод намудани онҳо барои ҳаммиллатонаш маҳсуб мешуд ва бояд гуфт, ки Парвонахон Ҷамшедов дар ин иқдом низ аз олимони пешсафи даврон маҳсуб мешуд. Асарҳои ӯ “Шуғнон” (1977), “Аз Пешдодиён то Сомониён (чашмандозе ба забон, адаб ва фарҳанг)” (1999), “Аз Сомониён то ҳозир” (2001), “Боми Ҷаҳон” (ба забони аглисӣ, 2001) аз зумраи он осорест, ки сабақ аз худшиносӣ медиҳанд.
Роҳнамоӣ ва дастгирии аҳли илм. Профессор Ҷамшедов, дар баробари узви се шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳҳои мамалакат буданашон, ба муҳлати тӯлонӣ Раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳои филология дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон буданд. Чунин масъулияти муҳим барояшон имконият дод, то ба таври васеъ аҳли илм, махсусан ҷавнони ба илм тозаворидро дастгирӣ намояд.
Сухан дар боби профессор Парвонахон Ҷамшедов хеле зиёд аст ва агар онро дар як ҷумла гуфтан зарур ояд он ҷумла чунин садо хоҳад дод: ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва таълиму тарбиявии устод Парвонахон Ҷамшедов намунаи ҳаёти як фарзанди қавиирода ва дилсӯзи миллату Ватан аст, ки аз он омӯхтан ва дар пайроҳаи он қадам гузоштан вазифаи насли имрӯзу фардои мост.
Вале маро аз ин бештар мактаби одамгарӣ ва инсонгароии устод мафтун месозад. На ба умри азизу пурбаракат, на ба маҳсули эҷоди мазид ва на ба теъдоди шогирдоне, ки ба камол расондааст, нигоҳ накарда, Парвонахон Ҷамшедов ҳамоно марде боҳикмат, қавиҳиммат ва хоксор боқӣ мондааст. Хоксориро аз ӯ бояд омӯхт!
ХОКСОРИРО АЗ Ӯ БОЯД ОМӮХТ (бахшида ба 80-умин соли таваллуди профессор Парвонахон Ҷамшедов)
Матлабҳои дигар аз Институт
- КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: «ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН»
- ПЕШВОИИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
- ҶАШНИ МАВЛУДАТОН МУБОРАК, УСТОДИ АРҶМАНД!!!
- КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯКУНАНДАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН
- СЕМИНАРИ ИЛМИИ МУШТАРАК ТАҲТИ УНВОНИ “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗУ ТАЪРИХСОЗ” БАХШИДА БА ИН ҶАШНИ ДАВЛАТӢ