wrapper

Институт

Институт

Конфронси илмӣ дар Институти илмҳои гуманитарӣ

  Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АИ ҶТ конфронси илмӣ бахшида ба Рузи илм баргузор гардид.

 Конфронс  бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ доктори илми филология, Ҳоким Қаландариён шуруъ гардид. Дар ин конфронс, ки мавзӯи меҳварии онро мафҳуми инсонгароӣ таркиб дод, аз хусуси мушкилоти имрузаи ҷаҳон ва таъсири он ба робитаи инсондӯстонаи одамон назарҳо баррасӣ шуданд.

Муфассал ...

22-юмин таҷлили Ваҳдати миллӣ

 Имрӯз дар таърихи 26 - уми июни соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии "Ваҳдати миллӣ" - и тоҷикон Маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он директорон, муовинони директорҳо, ходимони илмӣ ва котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ иштирок намуданд. 

Муфассал ...

Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро

  Ба дасти ману туст некахтарӣ,

Агар бад наҷӯем, некахтарем.

  Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».

Муфассал ...