Азорабекова Ширингул - ходими калони илмии
шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ИИГ ба номи академик Б. Искандарови Амит
ҲИФЗИ ВАТАН УҲДАДОРИИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 43-юм омадааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Вобаста ба ҳамин барои ҷавонони бо нангу номуси тоҷик ҳифзи Ватан инчунин анъанаи ҷавонмардӣ мебошад, зеро ин як қисми тарбияи ҳувияти миллии халқи тоҷик аст.
Артиши миллии Тоҷикистон дар давраи душвори соли 1993 таъсис гардид. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлол Артиши миллӣ таъсис шуд ва аз ҳамон давра инҷониб дар ҳамин рӯз дар сар то сари Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ раёсатҳои минтақавӣ, отрядҳои сарҳадӣ, отрядҳои таъиноти махсус, эскадрилияи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи «Ворисони Куруши Кабир» ва садҳо марказҳои таълимӣ, госпиталҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуданд.
Аҷдодони мо дар ҳар давру замон ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ баҳри онро барои худ ифтихор медонистанд. Артиш ҳамчун сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар нақши калидӣ дорад ва имрӯз ҷавонони мамлакат бо ифтихори баланд дар амалисозии стратегияи мустаҳкам кардани иқтидори ҳарбии Ватан ширкат менамоянд. Артиши Тоҷикистон дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуда, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷиконро таҷассум мекунад.
Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда, ҷавонони тоҷик барои ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон дода истодаанд.
Барои софдилонаву садоқатмандона адо намудани хизмати ҳарбӣ дар баробари дигар хизматчиёни воҳидҳову қисмҳои низомии кишвар шумораи зиёди афсарону сарбозони далеру ҷасури артиши миллӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд. Даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар номи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои худ қайд намуданд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд. Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем.
Бинобар ҳамин, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар як ҷавон бояд худро пеш аз ҳама ҳамчун кафили бехатарии Ватан эҳсос намояд ва бо даъвати он барои корнамоиҳо омода бошад.