wrapper

Назаршоева Чилла, номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти
илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
ДУ ЗАБОН, ЯК САДОҚАТ: ТАВОЗУНИ БАЙНИ НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ДАСТГИРИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
 
       Мушкилоти ҳифзи гуногунии забонҳо ва тақвияти ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва табодули фарҳангӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Гуногунии забонҳо дар ҷомеа на танҳо хусусияти фарҳангии гурӯҳҳои этникии гуногунро инъикос мекунанд, балки дар ҳифзи ҳувият, анъана ва расму оинҳо нақши калидӣ мебозанд. у такаллуми мардум ба забонҳои модарӣ сурат мегирад.
       Дар робита ба ин масъала муҳаққиқи забонҳои помирӣ, профессор Д. Карамшоев хуб гуфтааст, ки: «Зодагони Бадахшон соҳиби ду мероси қадимрешаи ниёгонанд. Яке форсӣ-тоҷикӣ, дигаре –помирӣ (маҳаллӣ)». Ин забонҳо ё ин мероси пурғановат дар фарҳангу шахсияти мо нақши калидӣ доранд чун арзёбиву гиромидошти ин гуногунзабонӣ метавонад ба ҳамзистии ҳамоҳангии забонҳо ва фарҳангҳои гуногун мусоидат намояд.
       Дар маърӯзаам асосан ба чанд иқтибосҳо аз муҳаққиқи помиршинос, профессор Карамшоев Д. такя мекунам, ба он сабабҳое, ки аввалан саҳму хизмати профессор Карамшоев Д. дар ҳифзи забонҳои помирӣ бебаҳо аст ва пӯшида нест, ки барои омӯзиш ва маъмулгардонии ин забонҳо корҳои зиёди бунёдиро анҷом додаст, аз ҷумла Луғати шуғнонӣ-русӣ дар се ҷилд таҳияшуда, Категорияи ҷинсият дар забонҳои помирӣ, ҳамчунин нашри “Алифбоҳои фаврии забонҳои помирӣ”- ро номбар кардан мумкин аст, ки қатрае аз хизматҳои ӯ барои забонҳои помирӣ ва барои соҳибзабонони ин минтақа ба шумор мераванд. Дувум ин ки фаҳмишу тафаккур ва назари ин олими барҷаста барои аҳаммияти нигоҳ даштани мувозинати байни забонҳои модарӣ ва забони давлатӣ барои мо, бахусус барои насли ҷавони имрӯз нишондиҳандаи ҳувияти фарҳангӣ ба шумор меравад.
       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона қаламраве ҳаст, ки забонҳои маҳаллӣ забони модарӣ ба шумор мераванду забони тоҷикӣ, ки мақоми давлатӣ дорад, ҳамчун воситаи муошират ҳатто байни баъзе аз ин забонҳои худӣ ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ истифода мешавад. Ва боз бармегардем ба ҳамон гуфтаи профессор Карамшоев, ки “мардуми Бадахшон соҳиби ду мероси фарҳангӣ ҳаст” ва агар гӯем, ки ифтихормандии мардуми мо бояд аз ин хеле баланд бошад ҳам, хато намекунем. Ба саволи чаро чунин посух медиҳем, ки ифтихори мо аз он бармеояд, ки мо соҳиби ду забони қадимтарин ҳастем, ки яке (забони модарӣ) ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувият ва анъанаҳои фарҳангии мо мебошад ва ҳамчун воситаи муошират дар байни мардум хизмат карда нигаҳдорандаи бойигарии эҷодиёти шифоҳии мардум, урфу одатҳо ва донишҳои аҷдодиамон мебошад ва дигаре (забони тоҷикӣ-форсӣ), ки низ як қисмати мероси мост, дарҳоро барои заминаи васеътари фарҳангӣ ва таълимӣ барои мо боз мекунад.
       Ин забони мутафаккирони бузург ба монанди Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар мутаффакирону донишмандони баргузидаи халқи тоҷик ҳаст, ки мо, мардуми Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи он ҳастем ва аз калому осори ин бузургмардон дониш гирифтему дар зери суханони пандомезу ҳикматомези ин баргузидагон тарбия ёфтему ба камол расидем. Пас, оё мо гуфта метавонем, ки яке аз ин забонҳо барои мо муҳимтар асту дигараш не. Якеро бештар қадр кунему мартабаи дигарро пасттар гузорем. Ба ин саволамон низ аз профессор Карамшоев Д. як иқтибоси хубе меорем, ки навиштааст: “Мақому мартаба ва истифодаи забонҳои помирӣ ва давлатию расмиро дар як радиф мондану ба ҳам муқобил гузоштан ҷоҳилист.
       Ифтихормандии мардуми Бадахшон бояд аз он барояд, ки онҳо соҳиби ду мерос ... мебошанд ва аз ин рӯ ҳар ду меросро бояд қадршиносӣ намоянду аз даст надиҳанд. Раванди таърихӣ мақоми ҳар кадомашро муқаррар ва тафриқабандӣ кардааст ва Қонуни забони Тоҷикистон онро ба амри ҳукм даровардааст”. Фикр мекунам, мо забони тоҷикӣ-форсиро фаротар аз он, ки он забони давлатии мо ҳаст, бояд донему пазирем, зеро ҳар ду забон барои рушди мо хеле муҳиманд. Забони модарӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бо решаҳои худ иртибот дошта бошем чун воҳидҳои забонии зиёде дар забони модарӣ заминаи амиқи фарҳангиро доранд, ки барои гӯяндагони забонҳои дигар на ҳамеша аёнанд ва танҳо донистани забони модарӣ имкон медиҳад, ки ин замина ва робита бо решаҳои таърихӣ ва фарҳангиро дарк кунем, дар ҳоле ки забони тоҷикӣ дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, ки ба рушди шахсӣ ва касбӣ мусоидат мекунад, барои фаҳмиши беҳтари ҷанбаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳаёт дар кишвар, барои ширкат дар корҳои давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин барои муошират бо дигар минтақаҳо хизмат мекунад ва метавонад ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ мусоидат кунад.
       Аз ин рӯ донистану истифода кардану такаллум кардан ба ин ду забон на танҳо барои бою ғанӣ гардондани мероси фарҳангии мо – мардуми Кӯҳистони Бадахшон, балки ба нигоҳ доштани ҳувияти беназир ва ҳамгироӣ бо равандҳои васеътари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
       Масъалаи ҳифзи гуногунии забон на танҳо масъалаи фарҳанг, балки масъалаи ҳувият аст, аз ин рӯ шоирону нависандагон ва дигар шахсиятҳои эҷодкору суханофар дар ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ хеле муҳим ба шумор меравад. Бахусус дар шароити минтақаи мо, ки забонҳои маҳалии модариамон дар муассисаҳои таълимӣ тадрис намешаванд, умеду нигаронии мо, соҳибзабонон, бештар ба олимону шоирону нависандагон ҳаст, ки аввалӣ агар бо таҳқиқотҳои илмиашон забонро ҳифз карда метавонанд, табақаи олимону шоирон тавассути эҷоди шеъру асарофариашон ин забонҳоро, ки таҷассумгари расму оин, арзишҳои мардумӣ ва таъриху фарҳангамон мебошад, инъикос ва ҳифз мекунанд.
       Профессор Карамшоев Д. дар як мақолааш роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ овардааст, ки “Тақдирҷунбони забон шоиру нависандагонанд. Бо мероси аввал онҳо руҳу арвоҳи Рӯдакии зарафшонӣ ва пири хеш Носири Хусрави қубодиёниро шод мегардонанд. Бо мероси дувумӣ шоирони помирзабон анъанаю иқдоми аҷдоди қадимтари боз худи ҳамон халқи номдори тоҷик суғдиён, бохтариён ва сакоиёнро зиндаю поянда медоранд”. Аз ин иқтибосҳо боз ҳам ба хулоса меоем, ки мо бояд аз доштани ҳар ду забон фахр кунем ва онҳоро ҳамчун қувват барои таҳкими ҷомеаи худ истифода барем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки мо на танҳо анъанаҳои худро нигоҳ дорем, балки ба чолишҳои муосир мутобиқ шавему устувор бимонем.