wrapper

Тоҳир Садоншоев - нозири калони
кадрҳои Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ
 
АРТИШИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МИЛЛИСТ!
 
     Барои миллати тоҷик, дар баробари ҳамаи он арзишҳо ва арҷгузориҳое ки нисбати таъириху тамаддуни миллӣ доранд, муҳаббат ба Ватан аз ҳама боло меистад. Ин мардум муҳаббати хешро ба ватани аҷдодӣ бо ду намуди фаъолияташ нишон медоданд, ки яке аз дирӯза ободтар гардондани Ватан ва дигаре ҳамеш дар ҳифзи он камар ба миён бастан буд. Яъне обод ва ҳамаҷониба ҳифз намудани Ватан аз хислатҳои азалии миллати мост.
    Дар масъалаи ҳифзи Ватан мардуми тоҷик, ба он нигоҳ накарда, ки кадом сулола ва қавмият ба сари ҳокимияту давлатдорӣ буданд, ҳамеша ба по рост истода буданд. Инро кулли санадҳои таърихӣ собит меозанд. Аммо марњилаи таърихе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем бузургтарин мисол аст барои ҳамаи мо дар масъалаи ҳифзи Ватан ва Миллат, ки албатта аз шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,      Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта мешавад. Ин шоҳкорӣ тавассути азхудгузаштагиҳои ин Қаҳрамони миллат ба даст омад ва мо онро имрӯз дар доштани як артиши ҳаматарфа омодаи Ватан мебинем. Артише, ки дар ибтидо ҳатто роҳбари тахассусӣ надошт.
     Имрӯз бо ифтихори комил гуфтан метвон, ки 23-юми феврали соли равон аз таъсисёбии артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мешавад. Тоҷикистони азизи мо, баъди аз аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ танҳо бо талош ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат аввалин шуда артиши миллии худро барои таъмини амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон ва марзу буми хеш таъсис доданд. Гуфтан зарур аст, ки Ҷаноби Олӣ дар он рӯзҳои сахту сангини соли 1992 ҳуҷҷати барои таъсис додани артиши бонуфузи миллиро ба имзо расонид, ки он барои ҳифзи марзу буми Ватанамон тақдирсозанда буд.
     Бо заҳмат ва ҷоинсориҳои Пешвои муаззами миллат давлати Тоҷикистон соҳиби артиши худ гардид. Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфтааст. Ин бошад шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани суботу амнияти хаёти мардум ва мустаҳкам кардани марзу буми мамлакат чӣ хизматҳоеро анҷом дода буд. Мо мардуми сарбаланди тоҷик бояд он рӯзҳои сахт ва аввалин суханони Пешвои миллат, ки дар Шӯрои 16-ум дар Кохи Арбоб иброз намуда буданд, аз ёд набарорем: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам”. Маҳз ҳамин суханон аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбари ватандӯст ва адолатпарвар Артиши миллиро барои сулҳу амонӣ ва амнияту суботи кишвар таъсис доданд.
     Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43-юм омадааст: “Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Президенти мамаклакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби олӣ дар ҳар суханрониашон мардуми шарифи Тоҷикистонро барои ҳифз намудани марзу буми давлатамон таъкид менамоянд. Суханони Пешвои миллат барои мо тоҷикистониён як роҳнамо ва даъвате мебошад, ки мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, баҳри ҳифз намудани марзу буми давлатамон саҳмгузор бошем.
     Чи хеле, ки Ҳаким Фирдавсии бузург гуфтааст:
Ҳама сар ба сар тан бакуштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!