
Институт

- Шанбе, 21 Январ 2023
Истифодаи зодагони кишвар осонтарин роҳи халалдор сохтани оромиши он аст
Ноором сохтани ин ё он давлат, аз байн бурдани амонии он аз ҷониби давлати дигар имруз дар замони глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ дар сайёра як падидаи хеле маъмул гаштааст. Зеро минбаъд таъсиргузор будан дар кишвари ҷангзада, истифодаи сарвату бойгарии он хеле осон аст, нисбати он давлате, ки сулҳу субот дар он ҳукмфармост.
Яке аз воситаҳои осонтарин дар ин раванд истифодаи шаҳрвандони худи кишвари зери таваччуҳ қарордода мебошад. Ин василаро феълан аксари мамолики абарқудрат, махсусан олами ғарб хеле зиёд истифода мебаранд. Зодагони кишвари таҳти назари “махсус” қарордоштаро ба шаклҳои мухталиф мавриди истифода қарор мегиранд. Яке чун ҷосус, дигаре манбаи маълумот, саввум иғвогар ва ғайра. Аз ҳама бештар ба ҳайси иғвоангез. Ба назари мо, ин раванд чанд замина дорад:
- Мардум нисбати ашхоси бегона ба сухани худӣ, ҳаммиллату ҳамкеши худ бештар боварӣ дорад. Ин аст, ки давлатҳои дигар сухану афкори иғвоангезандаи хешро тавассути чунин шахсон паҳну таблиғ менамоянд.
- Худро шахси ғамхору бомуҳаббат барои халқу миллат вонамуд кардан барои фарзандони таҳҷоӣ осонтар аст, нисбати як шаҳрванди бегона
- Шаҳрвандони ҳар халқу миллат нозукиву заъифӣ, каму беши онро зиёдтар медонанд, нисбати як нафар зодаи давлати хориҷа
- Забон дар ин кор мавқеи калидӣ дорад. Фарзанди Ватан бо забони модарӣ миёни мардум кор мекунад, ки хело таъсиргузортар аст.
- Дар аксари ҳолатҳо чунин шахсони ба истилоҳ “баргузида” аз миёни халқиятҳои теъдодан кам ё худ аққалият интихоб мегарданд. Ин халқиятҳо, ки метавонанд бо баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи хеш миёни миллати худ тафовут дошта бошанд, аслан хеле таъсирпазир мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷудоиандозӣ ва иғвоангезӣ маҳз миёни чунин халқиятҳо осонтар аст. Ташвиқи аз ҳад зиёди “афзалиятҳо”, ҳифзи хусусиятҳои хоси онҳо ба монанди дину мазҳаб, забони маҳалӣ, урфу одат, ҳудуди муайян ва ҳамсоли инҳо воситаест, ки мардумро метавонад, дар аввал эҳсосотӣ намояд, баъдан миёни мардум ҳар гуна норозигӣ ба вуҷуд орад ва дар фарҷом ба мубориза барои ҷудоихоҳӣ оварда расонад. Чунин формула дар чанд даҳсолаи охир дар нуқтаҳои зиеди ҷаҳони муосир, ба монанди қазияи Руссия бо мардуми Чеченистон, мушкилоти Осетия дар Гурҷистон, воқеаҳои Қирғизистон бо узбекони муқимӣ .... истифода шуда буд. Дар чунин ҳолатҳо аксар вақт зодагони алоҳидаи кишвар чун муборизону лидерон интихоб гардида, чун пешсафони халқи озодихоҳ аз хориҷ раҳнамоӣ менамоянд. Дар асл онҳо дар ягон амал ба таври физикӣ ширкат намеварзанд.
- Чунин шахсон, ки ҳатто аз ҳудуди ватани худ баромада, соҳиби паногоҳи сиёсӣ дар ин он мамлакат гардида бошанд, ҳам дар зодгоҳашон хешу пайвандон, наздикон доран, ки метавонанд минӣбаъд аз ҷониби онҳо то андозае дастгирӣ ёбанд, дар шакли ошкору пинҳон ташвиқгари онҳо дар маҳал мегарданд.
Ин чанд нуқтае буданд, ба фикри инҷониб омили истифодабарии зодагони ин ё он кишвар барои ноамн сохтани он аз ҷониби дилхоҳ давлат ё гуруҳи манфиатдор истифода бурда мешаванд. Аламовар он аст, ки чунин фарзандони кишвар дар рузҳои сахти ба сари мардуми таҳҷоии оддӣ расида ягон зараре надида, чун тири ба нишон расида, худро орому ғолиб мешуморанд. Дар ҳолате, ки ватанашон оғуштаи хун ва ҳамдиёронашон овараву саргардон мегарданд.
Ҳадаф аз баррасии маводи мазкур ба ҷуз аз кушодани баъзе аз гиреҳҳои руйиобнаомада ва як маслиҳат додан барои ҷавонону наврасон чизи бештаре нест. Дар чунин ҳолат аз мо шаҳрвандон, фикр мекунам, ки ду нуқта тақозо мегардад.
Аввалан, чун аз ҳар вақта “зиракии сиёсӣ”-ро дар умқи зеҳн нигоҳ дошта шуда, дар ягон ҳолат фирефтаи ваъдаву ташвиқоти “ҳамватанони алоҳида” ва бархе аз ташкилотҳои ба истилоҳ “омиёни ҳуқуқ” ва “ғамхор”, ки дар асл манфиатҳои сиёсати ин ё он давлатро ҳимоя мекунанд, нагардем.
Баъдан, барои дустону бародарон, пайвадону наздиконе, ки ба вақти муайян ё доимӣ берун аз Тоҷикистон ҷойи сукунат интихоб кардаанд, маслиҳат диҳем, ки ба чунин ҳамватанони худ, ки худро дилсуз вонамуд карда, ҳамагонро ба як мухолифат ва игвоангезӣ бо ҳар ташвиқ мекунанд, пайравӣ накунанд, ҷонибдорӣ нанамоянд.
Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир
доктори илмҳои филологӣ,
ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти
Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров АМИТ
Муфассал ...

- Ҷумъа, 20 Январ 2023
Ҳар шаб зи худат бипурс...
Азорабекова Ш
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови АМИТ
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ ?.
Нисбати журналистон эҳтиром дорам, дар истисно аз он нафароне, ки фарсахҳо дур аз Ватан зиндагию фаъолият дошта, бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд миёни мардум ивғо ангезанд ва сабабгори нооромии халқ гарданд.
Рустами Ҷонӣ ту чи касе ҳастӣ, ки аз номи мардуми Бадахшон садо баланд мекунӣ? Бовар кун 95 %-и мардум туро намешиносанд. Ягон маводи хонданибоби туро мардум надидааст, ба ҷуз аз навиштаҳои беасосу ивғоангези дар шабакаҳои интернет мавҷудбуда, ки мардум ҳатто ба онҳо таваҷҷӯҳ ҳам надоранд. Бас будагист суханчиниву низоъандозӣ миёни ҷавонон. Ту, ки мулки бегонаро ихтиёр кардаӣ аз пайи зиндагии хеш шав, зеро дар Бадахшон касе ба ту баринҳо эҳтиёҷ надорад. Мақсади ту баринҳо фақат гумроҳ намудани ҷавонони содалавҳ мебошад, ки бори дигар исбот гардид. Бо даъвати ту барин ноҷавонмардон, ҷавонони ноогоҳ аз найрангу фитна қурбон мегарданд.
Ту, ки миёни мардуми сарбаланди Бадахшон набудаи, магар аз дарди дил ва сӯзиши ҷигари модари бадахшонӣ, ки фарзандаш тӯъмаи офати «марги сафед» гардид, бохабар ҳастӣ?. Худат қазоват кун ва ба ҳодисаҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд, бо чашми дил ва ботин нигоҳ кун. Шумораи ҷавонон ва наврасоне, ки қурбони нашъамандӣ гардиданд, магар кам аст?. Оилаҳои бесаробон, фарзандони падаргумкарда ва як насли носолим магар натиҷаи нашаъаҷаллобӣ набуд? Щояд шумораи қурбоншудагон аз ҳазор кам набошад. Магар онҳо модар надоштанд? Магар он модарони мазлум оҳу фарёд надоштанд? Дар Қуръони Маҷид омадааст: Битарс аз дуои бади мазлум, ки дуои мазлум мустаҷоб мегардад
Боре шоҳиди оху нола ва дуои бади модари нокоме шудам, ки дар сари ҷасади беҷони писараш гиряву зорӣ дошт ва ин савумин писари аз даст додааш буд. Нолаи ҷигарсӯзи модар ва ду даст ба дуо бардоштааш дили ҳар бинандаро фишор дода ба дард меовард. Пас аз ду моҳ модар аз сактаи дил фавтид. Дарди модарро ҳис кардам ва дуои ӯро, ки ба нашъаву нашъаҷалобӣ нафрат мехонд, ба риштаи назм даровардам, ки хотимааш чуни аст:
Илтиҷо дорам ба даргоҳат, Худо!
Илтиҷо дорам зи ту, ай зоти поки Мустафо,
Кун ту ин махлуқи нофармонро дар байни мардум рӯсиёҳ.
Хонадонашро бисӯзон….
Теша зан бар решаи ин гуна марди дилсиёҳ.
Зулфиқори Шоҳи Мардон, пора кун ту пайкараш,
Тозаву озода монанд наслҳо.
Набояд форомӯш кард! Занон ва модарони Бадахшон ҳамеша тарафдори сулҳу субот, тинҷӣ ва оромӣ, пешрафт, ободии диёр ва амнияти фарзандони хеш буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 19 Январ 2023
ПАЁМ - ҲИДОЯТГАРИ МО ҶАВОНОН БА СӮИ ФАРДОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ
ХОЛИҚОВ ШОДОБ ХӮҶАМҚУЛОВИЧ, докторанти (PhD) Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони саодатманди кишвари азизамон бо шукргузорӣ ва ифтихори ватандорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, забон ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош варзида истодаанд. “Ҷавонон – идомадиҳандаи мероси бузургон ва созандагони Ватан” мебошанд. Барои ҷавонон беҳтарин шароит барои таҳсил ва зиндагии осуда муҳайё буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат сазовор гашта, баҳри гул - гулшукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузоранд. Дар Паёми солонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз нақши ҷавонон, нақши бузургу назаррасашон дар муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон ва дастгирии онҳо сухан гуфта, Тоҷикистонро кишвари ҷавонон номиданд. Ҳамчунин, Пешвои ҷавонпарвари миллат дар Паём изҳор доштанд, ки: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.” Воқеан, ҳам қабули ин ду барномаи муҳим саривақтӣ буда, чун дигар иқдомоти наҷибу беназири Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва дар руҳияи ватанпарастиву меҳандӯстӣ ва худшиносию худогоҳи тарбия намудани ин қишри ояндасози миллат нақши бузург мегузорад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун қишри муҳиму тақдирсози ҷомеа, зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Тули 31-соли соҳибистиқлолӣ ҷавонон чун қишри ояндасози ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эътироф гардида, барои дастгирии ин насли ташаббускору ояндасоз даҳҳо ибтикороту корҳои беназир ба анҷом расиданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон изҳор доштанд, ки: “Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр кардаанд, ки: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.” Ҷавонони ҳар кишвар сармоя ва муҳимтарин нерӯи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерӯ ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуқтаро таъкид намуданд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд. Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад. Боиси хушнуди ва сарфарозтст, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумуди ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми ҳаррӯзаи худро мегузоранд. Имрӯзҳо ҷавонон дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият бурда, 70 фоизи аҳолии кишвари офтобии моро ташкил медиҳанд ва ҳамчун муҳаррики асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият маҳсуб меёбанд. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Имрӯз мо дар тамоми соҳаҳои фаъолияти халқ ҷавонони саодатмандро мебинем, ки бо шукургузорӣ аз фазои тинҷу амни кишвар кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватани азизамон мегузорад. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳамулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Ин бовариву эътимоди бузурги Пешвои миллат мо, ҷавононро вазифадор месозад, ки бо масъулияти баланд барои давлати хеш содиқонаву самимона хизмат намоем. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯсти тоҷик ҳар сатри суханронии Сарвари давлатро шиори рӯзмарраи хеш интихоб карда, бо омӯхтани донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъола дар ҳаёти рӯзмарраи кишвар саҳми босазои хешро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузорад. Бинобар ин, мо, ҷавонон бояд ба ин эътимоди бузурги Пешвои муаззами миллат сазовор буда, инро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки барои устувории сутунҳои барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва пос доштани арзишҳои миллии ниёгонамон масъулияти бузургеро бар зимма дорем. Аз ин хотир, бояд барои сазовор будан ба ин ҳама бовариву дастгириҳои беназири Ҳукумати кишвар содиқонаву самимона хизмат карда, муаррифгари Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ бошем. Мо ҷавонон ба Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки ҳар зарра хок, ҳар қатра об ва ҳар санги онро муқаддас дошта, барои баланд бардоштани номаш содиқона хизмат менамоем.
Муфассал ...