wrapper

        Баргузор гардидани симпиозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии арбоби намоёни давлатӣ, муаррих ва олми намоёни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  Бобоҷон Ғафуров бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хизмати фарзандони фарзонаи миллат таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арҷгузорӣ намуда, аз кору пайкори пурифтихори эшон дар рушди Тоҷикистон пайваста ёдоварӣ менамоянд. Дар суханронии Пешвои муаззами миллат кору пайкори  Бобоҷон Ғафуров дар даврони пуртаззоду ҳукмронии мутлақи тартиботи давлатӣ  таҳлил карда шуда, ба хизматҳои арзандаи ин шахсияти маъруфи миллат баҳои сазовор дода шуда, фаъолияти сиёсию давлатии  эшон барои даврони имрӯзаи давлатсозию миллатсозӣ омӯзанда ва қобили  пайравӣ мебошад. Ёддоварӣ аз ашхоси барӯманди халқ дар самти тарбия ва тақвияти худшиносӣ ва дар рӯҳии ватанпарастӣ ба воя расондани насли ҷавон  аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.

     Бобоҷон Ғафуров  дар давоми 10-сол, аз соли 1946 – 1956 котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд, ки дар он замон   ба вазифаи  роҳбари Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон  баробар буд. Ин давра ба  замони душвори тараққиёти баъдиҷангӣ рост омад. Дар манотиқи марказии давлати шуравӣ ба барқарор сохтани харобиҳои  ҷанг машғул буданд. Таҳти роҳбарии Бобоҷон Гафуров  дар Тоҷикистон низ  короҳои азими бунёдӣ  оғоз ёфтанд. Пешвои муаззами миллат фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро  дар самти бар кор андохтани заминҳои бекорхобида дар шимолу ҷануб ва водии Вахши  ҷумҳурӣ  хотиррасон намуда,  масълаи муҳоҷир кардани як қисми мардум аз манотиқи кӯҳистон ба водиҳои пахтакор омили муҳимми ваҳдати мардуми тоҷик  арзёбӣ  намуданд.  Дар воқеъ, ба кор андохта шудани заминҳои бекорхобидаи водиҳо ва ба мантиқаи муҳимми пахтакорию боғдорӣ ва дигар соҳаҳои кишоварзӣ  табдил намудани  ин водиҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон  ва беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми муҳоҷир такони тоза бахшид. Дар ин давра Бобоҷон Ғафуров ба тараққиёти тамоми соҳаҳои  ҷумҳурӣ  таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ  оғоз ёфта, ба рушди саноат  асос гузоштаанд.

     Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки  дар рушди маорифу илм низ дар даврони роҳбарии Бобоҷон Гафуров қадамҳои устувор гузошта шуда буданд. Таъсис ёфтани  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  дар  рушди илму маорифи  Тоҷикистон рӯйдоди бузурге маҳсуб меёфт. Дар даргоҳи ин маркази илму омӯзиш дар солоҳои минбаъда ҳазорҳо мутахассисони илму маориф тарбия ёфта, дар  тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ саҳми бузург гуштаанд. Садҳо академикҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталиф, нависандагон,  шоирон, омғзгорони барҷаста, ки ин маркази илму маърифатро  хатм намуданд, дар рушди илму маорифи   Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми бузург  мегузоранд.  Дар таъсиси Академияи Илмҳои Тоҷикистон низ Бобоҷон Ғафуров саъю талоши хастанопазир ба харҷ додаанд. Нахустин Президенти АИ Тоҷикистон  устод Садриддин Айнӣ таъин гардида буданд. Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати ин ду шаҳсутуни илму фарҳанги миллатро хотиррасрн намуда, рисолати бузурги онҳоро дар даврони тақдирсози  миллат махсус  арзёбӣ намуданд. Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва фаъолияти созандаи эшон дар марҳиллаи имрӯзаи таҳаввулоти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолол моро руҳбаланд намуда, дар арсаи байналмилалӣ  эътироф гардидааст.

   Соли 1956  бо тавсияи Роҳбарияти Олии ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шуравӣ Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ таъин гардиданд. Таъин гардидани намояндаи миллати тоҷик  ба вазифаи сарвари чунин муассисаи бонуфузи илмӣ боси ифтихои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. Ашхоси маъруфи сиёсию илмӣ борҳо таъкид кардаанд, ки Бобоҷон Ғафуров  на танҳо  олим буд, балки ӯ давлатмарди тавоно ва сиёсатмадори маъруф буд, ки ба  Институти шарқшиносӣ  роҳбарӣ кард. Институти шарқшиносӣ  ба таҳкими робитаҳо ва ҳамкориҳои судманди мамолики шарқ ва Иттиҳоди Шуравии собиқ мусоидат намуд. Бобоҷон Ғафуров ба даҳо кишварҳои шарқ сафар намуда, дар доираҳои сиёсии мамолики гуногун соҳиби обрӯю эътибори баланд буда, бо ҷоизаҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.

     Бобоҷон  Ғафуров  чун  муаррихи тавонодар омӯзиши таърихи халқи тоҷик саҳми бузург  гузоштааст. Ба қалами эшон даҳо асари хурду бузург дар бораи таърихи халқи тоҷик тааллуқ доранд. Ва тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, шоҳасари бузурги Бобоҷон Гафуров “Тоҷикон” шиносномаи миллат буда, дар тақвияти худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Бо ин асар муаллиф нақши халқи тоҷикро ба ҳайси  миллати фарҳангӣ дар таърихи Осиёи Марказӣ  васеъ ва барҷаста нишон дода, таърихи  пурифтихори халқи тоҷик ва арбобони гузаштаи ин халқро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо далелу бурҳонҳои раднопазир бозгӯ намуда, хонандагонро ба ифтихор аз бузургони худ раҳнамун сохта,  дар тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши созгор  мегузорад.

      Бо арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “ Тоҷикон - оинаи таърихи миллат”  роҳандозӣ карда шуд, ки дар он ҳазорон нафар аз қишрҳои гуногуни мамлакат  ширкат варзида,  дар арафаи ҷашни 115-солагии Бобоҷон Гафуров ҷамъбаст гардид. Пеш аз ин китоби пурарзиши “Тоҷикон” бо супоришу ҳидоёти Пешвои миллат аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президент нашр гардида, ба тамоми хонаводаҳои мардуми Тоҷикистон  ҳадя  гардид ва баро аҳли ҷомеаи тоҷик  ин як ҳадяи пурарзише буд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз ин ҳадяи Пешвои муаззами миллат басо шоду масруранд ва сипоси бепоён изҳор мекунанд.

       Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуровро барои офаридани осори барҷастаи таҳрихӣ эълон намуданд, ки бори дигар аз арҷгузории хизматҳои олими тавоно, арбоби намоёни  давлатӣ ва ғамхорию пешрафти илм дар мамлакат гувоҳӣ  медиҳад.

           Дар  ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ  масъалаи нашри “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ ва ба ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон  тақдим намудани он ба миён гузошта шуда, дар рушди маърифату маънавиёти ҷомеаи тоҷик  нақши бузурге хоҳад гузошт.

     Бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтани  бузургдошти Академик Бобоҷон Ғафуров сиёсати донишпарварона ва фарҳангпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвом миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дода, нуктаи асосии суханронии эшон дар симпозиуми байналмилалӣ омӯзишу аз худ намудани донишҳои илмӣ буд, зеро илму дониш бузургтарин омили  пешрафти ҳар як миллату  мамлакат мебошад. Дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонии ҳар як корманди илму маориф мебошад.

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда  медоранд.

 

Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ