wrapper

 

           Қаҳрамони халқи тоҷик Академик Бобоҷон Ғафуров яке аз чеҳраҳои забардасти миллати тоҷик ба шумор рафта,  эшон ходими намоёни ҷамъиятӣ ва сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ, шарқшинос, журналист ва муаррихи дақиқназар ба шумор рафта, дар кори муаррифӣ намудани таърих ва маданияти халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ   саҳми босазо гузошта буданд.

            Афкори илмии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди омӯзиш қарор дода, маълум мегардад, ки ин донишманди бузург натанҳо таърихи халқи тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, балки ӯ дар кори омӯзиши таърих ва фарҳанги миллатҳои дигари ҷаҳон низ саҳми босазо гузошта буданд. Мувофиқи иттилоъи олимони рус осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров то ба 400 номгуй мерасад. Яъне ин олими забардаст дар баробари таълиф намудани китоби “Тоҷикон”, “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” боз даҳҳо асарҳо ва мақолаҳои дигари  пурарзишро таълиф намуда буданд, тавассути онҳо натанҳо таърихи милати тоҷик балки таърихи миллатҳои дигарро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Дар ин ҷо метавон чунин асарҳои ҷолиби ин олими варзидаро номбар кард: “Ал-Форобӣ дар таърихи фарҳанг”(1975), “Омӯзиши тамадунҳои Осиёи миёна”, “Искандари Мақдунӣ ва Шарқ”(1980) ва дигар ассарҳо.

            Вале тавре маълум аст, дар тули фаъолияти илмии худ академик Бобоҷон Ғафуров кӯшиш намудааст, бештар таърих ва фарҳанги миллати тоҷикро таҳқиқ намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Чуноне ки аз таърих маълум мегардад, дар ибтидои солҳои Шӯравӣ дар Осиёи миёна ҷараёни пантуркистӣ рӯи кор омад, ки раҳбарони он таърих ва фарҳанги тоҷикро нодида мегирифтанд.  Ин масъала академик Бобоҷон Ғафуровро водор мекард, ки андешаҳои хатарноки пантуркистонро рад намуда, барои ҷаҳониён исбот кунад, ки дар Осиёи миёна дар баробари дигар миллатҳо як миллати куҳан бо номи тоҷик бо таърих ва фарҳанги бузург арзи ҳастӣ дорад ва онро набояд касе нодида бигирад ва ё таҳқир кунад. Олимони рус Н. Халфин ва П. Шаститко  ин масъаларо баррасӣ намуда,чунин зикр намудаанд: “Бобоҷон Ғафуров фаъолона ба муқобили он шахсоне мебаромад, ки онҳо саҳми миллати тоҷикро дар рушди тамадуни ҷаҳонӣ” нодида мегирифтанд.  Ба ин хотир академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари монографияҳои бузургҳаҷми худ силсилаи мақолаҳои илмиро доир ба таърих ва фарҳанги миллати тоҷик таълиф намуда,онҳоро ба забонҳои русӣ ва дигар забонҳои урупоӣ ба нашр расониданд ва ҷаҳониёнро аз таърих ва фарҳанги тоҷик огоҳ намуданд.

            Дар ин замина академик Бобоҷон Ғафуров чунин мақолаҳои ҷолибро ба мисли “Фирдавсӣ- шӯҳрат ва фахри фарҳанги ҷаҳонӣ”,”Абу райҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ”, “Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ “Ҳашт шаҳри биҳшт””, “Абу Наср ал-Форобӣ ва замони ӯ” ва “Шоири бузурги шарқ – Муҳаммад Иқбол”-ро таълиф мекунад.

            Масалан муаррих дар мақолааш ҳаёт ва осори Абулқосими Фирдавсиро таҳқиқ намуда, бо он мардуми оламро огоҳ мекунад, ки адабиёт ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар асри 10 дар шаҳри Бухоро дар замони давлати Сомониён ташаккул ёфта, баъд ба кишварҳои дигари  ҳамҷавор густариш пайдо карда буд.    

            Дар мақолаи мазкур Академик Бобоҷон Ғафуров зикр мекунад, ки дар адабиёти ҷаҳон ба гурӯҳи асарҳое ки онҳо дорои ғояи бузурги миллӣ мебошанд “Махабхарата”, “Рамаяна”, “Илиада” ва “Одисея” дохил мешаванд, вале “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ аз ин асарҳо ҳеҷ камӣ надошта, мумкин  аст аз лиҳози тасвири баъзе аз ғояҳои худ аз онҳо бартарӣ дорад.

            Бо ин андешаҳои ҷолиб академик  Бобоҷон Ғафуров иброз медорад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷикро заъиф бишуморад ва онро таҳқир кунад.   

            Ҳамчунин академик Бобоҷон Ғафуров дар ин мақола иттилоъ медиҳад дар асри 7 Эрон ва Осиёи миёна аз ҷониби арабҳо забт карда шуд, вале мардуми форсу тоҷик ҳеҷ гоҳ таърих ва фарҳанги худро  фаромӯш накард. Дар ин вазъи ногувор олимони тоҷик як ҷараёни навро бо номи шуубия ба вуҷуд оварданд,ки онҳо барои озод шудани халқҳои тоҷику форс аз зулми арабҳо мубориза мебурданд. Пайравони ҷараёни шуубия афсонаҳои қадими эронӣ ва бахшҳое аз Авасто ва осори паҳлавиро аз забони форсии миёна ба забони арабӣ тарҷума намуданд ва олами арабро бо маданияти эронӣ ошно намуданд.

            Дар мақолаи дигари худ академик Бобоҷон Ғафуров  “Абу Райҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ” зикр мекунад, ки вақте ки 100 сол пеш дар Урупо китоби аввали Берунӣ бо номи “Хронологияи халқиятҳои қадим ” тарҷума шуд мардуми Урупо гумон мекарданд, ки Берунӣ фақат як муаррихи барҷаста ба ҳисоб меравад. Вале баъдтар вақте ки осори дигари Ал Берунӣ ба мисли “Китоб ат-Тафҳим” , “Осор ал- боқия” ва дигар асарҳои ин олим дар Урупо паҳн гардиданд, маълум гардид, ки Берунӣ дар баробари омӯхтани илми таърих дар рушди илми геология, математика, ҳандаса ва фалсафа, астрономия низ саҳми босазо гузошта буд. Ба ақидаи академик Бобоҷон Ғафуров Абурайҳон Берунӣ авалин олиме буд, ки аз замони худ хеле пеш рафта буд. Ӯ аввалин донишманде маҳсуб мешавад, ки бо формулаҳо дарозии атрофи заминро муайян кард. Берунӣ ақидаро доир ба эҳтимолияти давр задани замин дар гирди офтоб ва ивазшавии мавсимҳои солро пешниҳод намуданд.

            Андешаҳои худро доир ба афкори илмии Бобоҷон Ғафуровро ба охир расонида,бояд иброз дошт, ки академик Бобоҷон Ғафуров яке аз бузургтарин ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва олими забардаст ба шумор мерафт, ки дар омӯзиши таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ва ҳамчунин муаррифии ин фарҳанги қавӣ ба ҷаҳониён саҳми беандоза гузошта буданд. 

 

Умед Мамадшерзодшоев

Ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшинсии

 Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

акс:            https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%93%D0%B0%D1%84%D1%83%D1%80%D0%BE%D0%B2,_%D0%91%D0%BE%D0%B1%D0%BE%D0%B4%D0%B6%D0%B0%D0%BD_%D0%93%D0%B0%D1%84%D1%83%D1%80%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87