ПОРЧАҲОИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ ОИДИ ТАҲСИЛОТ
НЕКУШОЕВА Ш.С.
муовини директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
“... авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд” (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон).
Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда нукоти тақдирсоз дар ҳамаи соҳаҳои давлатро дар бар гирифта, омилҳои ҳалкунандаи мушкилоту талаботи дунёи муосирро инъикос менамояд. Яке аз соҳаҳои калидии рушди давлату миллат соҳаи маорифу илм мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосаеро касб кардааст ва ин нишондиҳандаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнокии соҳаро дар таҳким бахшидани давлату давлатдорӣ, сулҳу суботи ҷомеа, беҳбуд бахшидани сифати зиндагии шаҳрвандон эҳсос намуда, диққати мақомотҳои иҷроияи маҳаллиро ба он ҷалб намуда истодааст.
Таҳсилот унсури муҳиме дар зиндагии ҳар як шахс аст, ки тайи он фард донишу фарҳанг касб мекунад, таомулро меомӯзад ва арзишҳои ҷомеаро мепазирад. Таҳсилот, бахусус, таҳсилоти олӣ, барои муваффақ будан дар ихтисоси худ ва расидан ба иртифооти касбӣ кумак мекунад. Таҳсилот хусусиятҳои шахсии фард, аз ҷумла интизом, ахлоқи хуб, таодул, инъитофпазирии дидгоҳҳо, кунҷковӣ, муошират ва иродаро ташакул медиҳад. Беҳуда яке аз нобиғаҳои дунёи қадим Арасту нафармудаанд, ки “ба ҳамон андозае, ки зинда аз мурда мутафовит аст, таҳсилкарда аз бесавод низ ба он дараҷа тафовут дорад”.
Яке аз гироишҳои дунёи муосир идеяи таҳсилоти давомнок мебошад ва ин бад-он маъност, ки шахс бояд дар давоми зиндагӣ ҳамавақта дониш омӯзад, то дониши нав ва дар сатҳи муносиб дошта, ҳамгом бо пешрафти технологияи замонавӣ бошад. Дар шароити зудтағйирёбандагии ҷаҳон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои роҳбарони соҳа ва аҳли маорифро дар “... омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ...” мебинанд.
Маҳз ноогоҳӣ аз зудтағйирёбандагии ҷаҳон, рушди босуръати технологияи муосир, ҷавобгӯ набудани таҳсилоти насли наврас ва кадрҳои соҳавӣ метавонад устувории сиёсиву рушди иқтисодии давлатҳоро фарсахҳо қафо гузорад. Аз ин рӯ, дар Паёми соли сипаришуда диққати ҷиддӣ ба мустаҳкамгардонии заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ равона карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавиро вазифадор намуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аз вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷиддӣ талаб намудаанд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Чун Паёми Сарвари давлат яке аз фишангҳои такондиҳандаи вазъияти соҳаҳои мухталифи давлат ба ҳисоб меравад, пас муваззаф намудани роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ ва илмӣ оиди боз ҳам бештар тараққӣ додани ин ду соҳаи калидӣ ба тағйироти назаррасу рушди бемисоли онҳо дар ояндаи хеле наздик ишора мекунад.
Нақши таҳсилот дар ҷомеаи муосир беҳад муҳим аст. Аз ин гузашта, ҷаҳон ба таври мудавом бо мушкилоти глобалӣ амсоли гармишавии аномалӣ, олудагии муҳити зист, зиёдшавии аҳолии бештари давлатҳо, камбуди манобеи ғизоӣ, баланд бардоштани шароит ва сифати зиндагии иҷтимоӣ ва ғайра рӯ ба рӯ ҳаст. Бисёре аз донишмандон ва соҳибназарон мувофиқ дар онанд, ки чунин масоили мубрами дунёи муосир аз тариқи баланд бардоштани сифати таҳсилот қобили ҳал аст. Далели назарашонро онҳо дар вазифаҳои чандҷонибаи таҳсилот мебинанд, ки асоситарини онҳо инҳоянд:
- вазифаи иқтисодӣ, зеро яке аз нақшҳои низоми таҳсилоти ташкил намудани гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар он афрод дониши муосир ва муассир дарёфт намуда, битавонанд онро дар амал ба кор бурда, амалкарди иқтисодии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро беҳбуд бахшанд;
- вазифаи иҷтимоӣ, чун тавассути таҳсилот ва таълимот фард маҳоратҳои иҷтимоиро ба даст меоварад, ки бо дигарон дар ҷомеа таомул намояд.
- вазифаи фарҳангӣ, ки яке аз муҳимтарин нақшҳои таҳсилот дар ҷомеа ин интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, ба воя расонидани шахсиятҳои мустақил ва соҳиби назари шахсӣ, тақвияту рушди истеъдодҳои эҷодии онҳо мебошад.
Чун ҳадафи бузургтарини таҳсилот на касб кардани дониш, балки амал кардан бар он аст, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раҳбарони соҳаҳои илм ва таҳсилот даъват бад он менамояд, ки “бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Бадеҳист, ки нақши таҳсилот дар ҳаёти инсон ва ҷомеа пайваста меафзояду тамоюлҳои асосии рушди он низ тағйир мепазиранд. Ин тамоюлҳо дар кишвари азизамон дар оммавӣ ва демократӣ будани таҳсилот, дар давомнокии таҳсилоту мураккбшавии он, дар хусусияти инсонпарварӣ, байналмилалӣ ва технологӣ касб кардани он инъикос мегарданд. Зеро таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳатмӣ буда, таҳсилоти олӣ барои ҳар шахсе, ки хоҳиш ва омодагии хондан дорад, дастрас аст; давомнокии таҳсилот новобаста ба синну соли ашхос афзуда, талабот ба истеъдодҳои касбӣ зиёд шуда истодааст; таҳсилот дар кишварамон тамоюли муттамарказ шуданаш ба толибилмон касб карда, бо назардошти манфиатҳо, хусусиятҳо ва дархостҳои онҳо ба роҳ монда мешвад; системаҳои маорифи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи асосҳои умумӣ, таҳияи моделҳои умумии таҳсилот, таҳияи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва ташаббусҳои дигар ҳастанд ва чунин раванд бар баланд доштани нақши маориф дар ҳаёти ҷамъият гувоҳӣ медиҳад; ҳар як муассисаи таҳсилотӣ, хоҳ миёна ва хоҳ олӣ, бо мурури замон раванди компютеркунонӣ ва рақамикунониро аз сар гузаронида истодааст. Инкишофи прогресси техникӣ ба раванди таҳсилот фаъолона таъсир расонида истодааст. Ин аст, ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки Тоҷикистонамон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.
Чун агар интелекти инсонӣ унсури фақркунанда байни башарият ва ҳайвонот бошад, онгоҳ таҳсилот ин фарқиятро зиёд мегардонаду, ба мо кумак мекунад, то аз сатҳи ҳайвонӣ ва нисбати дигарон хеле иртифо пазирем. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки зимни талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ва ҳатман бо дастгирии кулли аҳолӣ соҳаи маориф ва илми кишварамон дар як муддати кӯтоҳ ба соҳаи пешрафтатарину афзалиятноктарин мубаддал хоҳад гашт.