wrapper

Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими такондиҳандаи рушду нумӯи давлат ба ҳисоб рафта, дар он ҳамаи ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар шакли таҳлили воқеӣ муҳокима гардида, зимни ироаи он аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати таъмини рушди босуръати кишвар ҳадафҳои муайян гузошта мешаванд. 

Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, чун анъана, барномаи рушди ҷомеа ва давлатро баҳри  беҳбудӣ бахшидан ба  самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, муайян менамояд.  Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аслан ҳисобот оид ба натиҷагирӣ аз соли сипаришуда ва дурнамо барои соли минбаъда ба мардуми мамлакат тавассути органии Олии қонунбарор буда, ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. 

Мӯҳтавои асосии Паёми имсола низ ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар заминаи ин зиёдтар истифода бурдани имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, ҳифзи мероси таърихӣ, маориф, ҳифзулсиҳат, сармояи инсонӣ, таъмини амният ва волоияти қонун равона гардид.

Ба хотири расидан ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз», Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ба Вазорату идораҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас супорида шудаанд.  

Дастовардҳои иқтисодӣ дар соли гузашта мусбӣ арзёбӣ гардида, қайд шуд, ки “соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.” Пешрафт ва дастоварди иқтисодии ҳар як давлатро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ муайян мекунанд. Ин нишондиҳандаҳо дар Паём шаҳодати ба даст овардани натиҷаҳои мусбӣ  дар соли 2023 буда, имконияти афзун намудани онҳо дар солҳои минбаъда тариқи меҳнати аҳлона, истифодаи самараноки ҳамаи захираҳои табиӣ, инсонӣ, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо басо зиёд истифоданашуда ниҳоят зиёд аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои бузург ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва андози маблағии он ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Афзун гадидани қисми даромади буҷети давлатӣ  ба андозаи 102,5 фоиз нишонаи нигоҳ доштани устувории соҳаҳои иқтисодии мамлакат ба шумор мераванд.

Ба даст овардани ин нишондиҳандаҳо – ин самаранокии таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва амаликунонии барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат арзёбӣ гардид, ки воқеан назаррас аст.

Таҳлилҳои ҳаматарафаи суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ҳафт соли охир нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфӣ, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар дар ин мӯҳлати начандон тулонӣ зиёд гардид.

Нишонаи дигар рушди иқтисоди кишвар – ин дар қиёс ба солҳои гузашта зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, аз он сифати зиндагии мардум вобастагӣ дорад. Ин нишондиҳанда 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфтааст. Дар ин росто, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Таваррум, ё худ беқурбшавии пул, ки яке аз маризиҳои иқтисоди ҳар як давлат ба шумор меравад, бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Ин нишонаи таъмини суръати баланди гардиши пулли миллӣ буда, афзун гардидани ҳиссаи истеҳсолоти миллӣ ва содир намудани маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар аст. 

Бояд қайд кард, ки ин дастовардҳои иқтисоди миллӣ мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ аз ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, таъмини рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ вобастагии зич дошта, аз он шаҳодат медиҳад, ки афзалияти пешрафти иқтисоди миллӣ дар сиёсати иқтисоди миллӣ ба ин омилҳо нигаронида шудааст .

Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ва пиёдашудаи сиёсати иқтисодии мамлакат ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ таъсири амиқ гузошта, ин нишондиҳанда аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир бошад, сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар баробари гузоштани вазифаҳои мушаххас ба хотири ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, дар раванди коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд ва ишора шуд, ки “зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.”

 Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамучун давлати  соҳибистиқлол ба суйи ояндаи нек боз як қадами таърихии  устувор гузошта, собит намуд, ки миллати тоҷик аз азал созандаву ободкор буд ва танҳо бо меҳнати софдилона ва ақлу иродаи нек дастовардҳои азимро метавонад ба даст оварад. Ҳамеша дар маркази сиёсати Сардори давлат беҳбудии сифати зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

 

     

Гулша Ҷумахонов – докторанти шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёту иҷтимоиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ