wrapper

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Чун ҳамасола 24. 12. 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хотирмон ироа гардид. Агар ба ҳар як нуқтаи ин паём назар андозем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки ҳар яки онҳо баҳри созандагии кишвар, беҳбудии шароити ҳар як шаҳрванди кишвар равона гардидаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Сарвари кишвар баҳри рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои ҷолибро баён намудаанд. Ҳунарҳои мардумӣ як бахши фарҳанги маънавии миллати тоҷик буда, тавассути онҳо арзишҳои маънавӣ ва тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад, зеро ки ҳунарманд аз номи насл, халқ ва миллат эҷод мекунад.

Таи солҳои охир аз ҷониби Сарвари давлат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус равона гардида, дар натиҷа он рушду нумуъ ёфта истодааст. Ин масъала дар айни замон хеле ҷолиб ба ҳисоб меравад, зеро аз як тараф агар, ҳунарҳои бостонии мардумӣ эҳё ва рушд ёбанд ва ҳунармандон аз ҳисоби заҳматашон метавонанд зиндагиашонро беҳтар гардонанд, аз тарафи дигар эҳё ва барқарор намудани ҳунарҳои мардумӣ ин як воситаи муҳими ҷалби соҳаи саёҳӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат ҳам ин масъала пайваста зери назари Сарвари давлат қарор гирифтааст.

Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Пас аз эълон гардидани соли 2018 – соли эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои зиёди аз байнрафта аз сари нав эҳё гардида, рушд ёфтаанд. Ин ҳунарҳо аз қабили бофандагӣ, дузандагӣ, дуредгарӣ, заргарӣ ба ҳисоб мераванд. Бояд қайд кард, ки бархе аз онҳо аз қабили адрасу атласбофӣ, чакандузӣ аллакай ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардидаанд ва ин боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Аз ҷониби дигар ин пешравӣ як муваффақияти маҳсули ҳунармандон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гўшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шаванд.

Иқдоми дигари хеле бамаврид, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳ монда шуд, ин бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

      

                         Қурбонхонова Н.-ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ, Азорабекова Ш. – ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ.