Дар таърих шахсиятҳои нотакроре буданд, ки ба таърихи давлату миллат ва тақдири мардуми худ бетафовут набуданд. Ин шахсиятҳои ангуштшумор хуб дарк мекарданд, ки вазифае, ки дар пеши онҳо гузошта шуда буд, иборат аз зинда нигоҳ доштани хотираи таърих аст ва танҳо қобилияту истеъдоди онҳо қодир аст ба ҳалли мусбати ин вазифа.
Пешвои муаззами миллат дуруст қайд кардаанд, ки: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!».
Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров офарандаи таърихи миллат ва нигоҳдорандаи хотираи инсоният мебошад.
Барои он ки ба ду сухан шахсияти илмии Б.Ғафуровро шиносем, басанда аст ба ишораи собиқ директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Ростислав Борисович Рыбаков назар афканем: «Замоне, ки Бобоҷон Ғафуров ба Институти мо (1956-1977) - қадимтарин ва калонтарин маркази илмии гуманитарӣ, маркази кишвар, «ситоди асосии» шарқшиносии Русия роҳбарӣ мекард, асри тиллоии тамоми соҳаи мо буд ... Сталини тоҷик, корманди ҳизб ва мусулмоне, ки ҳаҷро адо кардааст. Ӯ виҷдони замони худ буд, аммо ду ҷузъи муҳими табиати ӯ - хирад ва ҷавонмардӣ - ба ӯ имкон доданд, ки дар фазои давраи Шӯравӣ давраи махсуси худ – ғафуровиро офарад... ".
Ба қавли Абурайҳон Берунӣ: «Қабл аз иқдом кардан ба илм равони худро аз фасод, аз одатҳои ношоиста, аз шуҳратпарастӣ ва ғараз пок бояд кард». Маҳз чунин сифатҳо буданд, ки Бобоҷон Ғафуровро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд ва чунонки шахсиāти маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода мегўяд: «Визаи ҳар як миллат илму маданияти ўст, ки тавассути фарзандони фарзонааш муаррифӣ мешавад» ва Б.Ғафуров бешак дар тамоми замонҳо визаи миллати мо хоҳад монд.
Пас танҳо чунин шахсият агар даст ба навиштани коре бизанад, ҳатман офаридаҳои мондагореро аз худ боқӣ мегузорад, ки асрҳо дар хизмати халқу миллат хоҳанд буд.
Се сифате, ки бидуни онҳо ягон шахси олимшаванда ба ҳадафи мурод нахоҳад расид, иборатанд аз: аввалан, ақлу фаросат, ки сифати модарзодӣ буда, ё ҳаст ё нест; сониян, азму ғайрат, ки зодаи ҳавсала буда куллан ба худи шахс вобаста аст; ниҳоят, ҷасорату матонат, ки маҳсули парвариши фардӣ ё иҷтимоӣ буда метавонад. Бе тардид, ин се сифат ородиҳандаи сурату сирати академик Б.Ғафуров буданд.
Дар таърихнигорӣ се роҳи тасвир ҳаст:
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки нигоранда зарур донад ё хуш ояд (дар ниҳояти кор ба ҳадди ифрот расида мардумро бероҳа мекунед).
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки одамон мехоҳанд (дар ниҳояти кор ба рукнҳои эҷодии худ хиёнат мекунед).
- Сабт кардани ҳар он чизе, ки дар ҳаёти одамон аз ҳама беш ба кор меояду онҳоро суд мебахшад (…сарфи назар аз шароити номусоиди беруна, сарфи назар аз он ки ба ҷони муаллиф таҳдиду бар ҷисмаш халал ворид кунад… ). Дар таълифи асари безаволи “Тоҷикон” академик Б.Ғафуров маҳз аз роҳи сеюми тасвир оқилонаву одилонаву олимона истифода намудааст.
Бо такя ба андешаҳои Пешвои муаззами миллат дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба чанд омиле, ки Б.Ғафуровро ба бузургтарин олим, намоёнтарин сиёсатмадор ва маъруфтарин ходими давлативу ҷамъиятӣ табдил додаанд ва маҳбубияти ўро дар байни мардум таъмин менамуданд, ишора мекунем:
- Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои истеъдоди Б.Ғафуров он буд, ки мавсуф аз замони кўдакӣ таҳти тарбияи модараш – Розия Озод – шоираи номӣ ва хонуми бисёр таҳсилкарда умр ба сар мебурд ва Розия Озод тамоми вақти худро ба таълиму тарбияи писараш бахшида буд.
- Новобаста аз он ки Б.Ғафуров замони тўлонӣ (аз соли 1936 то 1956) дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ адои вазифа менамуданд, ягон маротиба корҳои илмиро ба зинаи дуюм намегузоштанд. Соли 1947 аввалин китоби ў «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ баромада, се маротиба – солҳои 1949, 1952, 1955 ба забони русӣ нашр мегардад. Дар асоси ҳамин китоб Б.Ғафуров рисолаи докториашонро ҳимоя намуданд. Новобаста аз корҳои сангин вобаста ба корҳо дар идораҳои роҳбарӣ, бахши таърихи АИ ҶТ-ро роҳбарӣ мекарданд. Маҳз дар ҳамин солҳо зери роҳбарии ў чандин маҷмўаҳо рўи чоп диданд ва чандин аспирантон рисолаҳои номзадиашорон дифоъ намуданд.
- Дар соли 1956 фаъолияти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР аз тарафи роҳбарияти онвақтаи Иттиҳоди Шўравӣ Никита Сергеевич Хрушчев, Анастас Иванович Микоян, Михаил Андреевич Су:слов танқид мешавад ва масъалаи зарурияти иваз намудани роҳбарияти Институти шарқшиносӣ пеш меояд. Роҳбарияти СССР ба хулосае меояд, ки танҳо олими машҳур, ходими давлатии намоён Б.Ғафуров метавонад ин вазифаи ниҳоят сангинро бар уҳда гирад. Ҷойи зикр аст, ки Б.Ғафуров ягона директори институтҳои илмие буд, ки дар он замон аз тарафи Бюрои сиёсии КМ ПКИШ ба ин вазифаи баланд таъйин гардид. Мавсуф аз соли 1956 то 12 июли соли 1977 ин муассисаро роҳбарӣ карданд.
- Таърихи илм ва адабиёт гувоҳӣ медиҳад, ки одамони боистеъдод метавонанд холиқона дар соҳаҳои мухталифи илм кор кунанд. Б.Ғафуров маҳз яке аз ин афроди боистеъдод буд. Ў дар баробари таърих адабиётро низ хуб медонистанд. Ба илова, ў коршиноси беназири мусиқӣ, махсусан, мусиқии классикии «Шашмақом» буданд. Б.Ғафуров силсиламақолаҳои илмӣ дар бораи фаъолияти эҷодии бузургтарин ходимони илму фарҳанг Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, М.Иқбол ва ғ. таълиф намуданд.
- Китоби маъруфи ҷаҳонӣ «Тоҷикон» дар илмҳои таърихӣ ва шарқшиносӣ яке аз бузургтарин падидаҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Бузургтарин олимони ҷаҳон дар тақризҳои худ бар арзиши мондагори ин асари илмӣ таъкид мекарданд. Нашри китоби «Тоҷикон» дар Россия, Хитой, Полша, Индия, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварњои дунё гувоҳи маҳбубияти ҷаҳонии ўст.
- Яке аз вижагиҳои мутамойизи академик Б.Ғафуров он буд, ки мавсуф ба таври муносиб ва густурда сарчашмаҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводи бойгониро истифода мекарданд. Б.Ғафуров дар марҳилаи таҳияи китоби «Тоҷикон» 1904 асару монография, ки 367-тои онҳо ба олимони хориҷӣ мутааллиқ буданд, истифода намуданд. Дар таҳияи ин китоб зиёда аз 85 сарчашмаҳои муътабари форсии тоҷикӣ оид ба таърих, ҷуғрофиё, дин, забону адабиёт истифода гардидаанд.
- Омили дигари маҳбубияти Б.Ғафуров ҷаҳонбинии васеи ў буд, зеро ў ягона доиратулмаорифи замони худ шинохта мешуданд.
- Маҳз тавассути осори худ Б.Ғафуров маҳбубияти ҷаҳониро касб намуданд. Осори зиёде аз ў дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж ва дигар марказҳои илмии ҷаҳонӣ нашр шуданд. Бояд таъкид намуд, ки ў дар давоми солҳои зиёд Президенти Анҷумани байналмилалӣ назди ЮНЕСКО доир ба омўзиши маданияти Осиёи Миёна, ноиби Президенти Шўрои байналмилалӣ доир ба омўзиши кишварҳои шарқ буданд. Интихоби Б.Ғафуров ба унвони доктори фахрии чандин донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, аъзои кунгураҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар Монголия, Франсия, Эрон аз хирадмандӣ ва эътибори ў дар байни олимони тамоми ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Ва маҳз чунин шахсият метавонист муаллифи асари мондагори «Тоҷикон» бошад.
ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар