Чорабинии мазкурро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти илму фарҳангшиносии кишвар буда, дар намоди он тамаддуни ниёкон нуҳуфтааст. Ҳамчунин, номбурда, мутазаккир шуд, ки сохтмони биноҳои бисёрқабата бо дарназардошти пешниҳодҳои олимони зилзилашинос дар пойтахти кишварамон гувоҳӣ медиҳанд, ки дили Тоҷикистон дар солҳои ахир рушди ҳаматарафа кардааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ҳангоми муҳокимаи китоб саҳми Раиси шаҳрро дар рушди ҳамаҷонибаи пойтахти азизамон иқрор карда, сохтани иншооти соҳавӣ, таҳияи калонтарин теотр, бо гулу гулбуттаҳо ороиш додани намоди зоҳирии шаҳр ва зебопарастӣ, ифтитоҳи боғу гулгаштҳо ва аз навсозии роҳҳо, бозсозии шакли меъморӣ ва ғайраро аз иқдомҳои Рустами Эмомалӣ чун Раиси вақти шаҳри Душанбе баён дошта китобро низ аз мувафаққиятҳои соҳавӣ пиндошт.
Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев шаҳрро дар замони муосир тавсиф намуда, бинобар баргузории бузургтарин чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ онро қалби Осиё номид.
Академик Кароматулло Олимов ҳангоми муҳокимаи китоби мазкур шеъри худро дар васфи пойтахт қироат кард, ки бо мисраҳои зерин шурӯъ мешавад:
Душанбе шаҳри дилдорон, Душанбе шаҳри бедорон...
Бояд тазаккур дод, ки китоб бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) интишор ёфта, онро аксҳои таърихӣ зиннат додааст ва рӯзҳои наздик дастраси умум мегардад.
Устоди сухан ЛОИҚ ҳанӯз дар садаи гузашта дар васфи шаҳре, ки мо дар он иқомат мекунем, гуфта буд:
Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гавҳари мост,
Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш...
Шодравон Аҳрор Мухторов, ки муаррихи забардаст буд, таърихи дирӯзу имрӯзи шаҳрамонро дар рисолаҳои гуногунаш инъикос намудааст....
http://anrt.tj/tj/khabar-o/1284-dushanbe-albi-to-ikiston