wrapper

Муовини директори Институти илмҳои

гуманитарии ба номи Б. Искандарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илми филология Некушоева Ш.С.

 

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МУТАФФАКИРИ МАШҲУРИ ҶАҲОН ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ БАРОИ ҲАМАИ ДӮСТДОРАНДАГОНИ ОСОРИ Ӯ МУБОРАК БОД!

     

      Таърихи инсоният хеле кам шахсиятҳоеро сабти ном кардааст, ки бо ҳузури худ тавонистаанд на танҳо замонеро, ки дар он зиндагӣ карданд, мунаввар созанд, балки таъсири маънавиву ақлонӣ бар давраҳои баъдина гузоранду, масири фикррониву бархурди бисёре аз афрод бо масоили ҳастиву буду бошро комилан сарозер созанд. Бо ин ҳама таъсироти ақлониву зеҳнии худ чунин ашхос дигар наметавонистаанд ба як давраи таърихии муайян мутаалиқ монанд. Ин гуна шахсиятҳо нигини нодири шаҷараи инсониятанду бо мавҷудияти худ дар миёни мисли мо инсонҳои оддӣ тавонистанд бузургиву волоияти фард ва қудрату имкониятҳои тафаккуру иродаи ӯро тасдиқ созанд. Дар шумори ин шахсиятҳо гурӯҳе машҳур бо комёбиҳои беназирашон дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсву фарҳангӣ ва гуруҳи дигаре бо инқилобҳо дар руҳонияту маънавиёт мушоҳида мегарданд, ки аввалҳо такони бузурге дар инкишофи зоҳирии ҷомеаҳои мутаалиқ ба давраҳои гуногуни таърихиву дувумиҳо чароғи тобон барои инкишофи ботинии инсонҳои замони худ ва ҳам давраҳои баъдина будаанд. Ҳар дуи онҳо муаррифгари беҳтарин сифатҳои инсоние мебошанд, ки одамро метавонанд аз ҳалқаи сифатҳои пасту  разил ва ниёзҳои ҳақир ва аз раванди ҳаракат ба поён берун бароранду, раҳнамо ба ҷустуҷуи роҳҳои рушди зоҳириву ботинӣ намоянд.

       Мавлоно Румӣ бешак яке аз чунин шахсиятҳои бузург, ки аз доираи тафаккури инсонӣ берун ҷасту бо падидае илоҳӣ, ки барои инсонҳои оддӣ номафҳум аст, пайваст. Маълум аст, ки сабаби ин ҷаҳиши руҳии беҳамтои Мавлои Рум вохӯриаш бо шахсияте аз ӯ бузургтар дар он ҳангом - Шамси Табрезӣ дониста мешавад, ки румишиносон ин вохӯриро ҳамчун “таваллуди дубораи Мавлоно”, “бархурди ду баҳри жарф”, “шукуфтани дунёи воқеият дар пеши чашми руёзада” муаррифӣ менамоянд. Ва ба ибораи Абдулҳусайни Зарринкуб Мавлоно ҳангоми во хӯрдан бо Шамси Табрезӣ “бо қаламрави тозае ошно мешавад, ки инсон дар он ҷуз бо нафйи худ наметавонист камоли худро биҷӯяд”, ё худ аз назари Радий Фиш вохӯрии ин ду нафар дар Қуния ҳамчун як “кашфиёти азим – кашфи Инсон барои Инсоният” ва макони вохӯрии ин ду тафаккури бузургро аз забони халқ “макони вохӯрии ду баҳр” (Марҷаъ-ал-баҳрайн) муаррифӣ мегардад. Ва маҳз ҳамнишинӣ бо Шамси Табрезиву саранҷоми он, ки даст задани инқилоби руҳӣ ба Мавлои Рум буд, заминаи эҷод гардидани шоҳкориҳои беҳамтои ирфонӣ – “Девони Кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-ро фароҳам овард.