wrapper

ЗОДРӮЗИ ОЛИМИ ПУРМАҲСУЛ ВА ИНСОНИ БЕҲТАРИН МУБОРАК БОД!

Имрӯз яке аз олимони шинохтаи Тоҷикистон, ходими пешбари шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир зодрӯз доранд. Ҳайати олимон ва кормандони ИИГ АМИТ Абдулназарзода Абдулназарро бо мелоди умрашон сидқан шодбош гуфта, барояшон дар марҳалаи муҳими зиндагӣ бурдборҳои беназир ва фатҳи қуллаҳои баландтарин дар ҷодаи илм ва сиёсат таманно намуда, хоҳони онанд, ки зиндагии номбурда пур аз шодиву нишот буда, саломатии беҳамто ва оромиву осудагӣ ҳамқадамаш бошад. Бигузор солҳо монанди чашмаи пок бо гузашти замон зиндагиашонро беҳтару тозатару зулолтар намуда, бурдбориҳо ва муваффақиятҳои бепоёнро насиби рӯзгорашон гардонанд. Умедворем, ки фаъолияти илмиву сиёсӣ боиси сархушиву фахр ва афзудани таҷрибаву истеъдодҳои навин дар зиндагиашон гардад.  

Сарбаландӣ ва комёбиҳо ёратон бод устоди гиромӣ!