wrapper

Азорабекова Ш. ходими калони илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ

ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.

 

Мубрамияти  илм - омили рушди кишвар

     Дар пешрафти рушди кишварҳои мухталифи чаҳон, тараққиёти илм нақши бузург дорад ва давлати Тоҷикистон низ аз ин истисно нест. Қайд кардан лозим аст, ки Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои миллат, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватанамон, тамоми кӯшишро баҳри беҳдошти соҳаи илму маориф равона намуда дар ин ҷода барномаҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд ва давра ба давра амалӣ шуда истодаанд.

    Роҳбари давлат, пайваста бо аҳли зиё мулоқот доир намуда, барои пешрафту тараққиёти ин соҳаи ҳаётан муҳим тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Бахусус, мулоқоте, ки 30-майи соли 2024 бо донишмандону олимон баргузор гардид дар пешрафти минбаъдаи кулли соҳаҳои илм такони ҷиддӣ дод. Дар мулоқоти мазкур роҳи тайнамудаи илм, муваффақият ва камбудиҳои ин соҳа, тайёр намудани мутахассисон ҷавобгу ба талаботи замони муосир, фаъолияти олимон дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба таври мушаххас барассӣ гардиданд.

    Мусаллам аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ инсоният ҳарчи бештар дарк намуда истодааст, ки илм барои тараққӣ додани маориф, фарҳанг, тиб, экология, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳо нақши калидӣ дорад, зеро ки асоси ҳама гуна пешрафтҳои техника ва технологияи нав олимон ва тадқиқотҳои илмии ба замони муосир ҷавобгӯ ба ҳисоб мераванд. Дар мулоқот ба ин масъала диққати махсус равона гардида, роҳбари кишвар қайд намуданд: «… Хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошад».

    Пешрафту тараққиёти илм ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар бевосита таъсир расонда, тадқиқотҳои илмие, ки дар АМИТ, институтҳо, пажӯишгоҳҳо ва дигар зерсохторҳо гузаронда мешаванд, ба бунёд намудан ва такмил додани соҳаҳои нави саноат, ҳамчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз байн бурдани бегонапарастӣ, метавонанд таъсири мусбӣ расонанд.

    Тадқиқотҳои олимони тоҷик, ки тамоми соҳаҳои илмро дар кишвар фарогир ҳастанд, бояд ба стандарти илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд, то ки, дар пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи одамон мусоидат намоянд. Рушди илм, дар замони ҷаҳонишавии босуръат яке аз шартҳои муҳими кишварамон буда, олимон набояд ба сустшавӣ ва ақиб мондани он аз пешрафтҳои технологии ҷаҳонӣ роҳ диҳанд, зеро  ин беаҳамиятӣ метавонад ба оқибатҳои хеле ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад.

    Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар ҷаҳон, мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавиӣ ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ, ки бевосита ба тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон таъсир мерасонад, яке аз масъалаҳои мубрам ва таҳқиқталаби соҳаҳои мухталифи илм ба шумор меравад. Масъалаи мазкур, олимони кишварро водор месозад, ки дар асоси тадқиқотҳои илмӣ фикру андешаҳои хешро баён намуда, роҳҳои мутобиқшавӣ ва сироятнопазирии инсонро дар давраи гармшавии ғайримуқаррарӣ ҷустуҷӯ намоянд. Дар доираи ин масъала, ки мушкилоти умумибашарист, шояд, ҳамкории байнисоҳавии олимони кишвар, ҳамчунин, тартиб додани лоҳиаҳо дар ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ хеле бамаврид мебошад.

    «Имкониятҳои васеи кишвари мо дар самти рушди саноати дорусозӣ, сайёҳии табобатӣ, бахусус пандемияи КОВИД-19 моро бори дигар водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, ба масъалаҳои инсон ва саломатии ӯ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем».

    Бояд тазаккур дод, ки аҷдодони тамаддунофар ва фарҳангсолори миллати тоҷик аз замонҳои хеле қадим бо табиат ҳамбастагии ногусастанӣ доштанд ва дар ҳифзи он чораҷӯӣ ҳам мекардаанд. Ҳамчунин кӯшиш мекардаанд, ки бемориҳои гуногунро бо истифода аз гиёҳои дармонбахши хоси маҳал шифоҳ бахшанд ва дар баробари ин, соҳиби таҷрибаи бузург гаштанд.

    Албатта, маълумоти олимони соҳаи мардумшиносӣ дар асоси маводи шифоӣ перомуни анъана, боварҳо ва тибби мардумӣ ҷамъоварӣ гардида, аз ҷиҳати илмӣ пурра асоснок нашудаанд. Аз ин лиҳоз, шояд вақти он расидааст, ки таҷрибаи аҷдодии пешиниён мавриди таҳқиқу таҳлили илмии муштараки олимони соҳаҳои этнография, этноботаника, экология, химия ва тиб қарор гирад ва натиҷаҳояшон дар саноати дорусозӣ истифода бурда шаванд. Тадқиқотҳои олимони соҳаи экология, дар ҳифзи муҳити зист, дар  барпо кардани ҷомеаи тоза ва устувор, барои ҳаёти солиму бехатари инсон, хеле муҳим мебошанд.

    Илм, қувваи тавоно буда, ба ҳифзи таърихи бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ, аз байн бурдани хурофот ва бегонапарастӣ, қодир аст, таъсири мусбӣ расонад.

    Хулоса: Дар мулоқот Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафт ва рушди кишвар ба олимон ва донишмандон бовариашонро изҳор дошта, қайд намуданд: «Бовар дорам, ки шумо-олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам- бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед».

    Барои рушд додани тадқиқоти пурсамари илмӣ тамоми қувва ва кӯшишу ғайратро ба кор бурдан лозим аст.