wrapper

27.07.2024

ҲАШАР: МУҶИЗАҲО ДАСТАҶАМЪОНА ОФАРИДА МЕШАВАНД.

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ имрӯз ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳашари дастаҷамъона ба тоза кардани саҳни қафо ва пеши бино, тоза кардани гулзорҳо аз алафҳои бегона ва об додани гулу дарахтони ҳавлӣ равона шуда буд. Сарфи назар аз он, ки ошёнаи якуми бинои ИИГ АМИТ дар ҳолати таъмири пурра қарор дорад, баъди ҳашари дастаҷамъонаи кормандон саҳни берунаи бино комилан тағйир ёфта, фазои тозаву одзодаи он фараҳбахш метобад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ – калиди муваффақиятанд”.