wrapper

Ризвоншоева Нуринисо – ходими илмии

шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ

 

Вақти он расидааст, ки…

 

       Мулоқоти имсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба таҳлили ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ва корҳои анҷомдодаи илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бахшида шуда буд.

     Имрўз ҳатто ноогоҳтарин фарди ҷомеаи мо наметавонад гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба илм ҳамчун ба яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва ба олимон ҳамчун ба захираи бузурги зеҳнии ҷомеа муносибат надораду барои пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё наменамояд. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола бо дарназардошти мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра дастгирӣ менамояд. Албатта, анҷом додани ин иқдом аз Ҳукумати мамлакат саъю  талоши зиёд, заҳмат ва хароҷоти бузургро талаб мекунад [1] ва дар суханронии Пешвои миллат ин нуқта бо далелҳои омории аниқ таъкиду баррасӣ гардиданд, ки дар ҳақиқат муассиркунандаанд.

       Воқеан «… аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд». Акнун тақозои замон чунин аст, ки аз ҷониб худ олимон бояд «… барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд» [1].

      Агар чунин як уҳдадории бузург бар зиммаи олимон гузошта шуд бошад, оё ҷомеи илмии имрўза, дар марҳили навин аз уҳдаи он баромада истодааст? Барои иҷрои чунин вазифаҳо неруи пурқудрати илмӣ ва сафи мазбути олимоне, ки сарсупурди илманд, ҳаётан муҳим аст. Пас, дар партави иҷроиши ин иқдомҳо шумораи умумии олимони тоҷик, ки танҳо бо илми соҳавии худ сару кор доранд, чи қадар бошад? Мутаассифона мо аз ягон омор маълумоти дақиқро пайдо карда натвонистем, ки дар ҳудуди кишвар чи қадар олим сирф ба корҳои илмӣ машғуланд?

       Нуқтаи дигар он аст, ки дар замони муосир олим гуфта, мо киро дар назар дорем? Мувофиқи таърифи луғатномаҳо «олим шахсе, ки таҳсилоти махсус гирифта, бо фаъолияти илмӣ ё илмию педагогӣ бо камоли касбӣ машгул аст» [3]. Имрўз дар ҷомеаи мо нишондиҳанди олим ин соҳиб будан ба унвони илмӣ –номзади илм, доктори илм, доктор PhD ва зинаҳои минбаъдаи онҳоянд. Инчунин нишондиҳанди олим ин соҳиб будан ба унвонҳои илмӣ –дотсент, профессор, академик аст.

       Аз назари оммаи васеи мардум олим соҳиби як қатор махсусиятҳост, аз он ҷумла олим - ин пеш аз ҳама шахси доно, донишманд ва дорои маълумоти олии хеле босифат аст. Олим шахсест, ки ба нафъи ҷомеа тариқи илм фаъолият дорад ва аз оммаи васеи халқ бо заковату дониши худ куллан фарқ дорад. Олим шахсест, ки дар як ё якчанд соҳаи илм мумайизи баландихтисос аст. Ин тавсифи хеле фишурдаи олим аз назари умум аст.

       Агар ба таърихи башарият назар афканем, худи мафҳуми «олим» ва «илм» роҳи хеле тўлонии рушду тасҳеҳро тай намуданд ва дарки онҳо дар фарҳангҳои мухталиф низ аз ҳам тафовут дошт, вале дар замони муосир як ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст, ки дар мамлакатхои гуногун андешаҳоро дар бораи илм ва олимон ба ҳам овардааст.

       Аз нуқтаи назари илмӣ олими муосир шахсест, ки методологияи илмии иборат аз синтези далелҳои хуб санҷидашударо истифода бурда, тавлид ва санҷиши фарзияҳо, эҷоди назарияҳо ҳамчун далелҳои дараҷаи умумӣ, таҳияи тавсифи илмиро дар пажўҳиши илмии худ сармашқи кор месозад ва натиҷаи кори илмиаш бояд ба фоидаи ҷомеа ва кишваре, ки дар он ҳаёт ба сар мебарад, истифода бурда шавад.

       Пас бар асоси тавсифи дар боло овардашуда саволе ба миён меояд, ки дар ҷомеаи мо оё ҳар як шахси унвони илмӣ дошта сазовори номи олим аст?

      Чанд фисад олимон ба ҷодаи илм танҳо ба хотири дарёфти унвону дараҷаи илмӣ омадаанд? Чаро маҳсули илмии чунин ашхос дар шакли маводи нашргардида ангуштшумор аст?

       Чаро чунин олимон бештар дар миёни ашхосе, ки дар дигар соҳаҳои иҷтимоиву ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд, бештар ба назар мерасанд?

       Чаро имрўз теъдоди ниҳоят зиёди хизматчиёни давлатӣ дорандагон ё унвонҷўёни дараҷаҳои илмианд, вале саҳме дар пешрафти соҳаи худ надоранд? Масълаи марбут ба ин қишри ҷомеа махсусан нигаронкунанда аст. Зеро хизматчии давлатӣ, мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», … мансаби давлатии хидмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст… ва хизматчии давлатии маъмурӣ - хизматчии давлатӣ, ки уҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хидмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст» [2].

       Яъне фаъолияти касбии хидматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.

       Пас омиёнатар карда гўем, хизматчии давлатӣ шахсест, ки мунтазам ба корҳои умуриву идоравӣ ва давлатӣ машғул аст, яъне шахсе, ки дар хизмати давлат аст. Бо назардошти фарогирӣ дар кори давлатӣ, ки бештари вақт рўзи кории бемеъёр доранд, ваколату салоҳиятҳое, ки бар дўшашон ҳастанд, хеле аҷиб аст, ки чунин ашхос, чи тавр фурсати омўзиш, пажўхиш ва таҳияи корҳои илмиро доранд?! Тавъам дар хизмати давлату дар хизмати илм будан оё маъно «хизматгори ду хоҷа» будан нест? Пас ё кори давлатӣ мусоҳилакорона анҷом дода мешавад ё кори илмӣ, ки ҳар дуяшон тамоми қувваю неруи ақлониву равониро талаб мекунанд. Пас оё давлат ба чунин «хизматчӣ» в илм ба чунин «олим» ниёз доранд?

      Бархе  аз ин «хизматчӣ-олимон» дорои унвонҳои дотсенту профессор низ ҳастанд, ҳоло он ки соате барои донишҷўе дарс нагуфтаанд ва ягон таҷрибаи тадриси академӣ надоранд. Ҳоҷати гуфтан аз таҳияи дастурамалу китоби дарсӣ, ки яке аз талаботҳои асосӣ дар ин самтанд, нест. Агар асли воқеа чунин намебуд, имрўз донишкадаву донишгоҳҳо дорои базаи ягонаи ғании китобҳои дарсии баландсифату аз нуқтаи назари илмӣ комил ба забони тоҷикӣ мебуданд ва толибилмон аз онҳо баҳравар мегардиданд.

     Пас рў овардан ба илм аз ҷониби шахсоне, ки дар соҳаҳои дигар машғули фаъолиятанд, дар чист? Оё илм имрўз «чатри эҳтиётӣ» аст, ки дар ҳолати бенасиб гаштан аз кори давлатӣ чунин шахсон метавонанд рў ба илм оранд? Ба илме, ки барои он соатеро сарф накардаанд ва ҳарферо рўи қоғаз наовардаанд?

       Шояд вақти он омадааст, ки ба қадри дастгириву ғамхорӣ дар соҳаи илму маориф, ки аз ҷониби давлат мунтазам амалӣ мегардад, расид?

       Шояд вақти он расидааст, ки унвону дараҷаҳои илмӣ қадру манзалате, ки бояд дошта бошанд, воқеан соҳиб гарданд?

       Шояд вақти он расидааст, ки сохтори мустақиме оиди назорату танзими ин раванди илм таъсис дода шаваду пеши роҳи ашхоси тасодуфӣ ба илми тоҷик баста шавад?

       Шояд он гоҳ ба майдони илми тоҷик ашхосе ба мисли Бобоҷон Ғафурову Баҳодур Искандаров ва даҳҳо бузургони дигари илми тоҷик оянду номбардори миллат гарданд?!

       Шояд вақти он расидааст, ки аз дидану шунидани «олиме» ботаассуф нагўем, ки «Э вой, хонаи илм сўхт!» …

 

Сарчашмаҳо:

  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар / Source: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30.05.2024.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» / www. https: //majmilli.tj › қонуни- Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ».
  3. Новая философская энциклопедия. В 4 тт. / Под редакцией В. С. Стёпина. - М.: Мысль, 2001.