КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ
Тайи ду ҳафтаи моҳи июли соли ҷорӣ дар бинои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъмири ошёнаи якум амалӣ шуда истодааст. Корҳои ободонӣ таъмири толори Шурои диссертатсионии назди ИИГ АМИТ, роҳрав, саҳни дохилӣ ва берунаи даромадгоҳи биноро дар бар мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки чунин корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо дастгирии доимии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатӣ дар ВМКБ, хоса дастгирии ҳамешагии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки барои таъмири ошёнаи якуми бино зиёда аз 150 000 сомонӣ ҷудо гардида, дар баробари таъмир маблағ барои таъмин намудани толори Шурои диссертатсионӣ бо таҷҳизоти муосир ҷудо гардидааст.
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ва ҳамаи кормандони он аз дастгириҳои ҳамешагии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва МҲИД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миннатдор буда, сиёсати солиму хирадмандонаи Ҳукумати давлати Тоҷикистон ва зерсохторҳои онро комилан дуруст арзёбӣ намуда, бе шубҳа боварӣ бар он доранд, ки бо чунин иқдомоти пешгирифта соҳаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус, соҳаи илм ва маориф бо суръат рушд хоҳанд кард.