М. Имомназаров – ходими илмии
шуъбаи адабиёт ва фолклори Бадахшони
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
САМАРАБАХШИИ НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ АЗ
ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Ба туфайли пешрафти босуръати илму технологияи муосир инсоният на танҳо ҳар рӯз, балки ҳар дам ба кашфиёту навовариҳои зиёд ноил шуда, аз як унсур ё партов чизҳои барои ҳама лозиму қиматнок меофарад. Шояд дар гузашта номумкин буду барои худ фасона фаҳмидем, ки одам аз як сайёра ба сайёраи дигар сайёҳат хоҳад карду зиндагиро дар Моҳ ё Миррих интихоб менамояд, ё худи мошин, киштиву тайёра рӯзе мерасад, ки аз як қитъа то қитъаи дигар бе ронандаву сарнишин ҳаракат карда, ҳар гуна кору амалиётро анҷом медиҳанд ва ё мушаки фаросавтии истеҳсоли кишваре бо суръати то 28 мах, яъне 28 маротиба аз овози муқаррарӣ тезтар парвоз менамояд.
Аммо, ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои илму технологияи муосир буда, маҳз бо ранҷу заҳмати шабонарӯзии олимону муҳандисон ва ихтироъкорони олам рӯи даст омада истодаанд. Яъне, барои олими боамал шудан ҷаҳонбинии васеъ, тадқиқоту таҷрибаҳои чандинсола, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто асрҳо лозим омада, ғайр аз моддиёт, шароиту имкониятҳои дигар иродаи қавӣ, устуворию истодагарӣ дар кору мақсад ва албатта, худфидокунӣ баҳри ин амали шоиста зарур аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар махсус таъкид намуданд, ки "Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст...
Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд".
Аз гуфтаҳои Роҳбари давлат бармеояд, ки дар замони муосир танҳо он давлатҳои соҳибихтиёр мавҷудияту ҳастии худро таҳким мебахшанд, ки агар нерӯи ояндасозашон соҳибилму босавод ва иқтидори бузурги ақлониву зеҳнӣ дошта бошанд.
Аммо паҳлӯи асосии масъала ба камолот расондану худтакомулдиҳии чунин наслҳо аст ва он албатта, дар навбати аввал аз оилаву мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо маншаъ мегирад.
Сараввал, дар мактабу донишкадаву донишгоҳҳо сифати таҳсилу таълим на барои аломату ишора, балки воқеан барои ояндабинӣ ва рушду пешрафти муҳассилон бояд бардошта шавад ва ин ишораи Президенти мамлакат ҳақиқати раднопазир аст:
"Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд".
Ғайр аз ин, хонандагони макотиб аз кабинетҳои фаннӣ аз рӯи фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ, физикаю химия, асосҳои техникаи компютерӣ ва ғайра бояд самаровар баҳра гиранду дар ин кор пеш аз ҳама омӯзгоронро зарур аст, то на танҳо тавассути дарсҳои назариявӣ, балки дар амалия ҳам шавқу завқи толибилмонро боло бардоранд.
Ҳамин гуна, дар донишкадаву донишгоҳҳо низ ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла лабораторияҳо, паркҳои технологӣ, утоқҳои забономӯзӣ амалан бояд барои илму донишомӯзӣ истифода шаванд ва устодон чун машъалафрӯзони илму маърифат шогирдони ворастаю комилро барои ояндаи дурахшони давлату миллат омода созанд. Сарвари давлат беҳуда таъкид накардаанд, ки "яке аз авлавиятҳои илми донишгоҳӣ дар он аст, ки омӯзгор ба ҳайси муҳаққиқ барои дар амалияи таълимӣ татбиқ гардидани коркардҳои назариявӣ ва натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ имкони бештар дорад. Яъне ӯ метавонад дар радифи донишҳои назариявӣ таваҷҷуҳи шогирдони худро ба дониши амалӣ ҷалб намояд".
Пӯшида нест, ки дар идораву ташкилот ва муассисаҳои зиёд баъзан ҷавононе ҳам ба кору фаъолият ҷалб мешаванд, ки умуман нисбати ин ё он кор ва касбу ихтисоси хеш маълумоти кофӣ надошта, гоҳҳо худашон ҳам иқрор мешаванд, ки бо "иродаи падару модар" ё ваҷҳи дигаре пешаеро интихоб намудаанду нисбати ихтисосашон “майлу рағбати комил надоранд” ва чунин баҳонаковии эшон, албатта, бо ин низ маҳдуд намешавад.
Ба қавли Роҳбари давлат: «… идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад».
Бинобар ин, муассисаҳои илмиву таълимӣ, омӯзгорону волидон нисбати омӯзиш, донишандӯзӣ ва балоғати шахсияти наслҳои ояндасоз набояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунанд, то имкониятҳои фароҳамовардашудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барабас нарафта, масъала беш аз пеш бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор гирад.
"Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд"- иброз намуданд Пешвои миллат.
Аз ин рӯ, наслҳои ояндасоз ва устодону волидонашон нисбати шароиту имкониятҳои фароҳамовардашудаи давлат ва Ҳукумати кишвар набояд назарногир бошанд, ҳамаи ғамхориҳоро дар тарозуи ақл бисанҷанд ва дар ҷавоб беҳтарин кӯшишҳоро баҳри таҳкими донишандӯзӣ бояд ба харҷ диҳанд.
Ба қавли Роҳбари давлат: "Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест".
Бо ҳарфи возеҳ, дар марҳилаи ҳозира ҳалқаи илми мамлакат бо истеҳсолот пайваст набуда, ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Инчунин, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ самараи дилхоҳ надода, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмиву навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Дар мулоқот ҳамзамон ба таври хосса таъкид шуд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.
"Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем"- тавзеҳ доданд Роҳбари давлат.
Ногуфта намонад, ки агар дар интихобу қабули довталабон ба муассисаҳои илмиву таълимӣ танҳо бо мақсади ғанӣ гардондани буҷаи ин ё он муассиса, ё дар раванди таълиму омӯзиш кору фаъолият бо кадрҳои илмӣ бо усули «фармоишӣ» таълиму омӯзиш сурат гирад, аз чунин тасмимгирӣ набояд пайванди илм бо истеҳсолотро интизор шуд.Чуноне ки Сарвари мамлакат дар масъалаи унвонҷӯён эрод гирифтанд: «Боиси нигаронист, ки як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд".
Камбудии дигари аксари аҳли илмро Президенти кишвар дар он гуфтанд, ки ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
Хулоса, аз камбудиву норасогӣ ва эродҳои мавҷуда дар соҳаи илму маориф набояд ранҷид, ҳаросе дошт ё канорагирӣ кард, зеро на ҳамаи онҳо дар ҷойи холӣ арзи ҳастӣ намуданд. Баҳри ислоҳи онҳо чун фарзандони содиқ ба меҳан камари ҳиммат бояд баст, ба андозае саъйю талош кард, то аз натиҷаи тадқиқоту кашфиёти илми тоҷик ҷаҳониён баҳравар гарданд ва тоҷикистониён бошад, воқеан ифтихорманд шаванд.