wrapper

Шоинбеков А. А. - Мудири шуъбаи бостоншиносӣ

ва мардумшиносии ИИГ ба номи

академик Б. Искандарови АМИТ

 ИЛМ ВА ҶОМЕА ДАР МАРҲИЛАҲОИ ТАЪРИХӢ

       Ҳар як нуқтаи паёму суханрониҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чандин паҳлуҳо ва маъноҳо дорад, ки баҳри ҳар яки мо ҳамчун дастуру раҳнамо барои дар оянда роҳи дурусти амиқро ёфтан мусоидат мекунад.

       Чуноне аз мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (аз 30- майи соли 2024) бармеояд, дар ҳама давру замон илм ва ҷомеа бо ҳам тавҳаманд. Илм бе ҷомеа шудан наметавонаду ҷомеа бе илм. Илм бояд дар ҳар марҳилаҳои таърихӣ ба ҷомеа хизмат кунад, ҷомеаро рушд диҳад ва ҷомеа аз илм баҳра бигирад.

       Олимони муосири тоҷик низ бояд дар ин марҳилаи таърихию тақдирсози Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро дар рушди ҷомеа гузоранд, чуноне ки  Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Э. Раҳмон дар суханрониашон қайд намудаанд: “Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад”.

       Мо низ такя ба ин суханҳо карда мақолаи баррасӣ намудаамонро ба ду бахш тақсим кардааем. Дар бахши якум, назари хеле кӯтоҳе ба таърихи илми тоҷик намуда бо овардани як ду мисол аз давраи асрҳои миёна, давраи Шӯравӣ ва солҳои Истиқлолият, фарқиятҳои ин марҳилаҳои таърихиро бо ҳам муқоиса мекунем. Дар бахши дуюм, дар мисоли илмҳои мардумнигорӣ (этнография) ва мардумшиносӣ (этнология) баъзе фикру андешаҳои хешро баён мекунем, ки мо олимони ҷомеашинос бо ҷомеа бояд чӣ гуна робита дошта бошем.

       Агар ба таърихи илми тоҷик назар андозем, илми тоҷик чор марҳилаи таърихиро аз сар гузаронидааст. Якум, давраи қадим - то давраи исломӣ. Дуюм, давраи асрҳои миёна - давраи исломӣ. Сеюм, давраи нав - давраи Шӯравӣ. Чорум, давраи навтарин солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар як ин марҳилаҳо вобаста ба давру замон, авзои сиёсӣ, динӣ фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд.

       Ва агар ҳамаи ин чор марҳилаи таърихиро дар таърихи илми тоҷик гирем, дар ҳар марҳила ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дида мешаванд. Масалан, дар асрҳои миёна аз як тараф маъруфтарин нобиғаҳои илм энсиклопедистони форсу-тоҷик маҳз дар ҳамин давру замон  ба майдони илм омадаанд ва маъруфи ҷаҳон гаштанд. Вале аз тарафи дигар асрҳои миёна як давраи ҷоҳилият, давраи таъқибу куштори олимону донишмандон буд.

       Дар давраи Шӯравӣ низ аз як тараф чандин олимон ба таъқиботҳои солҳои сиюм дучор шуданд, маҳдудиятҳои зиёди сунъии идеологию-сиёсӣ  падид омаданд. Вале аз тарафи дигар давлати абарқудрати Шӯравӣ ба олимон шароити хеле хуб фароҳам овард. Давраи Шӯравӣ давраи гулгулшукуфии чандин илмҳо буд. Олимони маъруфи гуногунсоҳаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон ба бисёр илмҳо бунёд гузошта бо фароҳам омадани шароит (амалӣ сохтани инқилоби маданӣ) аз миёни тоҷикон чандин касон, ки ташнаи илму дониш буданд, вориди илм гашта на фақат дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он ҳам маъруф гаштанд. Масалан, дар илми таърих аллома Б. Ғафуров ва академик Б. Искандаровро мисол оварем кофист.

       Агар ба таърихи илм дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аҳволи ходимони илмӣ ва ваъзияти Академияи илмҳо хеле баду ногувор гашт. Ҳатто хатари аз байнравии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба миён омад. Вале маҳз бо талошу заҳматҳо, ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо на фақат ба Ваҳдати миллӣ шарафёб гаштем, балки марҳила ба марҳила ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ гузашта, барои пешрафти минбаъдаи Академияи миллӣ шароити мусоид фароҳам омад.

       Дар рӯзҳою солҳои аввал[1] ва солҳои минбаъдаи истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон муассисаҳои илму маориф таъсис дода шуданд. Чуноне, ки Пешвои миллат дар суханрониашон ин рақамҳоро нишон додааст: “ То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст...... Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад”.  Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол новобаста ба мушкилотҳои зиёд ба рушди илму маориф дикқати хосса дода истодааст. Вале чуноне, ки аз таҳлилҳои дақиқу эродҳои амиқи Ҷаноби Олӣ бармеояд.... “бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест”.

       Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Э. Раҳмон бармеояд, ки дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вазъи дутарафаи илм дида мешавад, яъне аз як тараф барои олимон шароити хуб фароҳам омада истодаасту аз тарафи дигар бошад дар миёни олимон асардуздӣ асар кардаст.

       Мо дар ин ҷо ба олимони ҷавон ишора карда гуфтанием, ки Давлати Шӯравӣ яке аз давлатҳои абарқудраттарин буд, вале, агар шароити кории олимони он давраро бо шароити кории олимони имрўза муқоиса кунем тафовутҳои хеле зиёд дида мешавад. Муҳимтарин фарқият ин буд, ки олимони тоҷик мустақилият надоштанд, побанди Академияи илмҳои СССР (ИҶШС) буданд. Хусусиятҳои хоси миллии тоҷикон кам ба назар гирифта мешуд. Бинобар ин дар замони Шӯравӣ аввалан, вориди илм гаштан хеле душвор буд. Дуюм, касе ки корҳои илмӣ тадқиқотӣ мебурд бисёр меҳнату заҳмати калон ба харҷ медод. Ман фақат як мисол дар соҳаи илми таърих меорам. Барои маводи бойгонӣ ё адабиёти зарурӣ ба даст овардан олимони тоҷик маҷбур мешуданд, ки ба бойгониҳою китобхонаҳои шаҳрҳои Тошканд, Москва, Ленинград ва ғайра рафта маводи зарруриашонро  ёфта аз он нуқтаҳои ассосиро бо ручкаю қалам барои худ дар қоғаз қайд карда, картотекаҳои бешумор тартиб дода баъдан онро дар мошини чопӣ ба тартибу низоми илмӣ дароварда, чандин маротиба онро гаштаю баргашта ислоҳ карда, таҳлилу таҳрир карда, баъд рисолаи номзадии худро пешниҳод мекарданд.

       Он вақт номзади илм шудан осон набуд. Номзади илм шудан маънои онро дошт, ки худро қурбони илм мекунӣ, аз худ мегузарӣ. Ҳамаи ин мушкилотҳою машаққатҳои рӯ ба сӯи илмро академик Б. Искандаров дар китоби худ “Трудный путь к знание” (М.: 1999), “Раҳи мушкил ба илм” хеле хуб нишон додааст. Ва ман ба тамоми кормандони соҳаи илм тавсия мекунам, ки ин китобро хонанд, дарк кунанд, ки то кадом дараҷа дар замони Шӯравӣ корҳои илмӣ, тадқиқотиро анҷом додан мушкил буд.

       Дар замони Шӯравӣ дар баробари ин ба шаҳрҳои Москва, Ленинград ва ғайра рафта ҳимоя кардан ҳам кори хеле вазнину душвор буд. Барои ҳалли ин мушкилот дар худи Тоҷикистон “Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ” ташкил карда шуд, чуноне ки мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ дар суханронии хеш кайд намудааст:  Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд. Ҳозир дар ватани худ, ҳатто дар вилояти худ метавонанд бо забони тоҷикӣ дар баъзе илмҳои ҷомеашиносӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намоянд.

       Ҳадаф аз ин муқоисаҳою гуфтаниҳо он аст, ки дар ин давраи дастрасии васеъ ба маводи илмӣ ва адабиёти илмӣ, асардуздӣ  бояд набошад, сифату мазмуну мундариҷаи рисолаҳои илмӣ ба талабот ҷавобгӯ бошанд, чуноне ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намудааст ....”таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад. Мӯҳтарам Ҷаноби олӣ дар идомаи сухани худ чунин ибрози ақида намудааст: ...ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.... Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест”.

       Ҳақиқатан ҳам бояд иқрор шавем, ки мутаассифона раванди робитаи илм бо истеҳсолот илм бо ҷомеа хеле заиф аст. Барои ҳамин бахши дуюми мақолаамонро ба ин масъала мебахшем. Ҳатто дар илмҳои ҷомеашиносӣ робитаи олимони ҷомеъашинос бо ҷомеа ба талабот ҷавобгӯ нест. Олимони ҷомеашинос бояд ҳамеша дар миёни мардум бошанд ва дар робитаи зич бо ҷомеа фаъолият намоянд. Ҷомеа аз онҳою онҳо аз ҷомеа наъф гиранд.

       Ман аз миёни фанҳои ҷомеашиносӣ фақат як мисол, дар мисоли илмҳои этнография, этнология ва антропология мебиёрам. Фолклоршинос профессор Равшан Раҳмонӣ вобаста ба вазифаҳои ин фанҳо номи ин фанҳоро ба забони тоҷикӣ хеле хуб тарҷума кардааст. Тибқи тарҷумаи ӯ этнография ин мардумнигорӣ, этнология - мардумшиносӣ ва антропология-инсоншиносӣ  мебошад. Дар кишварҳои хориҷ бахусус дар давлатҳои англисизабон антропология мафҳуми хеле васеи ҷомеашиносиро ифода мекунад, бинобар ин антропологияро монда фақат як мисол дар доираи мардумнигорӣ ва мардумшиносӣ мебиёрем, ки олимони ин соҳаҳо бояд чӣ гуна бо ҷомеа дар иртибот бошанд. Аз худи ному мафҳуму вазифаи ин ду фан (мардумнигорӣ ва мардумшиносӣ) бармеояд, ки мо бояд бо мардум робитаи зич дошта бошем. Вазифаи илми мардумнигорӣ ин нигориш- тасвири (описать) мардум мебошад. Яъне сода карда гӯем, олими ин соҳа мардуми ин ё он минтақаро объекти тадқиқотии худ қарор дода чизеро ки бо чашми худ мебинад, бо гӯши худ мешунавад дурустии онро санҷида онро ба қайд мегирад. Яъне ӯ бевосита дар объекти тадқиқотии худ дар миёни мардум зиндагӣ мекунад, ё муваққатӣ дар он ҷо корҳои илмӣ тадқиқотӣ анҷом медиҳад, ё ин ки вақт ба вақт ба пеши мардум рафта ҳаёту рӯзгори онҳоро бевосита мушоҳида мекунад, меомӯзад, маводи шифоҳӣ-этнографӣ ҷамъ меорад ва ба қайд мегирад. Хулоса, вай дар ин марҳила бо рафтору кирдори хоси худ (эҳтиром ба фарҳанги мардуме, ки онро ҳамчун объекти тадқиқотиаш қарор додааст) ба боварии мардум медарояд ва аз миёни мардум мавод ҷамъ мекунад. Дар ин марҳила олим ба маълумоти мардум эҳтиёҷи сахт дорад, зеро чизеро ки мардум медонад ӯ намедонад. Дар ин марҳила (ҳангоми ҷамъ овардани маводи шифоҳӣ) мардум ба ӯ маълумоти зиёд медиҳанд ва ин маълумот моли мардум аст. Вале як хусусияти хоси мардум ин аст, ки онҳо дар ҳаёти рӯзмарраи худ вобаста ба тасаввурот, таъбиру боварҳо ва эътиқод чандин расму оинҳо анҷом медиҳанд, вале аксарияти мавридҳо барои чӣ онро анҷом медиҳанд, намедонанд. Бинобар ин, онҳо дар ин маврид ба кӯмаки олим эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Олими мардумнигор ин моли мардумро  ҷамъ оварда дар утоқи кории худ ба марҳилаи дуюми тадқиқоти худ шурӯъ мекунад. Ӯ маълумотҳои ҷамъовардаи шифоҳии худро ба тартибу низоми илмӣ медарорад, дар муқоиса бо дигар халқҳо ва адабиёти нашршуда онро ҳама тарафа пурра такмил медиҳад, таҳлилу таҳқиқ мекунад ва сабабҳои иҷро кардани ҳар як расму оинҳоро муайян мекунад. Бинобар ин, ба фикрам хеле хуб мешуд, ки олими мардумнигор аввал, натиҷаҳои тадқиқотии илмии худро дар шакли китоби илмӣ- оммавӣ ва ҳатто оммавӣ дастраси ҷомеа гардонад, то ки вақти зарури аз даст нараваду талаботи мардумро қонеъ гардонад. Мардум аз тадқиқоти олими мардумнигор дар вақташ огоҳӣ ёфта аз натиҷаҳои тадқиқотии ӯ наъф-фоида мегирад. Мардум аз тадқиқоти олими мардумнигор хусусиятҳои хосу умумиятҳо, решаю сабабҳои пайдоиши ин ё он расму оини худро мефаҳманд ва ба хулоса мебиёянд, ки онро иҷро кунанд ё не. Ё онро ба талаботи замон мувофиқ кунанд. Агар олим дар вақташ ин корро анҷом диҳад, робитаи ӯ бо ҷомеа пайдо мешавад ва мардум ӯро эътирофу ҳурмату эътиром мекунанд. Вале мусаалам аст, ки дар доираи илм бо нашри мақолаҳо ва китобҳои оммавӣ ӯро эътироф намекунанд. Бинобар ин олими мардумнигор (этнограф) дар марҳилаи дуюми тадқиқотиаш ҳамчун мардумшинос (этнолог) амал карда барои ҳимояи рисолаи номзадӣ, нашри мақолаҳо, китобу монография вақти зиёдро (чандин солҳо) сарф карда дар доираи маҳдуди олимони соҳааш эътироф пайдо мекунад, вале аз мардум дур мемонад. Тадқиқоти илмиаш дар шакли илмӣ мақбули мардум намегардад. Бинобар ин, баъзан мардумшинос, вале ба маънои томаш мардумро намешиносанд ва мардум ҳам онҳоро намешиносанд. Ё ин ки забоншиносону фолклоршиносон ва умуман аксарияти олимони ҷомеашинос дар миёни илму мардум саргум мемонанд.

       Бинобар ин, аз гуфтаҳои фавқулзикр ба хулоса меоем, ки ҳар як олими ҷомеашинос бояд корреро анҷом диҳад, ки ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар доираи олимони соҳаи худ ҷойу мавқеи муайян  ишғол намояд.