Варқа Охонниёзов
МАН
БА БАЛАНДҲИММАТИИ ИН ШАХС ҲАСАД МЕБАРАМ
Қаландариён Ҳоким Сафар аз ангуштшумор афроде дар зиндагии ман мебошад, ки ҳамеша дар хаёл ва дуоҳои ман ҳастанд, ба ин маъно, ки ҳамеша дил мехоҳад онҳоро бинад ва агар набинад ҳам, тасаввур кунад, ки онҳо дар қатори ман ва ҳамроҳи ман ҳастанд. Ба як сухан, ӯ узви хонавода ва ҷузви ҳаёти ман аст. Ман низ узви хонаводаи ӯ будам ва ҳастам, зеро падари меҳрубонаш Сафарбек Қазақов бар ман, ба маънои аслиаш, ҳаққи устодӣ доштанд. Аввалан, Сафарбек барои каминаи камтарин адабиёти тоҷикро ба ҳангоми таҳсилам дар мактаби миёна тадрис мекард ва дуюм, он шахси бузургдил барои ман чун устоди шоҳмот муаммоҳои ин бозии шоҳонаро меомӯхт. Албатта, ман дар ҷодаи шоҳмот ба ҷуз аз бозиҳои алоҳида дар сатҳи ноҳияву вилоят ва баъдтар дар Донишгоҳ, пешрафте накардам, вале муҳим ин буд, ки он марди шариф ба маҳорати ман бовар дошт ва ҳар чӣ аз олами шоҳмот медонист, бароям омӯхт. Ман мафтуни тадрис ва дилдодаи маҳорати ӯ будам.
Воқеъан, хонаводаи Ҳоким дар миёни мардум аз хонаводаҳои сазовори эҳтиром буд ва ҳаст, зеро қиблагоҳашон, чунон ки зикри хайрашро кардам, аз пешқадамтарин омӯзгорони диёр маҳсуб мешуд. Ӯро хурду калон ҳурмати зиёд мекарданд ва дар кашфи бисёре аз маънову мазмуни ашъори дар миёни мардум роиҷбуда ба вай муроҷиат мекарданд. Кулли суннату маросими мардуми Кӯҳистон саршор аз дуо, шеър ва ривояту қиссаҳо ба забони ноби тоҷикӣ мебошад ва аз ин сабаб, одамони башуморе буданд, ки ба ҳангоми иҷрои ин суннатҳо мафҳуми ин ё он шеъру дуову ривоятро ба мардум мекушоданд. Сафарбек барои ҳамин гуна ашхос ба ҳайси як фарҳанг ва як қомус ҳамеша дар хизмат қарор гирифта буд.
Пушти модарии Қаландариён Ҳоким на камтар аз пушти падариаш аст, балки қавитар дар донишу бинишу хизматашон. Модари меҳрубонаш фарзанди бародари Ҷамшед Шанбезода аст, Ҷамшеде, ки як умр сарсупурдаи забони модарӣ ва тамаддуни миллӣ буд. Ҷамшеде, ки барои адабиёти тоҷик зиёда аз 10 маҷмӯаи шеър, саҳеҳтарин Куллиёти ғазалҳои Ҳофиз, осори Эраҷ Мирзо, муҷалладҳои 4-ум ва 6-уми достонҳои дилангези “Ҳазору як шаб” ва ҳамчунон, барои тамаддуни миллӣ шоире чун Ҳайрат Шанбезода ва барои маорифи миллӣ профессоре чун Хусрав Шанбезодаро тақдим намуда буд. Хизматҳои давлативу сиёсии ин шахси накӯном аз ҳадд бешанд ва дар ин бора мақолот ва осоре зиёде ба табъ расидааст ва боз ҳам таҳия хоҳад шуд.
Қаландариён Ҳоким Сафар маҳз дар чунин муҳит тарбият ёфт ва аз чунин фарҳанг ғизо гирифт. Натанҳо ӯ, балки ҳамаи фарзандони ин хонавода дар чунин фазо ба камол расиданд ва ба фикри ин ҷониб, дар баробари падар, ки тимсоли хазинаи маърифат барояш маҳсуб меёфт, барои Ҳокими ҷавон бародараш Тоҳир Қаландаров улгӯи зиндагӣ ва намунаи сарсупурдагӣ дар роҳи илм буд ва мемонад. Тоҳир Қаландаров имрӯз аз пешқадамтарин олимони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад, ки таърих ва фарҳанги миллиамонро барои ин кишвари сермиллат ва гуногунтамаддун муаррифӣ менамояд.
Агарчи замони таҳсил дар мактаби миёна барои Қаландариён Ҳоким ба оромтарин даврони Шӯравӣ рост омада бошад, вале даврони донишҷӯӣ ва нахустин солҳои пажӯҳиш барояш осон даст надод. Ӯ дар замоне ба Донишгоҳ дохил шуд ва онро хатм кард, ки дар мамлакат яъсу ноумедӣ ҳукмфармо буд. Бовуҷуд, агар хато накунам, Ҳоким ва ҳамсабақонаш аз беҳтарин шогирдони Донишгоҳи давлатии Хоруғ буданд ва имрӯз пешсафтарин шаҳрвандон дар тарғиб ва таҳкими сиёсати ҳадафраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меоянд. Воқеъан, доктор Қаландариён Ҳоким Сафар муовини Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ буда, барои поси Ваҳдат ва Сулҳи Ватан ба тариқи шабонарӯзӣ дар хизмат ба по аст.
Қаландариён Ҳоким олим аст, олиме, ки ба ҳар як масъалаи илм дид ва назари худро дорад. Ӯ олимест, ки пеш аз ҳама аз худ талаб мекунад, аз истеъдоди худ мепурсад, аз дониши худ интиқод мекунад. Ӯ андар пажӯҳиш бо худ ҷадала дорад, бо худ дастбагиребон аст. Тақлидро намеписандад, на дар таҳлил ва на дар таҳқиқ. Ҳар чизе, ки мегӯяду менависад, андеша ва моли шахсии ӯст. Суханро бе далел намегӯяд ва осорро бидуни андешаи нав ва бикр намеофарад. Дар ҷодаи илм ҳам меофарад ва ҳам тарбият мекунад. Дар баробари офариниши осори илмӣ (мавсуф муаллифи 5 рисолаи илмӣ, 160 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва муҳарриру мураттиби маҷмӯаҳои зиёд аст), олим ба омода намудани кадрҳои илмӣ низ иштиғоли ҷиддӣ дорад ва таҳти роҳбарии ӯ қариб 10 нафар шогирдон рисолаҳои номзадӣ ва докториашонро ҳимоя намуда, имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд.
Дар баробари шуғли асосиаш, ки пажӯҳиш аст, ба эҷоди санъати нафис, яъне шеър ҳам мароқ дорад. Дар эҷоди шеър, ки аксар ба забони модарӣ меофарад, низ услуби хосса дорад ва бештар мазмунгаро аст на шаклгаро. Шеъраш ифшогари масъалаҳои фалсафӣ аст, аз ин рӯ барои хотири сабуки хонандаи имрӯз вазнинӣ мекунад.
Мудирияти хуб (менеҷмент) ва роҳбарии дуруст аз малакаҳои модарзод ва албатта, натиҷаи заҳаматҳои мудаввоми Қаландариён Ҳоким маҳсуб мешаванд. Ҳанӯз мудири кафедраи забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозир Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) буданаш, ҳамкорон ва роҳбарони мустақимаш аз малакаи хуби роҳбарии ӯ розӣ буданд. Малакаи мудирияти оқилона ва роҳбарии одилонаи Қаландариён Ҳоким Сафар ҳангоми мудири шуъбаи адабиёт ва баъдтар муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буданаш вирди забонҳо гашт. Инро ба назар гирифта, роҳбарияти Академия ӯро ба вазифаи директори Институти илмҳои гумантарии ба н. Б. Искандарови АМИТ таъйин намуд. Инак панҷуним сол аст, ки доктор Қаландариён Ҳоким Сафар ба ҳайси директори ин муассисаи илмӣ фаъолият дорад.
Институти илмҳои гуманитарӣ зодаи Истиқлоли кишвар аст, зеро он 9-уми сентябри соли 1991 таъсис ёфта буд. Дар муддати зиёда аз сӣ соли фаъолияташ ин Институт корҳои зиёди пажӯҳиширо анҷом дод ва осори зиёди тадқиқотиро рӯи чоп овард. Аммо муболиға нахоҳад шуд, агар гӯям, ки маҳсули илмии панҷ соли охири Институт аз маҳсули бистуҳафтсолаи он ба маротиб зиёд аст. Дар давоми панҷ соли охир зиёда аз бист асари илмӣ дар ҷодаи забон, фолклор, адабиёт, таърих, фалсафа, мардумшиносӣ ва иқтисоди кишвар рӯи ҷоп омада, ҳарсола 5-6 конфронсҳои сатҳи минтақавӣ ва миллӣ баргузор мегарданд. Ходимони Институт ҳамвора дар конфронсҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пухтаи илмӣ ширкат меварзанд ва сазовори эҳтмрому арҷгузорӣ мегарданд. Институти илмҳои гуманитарӣ таҳти роҳбарии Қаландариён Ҳоким Сафар ҳамасола аз пешсафтарин муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дониста мешавад.
Ва билохира, Институти илмҳои гуманитарӣ аз зумраи он муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меояд, ки дар густариш ва таҳкими сиёсати сулҳофару сулҳгустари Пешвои миллат саҳми махсус дорад. Ходимони ин бргоҳи илм пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма баромаду маърӯзаҳоро оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёт ироа менамоянд ва мардумро аз ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар огоҳ месозанд. Худи роҳбари Институт бошад ҳамвора дар миёни мардум ба шарҳу тафсири паём ва муроҷиатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машғул аст ва инро вазифаи пуршарафи худ медонад. Дар баробари ин, қариб ҳар сол бо талош ва зери назари доктор Қаландариён Ҳоким Сафар маҷмӯаҳои суханрониҳо ва паёмҳо, инчунин маҷмӯи мақолаҳои ходимони Институт дар хусуси паёмҳои Пешвои миллат аз чоп мебароянд, ки аз осори саримизии аҳли зиёи Бадахшон маҳсуб мешаванд.
Дар симо ва шахсияти Қаландариён Ҳоким Сафар илму амал, маърифату рафтор ва ҳиммату шикастанафсӣ созгори ҳамдигар омадаанд, ки хоси на ҳар одаму ҳар олим аст. Ӯро ҳасад ба ҷуз аз ба илм, ба чизи дигар нест ва ӯро ҳавас ба ҷуз ба ҳимматбаландӣ, ба чизи дигар набудааст. Ман ба ин хислати фариштагӣ ва ҳиммати ҷавонмардонаи ӯ ҳасад мебарам.
Хизматҳои доктор Қаландариён Ҳоким Сафар барои илму фарҳанг ва бедории тафаккури худшиносии миллӣ кам нестанд. Аз ҷониби дигар, он қудрату истеъдод ва шӯру шавқи хизмате, ки ӯ дорад тамомнашаванда аст ва масуф ҳанӯз имкониятҳои зиёде барои хизмати сазовартару шоистатар ба Ватан ва Миллат дорад.
Устоди азиз Қаландариён Ҳоким Сафар!
Мо барои Шумо, чи дар ҳаёти фардӣ ва чи дар фаъолияти илмиву ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам бурдбориҳо ва натиҷаҳои мондагорро орзу дорем. Шумо чилуҳашт соли дигар доред барои хизмат ба миллату Ватан ва таҳлилу таҳқиқи илм. Умратон бардавом ва шодии умратон бепоён бод!