ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар
ДУШМАН АЗ НАЗАРИ ҚУРЪОН ВА ҚОНУН
Шоири маҳбуби мо Салими Хатлонӣ байте дорад ватандӯстона:
Зи пои адӯ пок бояд Ватан,
Адӯро сар аз тан бояд задан.
Сарчашмаи ин андеша дар таърихи фарҳанги мо, албатта, решаи пештар дорад. Бигирем, барои мисол, як байти хеле машҳури Фирдавсиро:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Ҳамон беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ин навиштор ба таври хеле фишурда дар бораи душман ва мафҳуми он аз назари Қуръон ва аз нигоҳи Қонун изҳори назар менамоем.
Муҳим будани ин мавзуъву мубрам будани ин масъаларо ба чанд далел шарҳ медиҳем:
Аввалан, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди дини мубини ислом ҳастанд ва мусулмонони ватандӯсту муъминони меҳанпараст ба арзишҳои миллӣ ҳам аз равзанаи суннатҳои инсонгароёна ва арзишҳои созандаи эътиқодӣ назар меафкананд.
Дуюм, суханронии таърихии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони дин барои соҳибватанон ин гиреҳро кушоданд, ки дарки мо аз ислом ниҳоят сатҳӣ ва фаҳми мо аз Қуръон ба андозае кунд аст, ки аз нодонӣ онро силоҳе ба дасти мутаассибони худхоҳу муллоҳои худпараст додем ва ба он васила мардумро дар дасти худ бозича қарор доданд ва дар фурсатҳои лозима ин шуъбадабозон ба ғарази шахсии худ ва нафъи муштариёни чи дохиливу чи хориҷии худ аз он истифода менамуданд.
Сеюм, Сарвари мамлакат огоҳона ва дурандешона дар ин Суханронии худ чанд ояту ҳадисро ёдовар шуданд ва бо ин амалашон мусулмононро муътақид сохта буданд, ки Қуръони шариф ду чеҳра дорад: чеҳрае, ки муллоёну мазҳабиён ба хотири амалӣ сохтани андешаи шахсиву муғризонааш ошкор месозанду ҷудоиандозӣ пеша месозанд ва чеҳрае, ки аҳли фаҳму дарку биниш барои пеш бурдани ҷомеа онро ҳувайдо месозанду даъват ба ваҳдату иттиҳод мекунанд.
Агар савол шавад, ки чаро ба ин мавзуъ таваҷҷуҳатонро ҷалб намудем ва дар тарбияи ватандӯстӣ чӣ нақше дошта метавонад, боз ду масъалаи дигарро низ бояд аз мадди назарамон дур насозем:
Якум, ватандӯстӣ дастрастарин навъи диндорӣ аст, ва
Дувум, се душмани оштинопазири ватандӯстиро бояд ҷудо кард ва шинохт: нодонӣ, худхоҳӣ ва хиёнат.
Пас, бо қабули андешаи мусулмонии 100 фоизаи мардуми тоҷик ва омехтагии таърихии фарҳанги милливу мазҳабӣ мавзуъҳои тарбиявию ахлоқиро ҳамеша бояд аз ин ду зовия баррасӣ карду хулосаи мантиқӣ баровард.
Вақте ки мо дар бораи ин сухан мекунем, ки душмани инсон ва инсоният кӣ аст, пас, пештар аз ин бояд фаҳмид, ки инсон кӣ аст ва инсони комил чӣ тоифаест?!
Аз назари қонуни дунявият басанда аст, то сухани А.П.Чеховро ба ёд биёварем. Яъне: «В человеке всё должно быть прекрасно: и лицо, и одежда и душа, и мысли…». Яъне, инсон бояд чеҳраи зебои инсонӣ дошта бошад, либоси тозаву озода, рӯҳи болида ва андешаву афкори нафърасону фоидаовар ва дар тобеияти ин хел инсон ҷомеа камол меёбаду инсоният комил мегардад.
Дар Қуръони шариф ҳам мартаба дода шудааст ба соҳибони имону толибони илм: «Худо ононеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад» (Сураи Муҷодала, ояи 17).
Пас, чун сурату сират, зоҳиру ботини инсони асилро кашф кардем, муҳим аст, ки мухолифони инсонро ҳам шинохт, то дар қайду доми онҳо наафтем.
Дар Қуръон панҷ навъи душман муаррифӣ шудааст:
1.Шайтон - душмани имони инсон аст. «Шайтон душмани шумо аст, пас ӯро душман бидонед» (Фотир, 6).
Шайтон кист? Нофармону саркаш дар олами осмонӣ ва дурӯяву кинавару бадандеш дар олами инсонӣ. Он аст, ки дар майдони ваҳдат дугӯиву дуҷӯӣ мекунад. Хатарноктарин афрод дурӯяҳо ҳастанд ва дар нозуктарин фурсат корд аз пушт мезананд. Ба ин нафарҳо набояд дар ягон вазъияту дар ягон маврид эътимод баст ва онҳоро душман шинохт, душмани ашаддӣ. Пардаи инсонӣ дар чеҳраи асили шайтонии онҳо кашида шудааст, шинохтанашон ниҳоят мушкил аст. Аммо барои амнияти миллат онҳоро бояд ошкор сохту аз майдони истиқлол решакан кард.
2.Мушрикон - душмантарини душманон. «Ба таври мусаллам мушриконро душмантарин мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт» (Моида, 82).
Дар дунёи динӣ инҳо ҷоҳилону гумроҳонанд, ки барои Худо ҳам шарик мекобанд ва дар дунёи воқеӣ шубҳаафканону фитнаангезон, ки дар дили мардум нисбат ба ҳақиқат шубҳа меафкананд ва манбаи ошӯбу шӯру шаранд. Ин тоифаи фитнагарону фитнаамалону фитназоон маҳкум ба ҷазои сазоворанд. Ва ҳатто оятест дар бораи онҳо, ки «фитна ангехтан аз куштор бадтар аст».
3.Мунофиқон. Дар ислом инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳарчанд мусулмонанд, аммо дорои бемории қалбианд ва нисбат ба аҳком ва шариат шакку тардид доранд. «Дар дилҳои онҳо як навъи беморӣ аст…» (Бақара, 10).
Дар корҳои динӣ инҳо ҳарчанд мегӯянд, ки имон овардаем, аммо дурӯғ мегӯянд ва дар корҳои дунявӣ одамонеанд мисли мушрикин дурӯя. Инҳоро дар сиёсати амнияти имрӯза рақибони пасипардагӣ меноманд. Ҳамеша интизори фурсати муносиб барои амалӣ сохтани амалҳои нопокаш ҳастанд.
4.Кофирон. Инҳо аз назари имонӣ монеа дар баробари ҳаракати тавҳидии мусулмонон ва аз нигоҳи илмӣ хурофотиёнеанд дар муқобили ҷараёни донишҳои замонавӣ.
Ҳар кӣ дар доми хурофотиён ғалтид, соҳиби дарду осебу зиён гардид. Инҳо гумроҳону нодононе ҳастанд, ки озорҳову офатҳои ҷон аз онҳо хезанд. Саноӣ беҳуда нагуфта буд:
Дӯстият мабод бо нодон,
Ки бувад дӯсти-ш офати ҷон.
Носири Хусрав тамоми умр аз онҳо озори ҷон диду теғи қалам бар чеҳраи дурӯғини онҳо кашид:
Аз ӯ машнав суханҳои хурофот,
К-аз он ояд туро дар охир офот, -
гуфта буд Носири Хусрав. Яъне, касе, ки ба суханҳои онҳо эътимод овард, худро соҳиби давлати офат кард.
Ҷомии ширинкалом мегӯяд, ки дари забонатро аз гуфтани суханҳои хурофотӣ бубанду дар равзанаи гӯшат аз шунидани каломи хурофотиёни оварандазиён пунба зан, зеро дар акси ҳол оқибат мубталои мамлакати офат мегардӣ:
Забон дарбанд дигар з-ин хурофот,
Биҷунб аз ҷо, ки «фиттаъхир офот».
Мубориза бар зидди инҳо аз он ҷиҳат мушкил аст, ки хурофотиён беш аз 1500-2000 сол тори анкабути андешаашро дар тамоми дунё, махсусан дунёи мусулмонӣ танидаанд ва чунон офияткуш шудаанд, ки мусулмонони мутаассиб ҷуз парастиши сеҳрвориҳои онҳо дигар ҷӯёи сарчашмаи офиятхоҳ нестанд.
Хурофотиён душмани рушд ҳастанд. Рушд се маъно дорад: тараққӣ, роҳи рост ва ҳушёриву зиракӣ. Тамоми сиёсати инсонгароёнаву маърифатҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат дар гирди ин се истилоҳ - инкишофу тараққӣ, роҳи росту дурусти зиндагӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ чарх мезанад. Пас, хурофотпарастон зидди ҳамин сиёсат ҳастанд ва ба душмани дирӯзу имрӯзу фардои миллату давлат будани онҳо шакку тардиде намемонад.
Ҳар як оёти қуръонӣ эълони ҷанг аст ба муқобили зиндагии мутаассибонаву хурофотонаи асри шаши мардуми араб: ҷанг зидди хурофот, ҷанг зидди беахлоқӣ, ҷанг зидди нобаробарии иҷтимоӣ, ҷанг зидди нобаробарии ҷинсӣ, ҷанг зидди беадолатӣ, аммо агар мо барои ҳалли мушкилоти ҳаёти имрӯза бо кушодани равзанаи асри ҷоҳилият ба хонаи ҳастӣ қаноат варзем, боз ҳам ба нодонии худ тан медиҳем ва дар баробари хурофот таслим шудаем.
Ба як мисоли кучак қаноат меварзем. Шумо кадом муллову домуллову халифае дидаед, ки барои ҳалли иллати аҳле пешаш рафта бошеду вай ин оятро барои шумо гуфта бошад: «Ба Парвардигори субҳ паноҳ мегирам … аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда; ва аз бадии ҳасуд, чун ҳасад барад» (Фалақ, 4-5). Ягон вақт дар ёдатон ҳаст, ки пеши муллое барои дилгармиву дилсардӣ, барои бахти забуну толеи вожгун рафтаеду ӯ гуфта бошад, ки ин коратон куфр асту беимонӣ, зеро Худованд мот гашт худ з-ин хурофот ва фармуда, ки «паноҳ мегирам аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда». Неа, намегӯяд, ба ҳазор сол намегӯяд. Чаро? Зарбулмасали хуби халқӣ дорем: Иллат биравад, валек одат наравад. Одати ба фиреб соҳиби фоидаи муфт шудан лаззату ҳаловате дорад, ки дигар натавон аз он парҳез кард ва дигар барои ӯ бо меҳнат фоида гирифтан баробар аст ба хӯроки парҳезона хӯрдан.
5.Баъзе аз ҳамсарон ва фарзандон. «Эй муъминон, ба дурустӣ ки баъзе занонатон ва баъзе фарзандонатон шуморо душманонанд, пас, аз онҳо битарсед» (Тағобун, 14).
Аз як назар фикр мекунӣ, ки наход зан ва фарзанд душман мешудастанд, аз нигоҳи дигар, боз дилатро пур мегирӣ, ки «в семье не без урода», панҷ ангушт баробар нест, ҳар хонае бе бадафту хунукбашара намешавад. Аммо ин ҷо ҳикмате нуҳуфтааст. Тамоми бадбахтии мардуми мусулмон, махсусан миллати тоҷик дар ба никоҳ даровардани чанд зан ва аз ҳар зан таваллуд кардани чандин фарзанд оғоз меёбад. Бе тарбияи падар калон шудани фарзандон, тақсими нобаробари вақту амвол, риоя нашудани адолат, шурӯи ноилоҷиву беинсофӣ, оғози бадбиниву бадгумониву бадгӯӣ охируламр пунбаи кину адоват нисбат ба падар оташ мегирад, оташи ҷонсӯз. Падар як роҳ дорад: ба қамчини тарсафканӣ зану фарзандро дар чаҳорчӯбаи оёту аҳодис ва суннат нигоҳ медорад, аммо нигоҳдорӣ дер давом намекунад ва аз ин тоифаи зану фарзанд оқибат хусумату душмании сахт хезад, гули вафодории зан пажмурда ва дарахти муҳаббати фарзанд хурда мегардад. Инҳоро душманони дарунхонагӣ мегӯянд, заҳри кину интиқому қассосгириаш ниҳоят хатарзо аст, на танҳо барои як оила, балки барои кулли ҷомеа. Ба қавли Аҳмади Дониши бузургвор:
Кина ба ҳар сина, ки бинҳод рахт,
Дил шавадаш аз паи озор сахт.
Суханамро кӯтоҳ мекунам ва бо каломи Пешвои миллат ҷамъбаст менамоям, ки гуфтаанд: «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар».
Худованд ҳам дар Қуръон сурае дорад бо номи сураи Нос (Мардум) ва дар он мефармояд, ки «Ба Парвардигори мардум паноҳ мегирам,
ба Подшоҳи мардум,
ба Худои мардум,
аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда,
он, ки дар синаҳои мардум васваса меафканад,
аз ҷинниён бошад ё аз мардум» (ояҳои 1-6).
Бешак, ба Худои мардум эътиқод дорем ва ба Пешвои мардум эътимод!